Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пулканӣ"-и ҷангалбонон аз сайёҳони хориҷӣ


Намое аз Искандаркӯл
Намое аз Искандаркӯл

Сайёҳони хориҷӣ мегӯянд, ҷангалбонҳои тоҷик дар масирҳои ҳаракати сайёҳон "посгоҳ"-ҳои махсуси худро гузошта, аз сайёҳон "ҷангалпулӣ" талаб мекунанд. Идораи ҷангал мегӯяд, ин пул қонунист ва ба буҷаи давлат меравад,

Бархе аз сайёҳони хориҷӣ аз «ҷангалпулӣ» супурдан сари ҳар қадам дар кӯҳистони Тоҷикистон шиква мекунанд. Ин сайёҳон мегӯянд, ҷангалбонҳои тоҷик бо пурсидани «ҷангалпулӣ» баъзан монеъи сайёҳати онҳо мешаванд.

Роберт Маркус, сайёҳ аз Латвия, ки ҳамроҳ бо 5 тани дигар барои сайёҳат чанд муддат ба водии Зарафшон омадааст, дар як тамос ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд онҳо тамоми хароҷотро ба ширкатҳои сайёҳӣ месупоранд, аммо боз то маблағе барои ҷангалбонҳо надиҳанд, ба онҳо иҷозаи ҳаракат намедиҳанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло дар водии Зарафшон сари ҳар қадам ба дидбонгоҳҳои ҷангалбонҳо вохӯрдан мумкин аст, ки ҳадафи аслиашон ситонидани «ҷангалпулӣ» аст. Ӯ мегӯяд, дар ҳар дидбонгоҳи ҷангалбонҳо ҳар гуна - аз 5 то 20 долари амрикоӣ - талаб мекунанд, вале бар ивазаш ҳеҷ санаде намедиҳанд. Бино бар ин боз пас аз чанде ин ҳолат дар дидбонгоҳи дигар такрор мешавад.

Роберт Маркус афзуд: «Дар дигар кишварҳо як миқдор маблағ ба ширкатҳои сайёҳӣ супурда мешавад ва дигар касе ба сайёҳ кор надорад. Тоҷикистон воқеан манзараҳои зебо дорад, аммо агар масъулин хоҳанд, ки сайёҳон боз соли дигар ҳам биоянд, набояд чунин мушкил эҷод кунанд. » Ин сайёҳ мегӯяд, бо ӯ чунин ҳолат дар роҳ ба сӯи Искандаркӯл, ки дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ҷойгир шудааст, рух додааст.

Аммо Ҳикматулло Қориев, сардори идораи ҷангали ноҳияи Айнӣ мегӯяд, рӯёнидани маблағ ҳангоми ворид шудани сайёҳон ба мавзеъҳое, ки тобеи ин идора аст, тибқи қарори 546-и ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад, аммо ӯ мегӯяд, ин маблағ як бор ва ба ҳадди камтар аз 5 сомонӣ рӯёнида мешавад. Оқои Қориев афзуд: «Ин қарор бо забонҳои русӣ ва англисӣ дар сари роҳҳо навишта шудааст. Аз ин зиёд маблағ гирифта намешавад ва ин танҳо дар ҳудуди як ноҳия як бор аз сайёҳон гирифта мешавад. Ҳоло дар ин маврид ягон сайёҳ ба мо шикоят накардааст ва мо ҳам танҳо қарори ҳукуматро иҷро мекунем ва ин пул ба буҷаи давлат супурда мешавад. »

Вале намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, чунин садгузориҳо сайёҳонро аз сайёҳат ба Тоҷикистон дилсард мекунад.

Фирдавс Тӯрақулов, як намояндаи ширкати сайёҳӣ дар Зарафшон мегӯяд, ҳарчанд, ҳукумати Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ имтиёзи зиёд додааст, аммо дар амал онҳо иҷро намешаванд. Фирдавс Тӯрақулов афзуд: «Мисли пости ГАИ ва мисли аз сарҳади давлатӣ гузаштан ҷангалбонон ҳам "пост" гузоштаанд ва мо ҳар боре ки сайёҳонро мебарем, як соат бо онҳо ҷангу ҷанҷол мекунем. Ҳарчанд ба онҳо мегӯем, ки кумитаи туризм ба мо гуфтааст, ки сайёҳон бояд чунин пул насупоранд, аммо онҳо кори худро мекунанд. Онҳо як қарор доранд, ки аз шаҳрвандони хориҷа пул гирифта шавад ва ҳамонро далел мекунанд, вале Кумитаи туризм мегӯяд, ки сайёҳон аз ҳама пардохтҳои кӯҳнавардӣ озоданд. »

Ин масъули ширкати сайёҳӣ мегӯяд, рӯз то рӯз мушкилиҳо дар самти туризм зиёд мешавад ва оморҳо сол то сол аз коҳиши шумораи сайёҳон хабар медиҳад.

Водии Зарафшон як минтақаи зебою дидании Тоҷикистон аст, ки ин ҷо барои ҷалби сайёҳон 11 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунад ва соле бештар аз 10 ҳазор сайёҳ барои дидани табиати зебои ин водӣ меоянд.

Аммо коршиносони соҳа дар баробари зербинои нообод набуди фарҳанги муносибати дуруст бо сайёҳони хориҷӣ ва аз ҷумла бо ҳар баҳона аз онҳо пул кандани мақомоти мухталиф дар Тоҷикистонро як мониаи умда дар роҳи рушди риштаи ҷаҳонгардӣ дар ин кишвар мешуморанд. Онҳо мегӯянд, сайёҳе ки баъди чунин "пулканӣ"-ҳо норозӣ баргашт, на фақат худаш дигар ба Тоҷикистон намеояд, балки ба бақия ҳам айни машваратро хоҳад дод.

Михал, як сайёҳи чех дар водии Зарафшон
Михал, як сайёҳи чех дар водии Зарафшон

Қарори маълум, аксари ҷаҳонгардон қабл аз азми сафари ягон кишвар дар форумҳои интернетӣ аз мардуми алакай корафтода машварат мепурсанд, ки оё раванд ё нараванд? Ваё ба рейтинги кишвар нигоҳ мекунанд, ки чанд сайёҳ баҳои мусбату чанди дигараш баҳои манфӣ гузоштааст. Ба ин далел, аксари кишварҳо андози туристро ҳангоми вурудаш ба кишвар мегиранд ва дар дохил дигар ӯро "ғам" намедиҳанд, ки ба кишвар баҳои "2" нагузорад. Дар Тоҷикистон, ба гуфтаи мусоҳибони мо, ҳанӯз ба паёмади чанд тангаи ночизе ки бо ҳар баҳона аз сайёҳ мекананд, дуруст сарфаҳм нарафтаанд.

XS
SM
MD
LG