Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳисобу китоби қарзҳои "Барқи Тоҷик"-ро ба Бонки ҷаҳонӣ месупоранд


Дар ҳоле ки қарзҳои ширкати «Барқи Тоҷик» аз нерӯгоҳҳо, ба истилоҳ “шӯҳраи олам” шуда, ба куҷо рафтани даромади онро ҳар кас ҳар гуна ҳадс мезанад, қарор аст, қарзҳои ин ширкати давлатӣ бо мадади Бонки ҷаҳонӣ ҳисобу китоб шавад.

Аудит ё бозрасии қарзҳои «Барқи Тоҷик» дар ҳолест, ки ин ширкат бузургтарин муассисаи қарздори Тоҷикистон ба шумор меояд. Бино ба иттилои расмӣ, қарзи дебитории «Барқи тоҷик» 884 миллион сомониро ташкил мекунад ва бузургтарин қарздорҳояш корхонаҳои хоҷагии об (246, 7 млн. сомонӣ), корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ (54,3 млн. сомонӣ) ва аҳолӣ (342, 6 млн. сомонӣ) ба ҳисоб мераванд.

Муҳаммадамин Аминов, сарвари Гурӯҳи татбиқи кам кардани талафоти нерӯи барқи «Барқи Тоҷик» гуфт, ин аудит аз сӯи ширкатҳои хориҷӣ ва ба пояи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ анҷом мешавад.

Муҳаммадамин Аминов

Муҳаммадамин Аминов

Вай афзуд, «Барқи Тоҷик» 1, 5 миллион муштарӣ дорад ва дар давоми ин бозрасӣ ҳам қарзҳои ширкат аз дигарон ва ҳам қарзи дигар дар назди ширкат баҳогузорӣ мешаванд: «Қарзи дебиторӣ ва кредитории ҳар як муштарӣ бояд муайян карда шавад. Аудит бояд то охири соли 2014 ба анҷом расад. Чор ширкати байнулмилалии беҳтарин аз сӯи бонкҳои сармоягузор ба аудит ҷалб шудаанд. Маблағи аудитро Бонки ҷаҳонӣ пардохт мекунад.»

Дар ҳамин ҳол, як рӯз қабл Абдулфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон қарзҳои дебитории мардум аз «Барқи Тоҷик»-ро таҳти шубҳа гузошт. Вай гуфт, дар натиҷаи тафтиши 400 корхона дар саросари кишвар маълум шудааст, ки нозирони «Барқи Тоҷик» маблағҳои бузургро аз корхонаҳои саноатӣ гирифта, қарзҳои онҳоро ба сари аҳолӣ бор кардаанд: «Ин танҳо дар пайи санҷиши як идораи мост. Бахусус дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣРӯдакӣ, Шаҳринав, Ҳисор, бештар ноҳияҳои саноатӣ, ин гуна маворид зиёданд. Танҳо дар «Шабакаҳои барқи Душанбе» бештар аз 100 миллион сомонӣ ба сари аҳолӣ изофанависӣ кардаанд. 5 маротиба зиёд! Гӯё аҳолӣ қарздор аст ва инро дар ҳисоботҳои ҷориашон нишон додаанд, ки гӯё аҳолӣ истифода кардаасту ҳаққи барқро насупоридааст.»

Масъулони «Барқи Тоҷик» мавҷудияти ин гуна мавридҳоро рад намекунанд. Алихон Шарифов, сармуҳандиси раёсати фурӯши барқи ширкат мегӯяд, аз моҳи июли соли 2013 раёсати фурӯши барқ мустақил шуд ва то ин замон 17 нозираш 360 санади қонунвайронкунии нозирони қатории барқро тартиб додаанд: «Ин кори ҳаррӯзаи мо аст, ки бо нозирони худ кор барем. Бекор нанишастаем. Шояд байни 3 060 нозир дар саросари ҷумҳурӣ ҳастанд 1, 10 ё 20 нозири бевиҷдон. Онҳоро мо ҷазои интизомиву маъмурӣ медиҳем.»

Бино ба иттилоъи «Барқи Тоҷик», ҷамъоварии маблағи барқ аз муштариён дар соли 2013 дар ҳадди 84 дарсад таъмин шуда, аз фурӯши барқ 1 миллиарду 275 миллион сомонӣ, муодили тақрибан 260 миллион доллар, ба даст омадааст. Бузургтарин муштарии «Барқи Тоҷик» – ширкати алюминсозии ТАЛКО - дар соли 2013 4 миллиарду 400 миллион киловат соат истифода бурда, ба ин ширкат 215 миллион сомонӣ пардохт кардааст. Ин хеле бештар аз 3 миллиард киловаттест, ки ба маҳзи камбудаш Тоҷикистон дар ҳар фасли сармо мувоҷеҳи буҳрони шадиди барқ мешавад. Бо ин ҳол, мунтақидон мегӯянд, ҳукумат барои ТАЛКО шароити пуримтиёзе фароҳам сохтааст ва нархи барқ барои он ҳатто нисбат ба пуле ки аҳолӣ месупорад, камтар аст.

Бо ин вуҷуд, сол ба сол қарзҳои кредитории «Барқи Тоҷик» афзуда, ҳоло ба ҳудуди 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ расидааст. Қарзҳои ширкат танҳо аз нирӯгоҳи муштараки Тоҷикистону Русия - «Сангтӯда - 1» ва нирӯгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон - «Сангтӯда – 2» ба ҳудуди 490 миллион сомонӣ баробар шуда, «Барқи тоҷик» аз андоз ҳам 400 миллион сомонӣ қарздор будааст.

Коршиносон ин ҳама мушкилоти ширкатро маҳз аз саришта накардани фурӯши барқ ва ҳам фасоди густарда дар сохторҳояш медонанд, ки ба бовари масъулони «Барқи Тоҷик», бояд ин ҳама ҳангоми аудит мӯшикофӣ шавад. Онҳо ба ин боваранд, ки аксари қарзҳои «Барқи Тоҷик» воқеӣ нестанд ва бояд саҳеҳ ҳисобу китоб шаванд.

Чунин аудитҳо дар гузашта ҳам анҷом шуда буд, вале натоиҷаш аз чашми ҷомиа пинҳон монд ва маълум нашуд, ки дар паси пардаи “Барқи Тоҷик” чӣ мегузарад, ки қарзҳояш сол ба сол меафзояд ва ҳукумат ҳар дафъа роҳи халосии ин ширкаташ аз вартаи варшикастагиро дар боло бурдани нархи барқ мебинад. Ҳафтае пеш вазири энержӣ Усмоналӣ Усмонов ҳам гуфт, ки ба хотири раҳоии “Барқи Тоҷик” аз мушкилоти молӣ имсол ҳам нархи барқро боло хоҳанд бурд. Аммо рӯзи 5 феврал дар нишасти хабарии ширкат гуфтанд, ки "Барқи Тоҷик" чунин нақшае дар даст надорад. Ҳадди ақал дар ҳоли ҳозир.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG