Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафорат: Гунаҳкорони марги Умаралӣ бояд ҷазо бигиранд


Муҳаммади Эгамзод - дар нишасти "Регнум"

Муҳаммади Эгамзод - дар нишасти "Регнум"

Намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, афроди гунаҳкор дар марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров бояд сарфи назар аз мақомашон ҷазо бигиранд.

Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод рӯзи 19 ноябр дар Маскав гуфт, “афроди гунаҳкор дар марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров бояд сарфи назар аз он ки дар тан формаи пулис ё хилъати табибӣ доштанд, бо тамоми қатъияти қонун ҷазо дода шаванд.” Муҳаммади Эгамзод ин ҳарфҳоро дар як нишасти хабарӣ дар хабаргузории “Регнум” баён кардааст.

Дар ин нишаст ҳамчунин ҳомиёни ҳуқуқ ва табибоне, ки фарзияи расмии иллати марги Умаралӣ Назаровро зери шубҳа гузоштаанд, низ ширкат карданд. Мавзӯи нишаст мавридҳои маргҳои мармузи кӯдакони хурдсол дар боздоштгоҳҳост ва як бахши асосиаш ба қазияи марги тифли тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург бахшида шудааст.

Умаралӣ Назаров шаби 14 октябр дар бемористони Тсимбалинаи шаҳри Санкт-Петербург, баъди онки дар пайи боздошти модараш Зарина Юнусова ӯро аз модараш ҷудо карданд, даргузашт.

Ҳамон рӯз додгоҳи Петербург ҳукми ихроҷи Зарина Юнусова ба далели вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русияро содир кард.

Дар қиболи марги ин тифли тоҷик мақомоти Русия парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Аммо ҷанозаи ӯро модараш Зарина Юнусова рӯзи 16 ноябр ба Тоҷикистон овард ва Умаралӣ Назаровро ҳамон рӯз дар ноҳияи Файзобод ба хок супурданд.

Бино ба натиҷаҳои эълоншудаи ташхиси тиббиву додгоҳӣ, Умаралӣ Назаров гӯё бар асари вируси тситомегалӣ фавтидааст. Аммо ин фарзияро бисёриҳо, аз ҷумла наздикони ин тифл ва табибони дигар, бо шумули докторанти як пажӯҳишгоҳи тиббии Маскав Фарида Буранова зери суол бурдаанд.

Умаралӣ Назаров

Умаралӣ Назаров

Марги Умаралӣ Назаров мавҷи то кунун бесобиқаи эътирозу маҳкумиятҳо дар Русия ва дар Тоҷикистонро ба бор овард. Бо талаби таҳқиқи одилонаи ин қазия ва ба муҷозот кашондани гунаҳкорон мақомоти баландпояи ҳарду кишвар, бо шумули раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳарду маҷлиси парлумони ин кишвар Шукурҷон Зуҳуров ва Муҳаммадсаид Убайдуллоев, сарвазири Русия Дмитрий Медведев, вакили Шӯрои Федеросиюн Елена Мизулина, як гурӯҳи вакилони маҷлиси шаҳри Санкт-Петербург ва даҳҳо тан аз намояндагони шинохтаи ҷомиаи шаҳрвандии ҳарду кишвар изҳори назар кардаанд.

Шӯрои Федеросиюн – маҷлиси болоии парлумони Русия – рӯзи 18 ноябр марги Умаралӣ Назаровро “ҳодисае даҳшатовар” номида, гуфт, ҷараёни таҳқиқи парвандаи марги ин тифли тоҷикро таҳти назорати худ мегирад. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков низ қаблан гуфта буд, ки Владимир Путин ҳам аз ҷараёни ин қазия огоҳ аст, вале он ҳанӯз дахолати мустақими раҳбари аввали Русияро талаб намекунад.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ихроҷи модари Умаралӣ Назаров бо вуҷуди пойфишориҳои онҳо, эҳтимоли одилона ва то охир таҳқиқ шудани ин қазия ва ба ҷавобгарӣ кашондани омилони марги ин кӯдаки тоҷикро камтар мекунад.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, беш аз 1 миллион аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 тан аз муҳоҷирони тоҷик бо иллатҳои мухталиф вафот мекунанд. Дар як соли охир дар бораи дастикам 5 мавриди ба таври мармуз ва баъди боздошт даргузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия гузориш шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG