Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 5-уми феврал дар Деҳаи олимпии кӯҳии “Роза Хутор” дар Сочи парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуд.

Дар ин маросим Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ки ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар мебошад, ширкат дошт.

Ҷаноби Неъматов тавассути телефон аз шаҳри Сочи – макони баргузории Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ - ба радиои Озодӣ чунин гуфт: “Дар маросими барафрохтани парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз чорабиниҳои муҳими Бозиҳои олимпӣ ба ҳисоб меравад, аз ҷониби кумитаи тадорукоти Олимпиадаи Сочи-2014 гимнасти машҳури Русия Алексей Немов, қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, ширкат дошт. Дар ин маросим, инчунин, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев, мудири кулли ин кумита Муҳаммадшо Абдуллоев, варзишгарони тоҷикистонӣ Алишер Қудратов ва Андрей Дригин, раҳбарияти Ҷамъияти тоҷикон дар кишвари Краснодари Русия ва бархе аз ҳамватанони мо иштирок карданд. Парчами миллии Тоҷикистон таҳти садои Суруди миллӣ дар қатори чор кишвари дигар барафрохта шуд. Тоҷикистон ба қатори 87 кишвари ширкаткунандаи ин Бозиҳои олимпӣ ворид гашт.”


Ба иттилои ҷаноби Неъматов дар Олимпиадаи Сочи аз Тоҷикистон танҳо як варзишгар – Алишер Қудратов - дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом ширкат мекунад. Вай гуфт, “лижаронҳои мо - Андрей Дригин ва Алишер Қудратов меъёрҳои муқарраршударо барои гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Сочи дар навъҳои гуногуни лижаронии кӯҳӣ ба ҷо оварда буданд. Ва тасмими охирин - додани роҳхат ба Олимпиадаи зимистона дар намуди лижаронии кӯҳӣ ба варзишгарони Тоҷикистон - дар ҷаласае, ки бо ҳузури намояндагони се ҷониб - Федератсияи байналмилалии лижаронӣ, Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи Сочи-2014 барпо гардид, гирифта шуд. Мо ҳарчанд кӯшиш кардем, ки ҳарду роҳхат бигиранд, вале бар асоси қоидаҳои мавҷуда дар як намуд – лижаронии кӯҳӣ танҳо як роҳхат дода шуд. Дар мувофиқа бо лижарони пуртаҷриба Андрей Дригин, ки Тоҷикистонро се бор дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ намояндагӣ кардааст, мо ба феҳристи иштирокчиёни Бозиҳои XXII зимистонаи Олимпӣ Алишер Қудратовро, ки барои аввалин бор меъёрҳои Олимпиро иҷро кардааст, дохил намудем. Вай, инчунин, парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон мешавад. Алишер дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом рӯзи 22-юми феврал рақобат мекунад. Ӯ муддати беш аз як ҳафта аст, ки дар Сочи ҳамроҳи Андрей Дригин бо раҳбарии мураббиён машқ мекунанд. Ва ман фикр мекунам, ки иштироки варзишгари тоҷик аввалин бор дар таърихи варзиши кишвар дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ як дастовард аст ва ба ҷавонону наврасон, ба он бачаҳое, ки дар мактаби варзишии намудҳои зимистона машқ мекунанд, нерӯю илҳоми тоза мебахшад. Ва, бешак, онҳо дар оянда ба қувваи худ бовар карда, ба мисли Алишер барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.”

Ба иттилои ҷаноби Неъматов имрӯз, 6-уми феврал, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар раъси ҳайате ба манзури ширкат дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ ба шаҳри Сочи омад. Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошад, рӯзи 7-уми феврал дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ ширкат хоҳад кард.

“Ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар ин Бозиҳо бовар дорам, ки як нерӯ мебахшад ба ҷавонони мо, инчунин, барои рушди намудҳои зимистонаи варзиш дар кишвар ва дар оянда таъмиру тармим кардани базаи лижаронӣ дар Сафеддара мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин гуфтаниам, ки дар таърихи навини ҳаракати олимпӣ Бозиҳои олимпии Сочи-2014 бо пешниҳодоти нав, бо имкононти нав метавонад ҷойгоҳи хоси худро касб кунад, ” – иброз дошт Маликшо Неъматов.

Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи аз 7-ум то 23-юми феврал баргузор мешаванд. Дар ин Олимпиада ширкати беш аз 2600 варзишгар аз 87 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Онҳо барои 98 маҷмӯи медалҳо дар 7 риштаи варзиш (биатлон, бобслей, кёрлинг, хоккей, чанаронӣ, конкитозӣ ва лижаронӣ), ки боз навъҳои худро доранд,мубориза мебаранд.

Бояд тазаккур дод, Андрей Дригин танҳо варзишгарест, ки Тоҷикистонро се бор дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2002 дар Солт-Лейк-Ситии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, соли 2006 дар Турини Италия ва соли 2010 дар Ванкувери Канада дар навъҳои мухталифи мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ кардааст.

Дар Олимпиадаи Солт-Лейк-Сити Андрей дар як намуд - супергигант ширкат кард, вале, мутаассифона, ба марра нарасид. Дар Олимпиадаи Турин бошад, вай дар се намуд иштирок дошт, ки натиҷаҳои ба даст овардааш чунинанд: нишебии босуръат - 1:59,41, ҷойи 51-ум, супергигант – 1:37,85, ҷойи 51-ум, гигантслалом – ба марра нарасид.

Дар Олимпиадаи Ванкувер низ ӯ дар се намуд иштирок дошт, ки натиҷаҳо чунинанд: нишебии босуръат - 2:04,44, ҷойи 59-ум, супергигант – 1:38,03, ҷойи 44-ум, гигантслалом –2:55,29, ҷойи 57-ум.

Алишер Қудратов бошад, соли 2010 дар Олимпиадаи Ванкувер ба ҳайси таҷрибаомӯз иштирок дошт, вале дар мусобиқот ширкат наварзидааст. Ӯ дар маросими кушоиши Бозиҳо парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон буд.
Алишер Қудратов 11-уми январи соли 1986 дар ноҳияи Варзоби Тоҷикистон ба дунё омадааст. Вай аз солҳои бачагӣ дар зодгоҳаш– Сафеддара , ки дар ин ҷо аз замони шӯравӣ урдугоҳи лижаронӣ мавҷуд аст, тамрин мекунад. Ӯ дар тӯли як моҳи ахир дар чор мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Эрон ва дар ду мусобиқаи интихобӣ дар Туркия иштирок карда, меъёрҳои муқарраршударо дар лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом барои гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Сочи-2014 иҷро кардааст.

Алишер соли 2011 дар Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъи супергигант дар байни 24 нафар ҷойи 11-ум ва дар навъи Super Combined Slalom ҷойи 15-умро гирифта буд.
Бояд гуфт, ки дар Олимпиадаи Сочи аз 55 варзишгаре, ки кишварҳои Осиёи Марказиро намояндагӣ мекунанд, 50 нафарашон аз Қазоқистон, 3 нафар аз Узбакистон ва якнафарӣ аз Қирғизистону Тоҷикистон мебошанд.

Парчамбардорони ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Олимпиадаҳои зимистона:
Соли 2002, Солт-Лейк-Сити, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Ғаффор Мирзоев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Соли 2006, Турин, Италия
Баҳрулло Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Соли 2010, Ванкувер, Канада
Алишер Қудратов, варзишгар.
Соли 2014, Сочи, Русия
Алишер Қудратов, варзишгар.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG