Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳоле ки сокинони Тоҷикистон аз истифодаи кортҳои пластикии бонкӣ то кунун таҷрибаи чандон хуше надоранд, қарор аст, пардохт бо чунин кортҳо густариши бештар пайдо кунад.

Онҳое ки дар Тоҷикистон моҳонаи худро аз тариқи кортҳои бонкӣ мегиранд, аз ин шеваи муомилоти молӣ хушнуд нестанд ва ба пули нақд бартарӣ медиҳанд.

Саидалӣ Назаров, як сокини кӯҳансоли Душанберо субҳи 5-уми март дар назди бонкомати «Амонатбонк» дар маҳаллаи 82-уюм дидам, ки ноумед ба назар мерасид. Ӯ гуфт: «Бори севум аст, ки ба ин ҷо меоям, пул нест, мегӯяд. Аммо ҳоло ба ман маъқул нашуд ин тарзи нафақагирӣ. Ҳамон усули пештара хуб буд.» Бобои Саидалӣ меафзояд, аз ду сар дар бозору фурӯшгоҳҳои арзоне, ки вай барои оилаи худаш молу маҳсулот мехарад, ин корти бонкӣ аслан ба кор намеравад ва ӯ маҷбур аст аз банкомат ҳамаи нафақаашро гирифта, бо пули нақд савдо кунад.

Аммо ҳукумати Тоҷикистон ҳоло тарҳи қарореро омода кардааст, ки дар сурати тасвибаш кортҳои бонкиро барои бобои Саидалӣ барин дорандагони он ба маротиб муфидтар хоҳад сохт.

Дар лоиҳаи ин қарор, ки нусхааш дар ихтиёри Озодӣ низ ҳаст, гуфта мешавад, ширкатҳои хусусӣ ва ниҳодҳои давлатии шаҳри Душанбе ва Хуҷанд бояд то охири моҳи сентябри соли равон ба қабули кортҳои бонкӣ омода шаванд. Аммо мӯҳлати иҷрои ин тақозо барои шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ то охири сол муқаррар шудааст.

Дар лоиҳаи ин қарор гуфта мешавад, нуқтаҳои хариди чиптаи ҳавопаймову роҳи оҳан ва нақлиёти заминӣ, қабули андоз, боҷи гумрукӣ, дорухонаву тарабхонаҳо ва табобатгоҳҳои хусусӣ бояд бо таҷҳизоти махсус муҷаҳҳаз карда шаванд, то ки сокинон имкон дошта бошанд, ки маблағро аз корти бонкии худ пардозанд. Ҳамчунин ин қарор ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва мағозаҳое, ки гардиши савдояшон аз 100 ҳазор сомонӣ ва ё масоҳаташон аз 40 метри мураббаъ бештар аст, дахл дорад.

Коршиносон ва иқтисоддонҳо дар ин иқдоми нави ҳукумат ҳам ҷанбаи мусбат ва ҳам манфиро мебинанд.

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд аз як сӯ, ҷорӣ кардани пардохтҳои ғайринақдӣ тариқи кортҳои бонкӣ ба манфиати давлат аст, зеро мизони «иқтисоди пасипардаӣ»-ро пойин бурда, имкони гурез аз пардохти андозро коҳиш медиҳад: «Аммо аз сӯи дигар, ин як сарбории иловагӣ бар сари соҳибкорон хоҳад буд. Таҷҳизоти қабули пулҳои ғайринақдӣ гарон аст ва тоҷирон муваззаф нестанд, ки худашон ин системаро роҳандозӣ кунанд. Бигзор он ташкилотҳое, ки аз фаъол шудани ин система фоида мебинанд, ба монанди бонкҳо, ингуна таҷҳизотро дар фурӯшгоҳҳо насб кунанд, на соҳибкорон. Худи соҳибкоронро барои насб кардани чунин система маҷбур кардан чандон дуруст нест.»

Бино бар тозатарин гузориши Бонки миллии Тоҷикистон, аз 8 миллион аҳолии кишвар ҳоло танҳо каме беш аз 761 ҳазор нафар соҳиби кортҳои бонкӣ ҳастанд. Аммо нуқтаҳои терминали пардохт дар фурӯшгоҳҳову маконҳои хизматрасонӣ хеле каманд, ки имкони истифодаи кортҳоро маҳдуд мекунанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳоло дар Тоҷикистон 343 терминали қабули пардохтҳои ғайринақдӣ дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ вуҷуд дораду халос.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG