Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Оҳан: Музокирот барои бозкушоии қитъаи Амузанг идома дорад


Масъулони ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, ки дар сурати мувофиқати Узбакистон, омода ҳастанд, ки қитъаи роҳи оҳани Амузангро тармим намоянд. Ширкати Роҳи оҳани Узбакистон дар соли 2011 қисмате аз роҳи оҳани худро дар минтақаи Амузанг-Тирмиз хароб кард ва ин ноҳияҳои қисмати ҷанубии Тоҷикистонро бо мушкилоти ҳамлу нақли молу коло рӯбарӯ кард.

Усмон Қаландарзода, муовини раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон рӯзи 24 январ зимни нишасти гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ин масъала бо мақомоти Узбакистон дар миёни гузошта шудааст ва онҳо интизори посухи Тошканд мебошанд. Ҷаноби Қаландарзода афзуд, ки ин масоил дар музокироти ҳайатҳои ду кишвар дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуда буданд ва ҳоло дар сатҳи мақомоти ширкатҳои роҳи оҳани ду, кишвар идома дорад.

Дар зимн, баъд аз он ки Роҳи оҳани Узбакистон дар соли 2011 қисмате аз роҳи оҳани худро дар минтақаи Амузанг-Термиз хароб кард, ноҳияҳои қисмати ҷанубии Тоҷикистон бо мушкилоти ҳамлу нақли молу коло рӯбарӯ шуданд ва нархи анвои маҳсулоти воридотӣ дар ин минтақа низ ба маротиб боло рафт. Баъд аз ним соли тахриби ин роҳ масъулони вилояти Хатлон гуфта буданд, ки танҳо аз ҳисоби боҷи гумрукӣ беш аз 45 миллион доллар ба иқтисоди ин минтақа зиён ворид шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон пас аз қатъ шудани равуои қатораҳо тариқи Амузанг-Хатлон, панҷ соли пеш дар соли 2012 ҷиҳати пайвастани қитъаи роҳи оҳани ҷануб бо марказ – ба сохтани роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб иқдом кард. Ҳамакнун роҳи оҳани мазкур ҳам барои мусофиркашонӣ ва ҳам барои боркашонӣ истифода мешавад. Роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон яке аз қисматҳои ин роҳи оҳан аст.

XS
SM
MD
LG