Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон, ки зоҳиран ҳеҷ наметавонанд давое барои ҷилавгирӣ аз афзоиши талоқ пайдо кунанд, ҳамакнун мавзӯи ҳатмӣ кардани аҳдномаи никоҳ ва ба ин васила қонунӣ кардани маҳри арӯс рӯ задааст.

Кумитаи кор бо занон мегӯяд, шаҳрвандони зиёде пешниҳод мекунанд, ки ба хотири пешгирӣ аз афзоиши талоқ аҳдномаи никоҳ дар кишвар ҳатмӣ карда шавад. Ҳоло ин шарт танҳо барои хориҷиён ҳангоми издивоҷи онҳо бо шаҳрвандони Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон рӯзи 26 январ дар нишасти хабарии худ гуфт, зимни мулоқоту сӯҳбатҳо бо сокинони кишвар аксарият мавзӯи ҳатмӣ кардани аҳдномаи никоҳро матраҳ карда, ин амрро як роҳи ҷилавгирӣ аз фурӯпошии хонавода ва беҳаққу ҳуқуқ дар кӯча мондани занону кӯдакон меноманд.

Аммо хонум Хидирзода мегӯяд, ин як масъалаи ҷиддист ва бояд қаблан омӯхта шавад: “Ҳамин аҳдномаи никоҳро аксарият ҳамчун як намуди маҳр медонанд ва дар сӯҳбат бо мо бисёр мегуфтанд, ки ин ҳатмӣ карда шавад. Ман фикр мекунам, ин масъалаест, ки бояд қаблан афкори ҷомеаро омӯхт. Аз як сӯ, албатта қонунгузорӣ ба мо ин иҷозаро додааст, аммо то куҷо онро мо метавонем дар амал истифода кунем, ин паҳлӯи дигари масъала аст. Ин масъала омӯзиши амиқу ҷиддиро талаб мекунад.”

Пешниҳодҳо дар мавриди ҳатмӣ кардани аҳдномаи никоҳ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки бархе аз таҳлилгарон мавзӯи қонунӣ кардани маҳри арӯсиро ҳам, ба ҳайси яке аз чунин роҳҳо матраҳ мекунанд. Аммо Махфират Хидирзода мегӯяд, муайян кардани маҳр, ба низоми давлатдории Тоҷикистон мувофиқ нест.

​Дар зимн, масъалаи ҳатмӣ кардани аҳдномаи никоҳ, бори аввал нест, сари забонҳо мешавад. Соли 2010 айнан бо чунин пешниҳод раҳбари вақти кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар Хайринисо Юсуфӣ ба мақомот ва порлумони кишвар муроҷиат карда буд. Вай он замон бо ишора ба занони танфурӯш гуфта буд, аксари онҳо баъди талоқ аз шавҳарони худ аз ҳаққи моликият маҳрум шуда, бидуни сарпарасту манзил дар кӯча мондаанд ва вазъи свахти иҷтимоӣ онҳоро ба роҳи бад бурдааст.

Хайринисо Юсуфӣ

Хайринисо Юсуфӣ

Хайринисо Юсуфӣ, ки акнун вакили порлумон аст, мегӯяд, ин пешниҳод он замон ҷиддӣ баррасӣ нашуд, вале ӯ ҳамоно бар ин аст, ки масъаларо дигарбора дар порлумон ба миён гузорад: “Ба ҳар сурат ман фикр мекунам, барои пешгирии хонавайрониҳо ин метавонад садди роҳ шавад. Албатта, норозиҳо ҳам шояд зиёд бошанд ва ман ҳам мефаҳмам, ки имрӯз, занони маккор ҳам кам нестанд ва метавонанд бо истифода аз он шарту талаботи зиёде гузоранд, вале мо бояд ин корро тавре ба роҳ монем, ки ҳам ба манифати занон бошад ва ҳам мардон.”

Аҳдномаи никоҳ қарордодест, ки ҳуқуқ ва вазифаҳои ду тарафро ҳангоми издивоҷ ва талоқ муқаррар мекунад. Соли 2011 бино бар илова ба Қонуни оилаи Тоҷикистон таҳия ва имзо шудани он ҳангоми никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо хориҷиён ҳатмӣ шуд. Ҳарчанд он барои издивоҷи байниҳамии шаҳрвандони Тоҷикистон низ тавсия мешавад, аммо ихтиёрӣ аст ва аҳёнан истифода мешавад.

Бино бар гузориши ЗАГС- раёсати сабти асноди шаҳрвандӣ, ҳар сол ҳамагӣ 3 ё 4 шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси аҳдномаи никоҳ издивоҷ мекунанд. Он ҳам аксаран аз ҷониби заноне талаб мешудааст, ки як бор хонавайрон шудаву бо фарзандони худ бесарпаноҳ мондаанд ва ба хотири аз буда бадтар накардани зиндагии худ, рӯ ба ин санад меоранд.

Аммо на ҳама ҳатмӣ кардани аҳдномаи никоҳро чун роҳи муассири ҳифзи ҳуқуқи занону фарзандон медонанд. Чунки он танҳо дар сурати саби расмии никоҳ бақо дошта метавонад ва имрӯз асосан ҳаққи онҳое поймол мешавад, ки бо никоҳи мусулмонӣ иктифо кардаанд. Чунин издивоҷҳо дар кишвар зиёданд.

Коршинос Юсуф Маҳмадов мегӯяд, ҳатмӣ кардани шартнома ба сари худ наметавонад мушкили фурӯпошии хонаводаҳо ё бемеросу бидуни сарпаноҳ мондани занҳоро баъд аз ҷудошавӣ ҳал кунад. Ин шартнома, ба қавли ӯ, метавонад то ҷое озодиҳои мардумро ҳам маҳдуд кунад.

Ӯ меафзояд: “Албатта, ин ба манфиати мардум аст, аммо бубинед, ҳатто ҳамин ба қайдгирии ақди никоҳро ҳам ҳуқуқ доранд одамон. Масалан ман худам ду писар дорам, агар тарафи духтардор чунин пешниҳод мекард, ман хафа мешудам, аввал ин,ки мо фақат ба нияти ободӣ мехоҳем оила бунёд кунем. Фикр мекунам, агар ҳатмӣ шавад ин норозигии бисёриҳоро ба миён меорад. Ва масъалаи оиладоршавиро мушкил ва ҳатто кам мекунем. Чун аксари ҷавонон, ки ҳоло оиладор мешаванд аз нигоҳи иқтисодӣ мустақил нестанд.”

Вале Азиза Паллаева, як зани 30-солаи тоҷик, ки бо 3 фарзанди хурдсол аз хонаи шавҳар берун карда шудааст, мегӯяд, агар қаблан аз вуҷуди чунин як санаде дар қонуни кишвар огоҳ мебуд ҳатман аз он истифода мекард.

Вай мефзояд, “8 сол қабл никоҳи расмӣ карда, оиладор шудам. Шавҳарам соҳиби хонаву ҳама чӣ буд. Аммо баъдан нашъаманд шуду зиндагӣ бо вай мушкил шуд. Бо се кӯдак ҷудо шудам, вале бо вуҷуди талошу даводавҳоям натавонистам ягон зарра ҳаққи худро бигирам. Барои ин пул даркор буд, баъдан хонаи шавҳарамро ҳам ба номи аппааш карда буданду вайро ҳам гурезонда, ба Русия бурданд. Хулоса, бо 3 кӯдак дар хонаи падару модарам зиндагӣ дорам. Агар он вақт медонистам, ки чунин як қарордод ҳаст, шояд истифода мекардам, ҳарчанд ҳамааш аз инсофи худи одам вобастааст.”

Танҳо дар як соли ахир дар Тоҷикистон беш аз 9 ҳазор зан мисли мусоҳиби мо Азиза аз ҳамсарони худ талоқ гирифтаанд ва ин назар ба як сол аз он пеш 1000 маврид бештар будааст. Кумитаи кор бо занон ҳам бо анҷоми як пажӯҳиш коста будани фарҳанги оиладорӣ ва хушунат дар хонаводаро аз омилҳои аслии фурӯпошии хонаводаҳо арзёбӣ кардааст.

Айни видео дар Ютуб:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG