Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 3 донишҷӯи барандаи идрори вижаи "Дурахшандагон"-ро, ки аз идомаи таҳсил дар хориҷ даст кашидаанд, ба додгоҳ додааст.

Самариддин Афғонов, роҳбари барномаҳои байналмилалии вазорати маориф рӯзи 13-уми январ дар нишасти матбуотии вазорат гуфт, ин вазорат 3 нафареро, ки аз ҳисоби идрорпулии «Дурахшандагон» дар хориҷ таҳсил мекарданд, ба сабаби даст кашиданашон аз идомаи таҳсил ба додгоҳ супурдааст. Ба гуфтаи масъулони вазорати маориф, мувофиқи шартнома, донишҷӯён бояд баъд аз хатми таҳсил 5 сол дар Тоҷикистон кор кунанд. Аммо дар сурати тарки таҳсил муваззафанд ду баробар маблағи харҷшударо пардозанд.

Самариддин Афғонов афзуд, бояд акнун ҳар яки онҳо 25-ҳазордолларӣ ба давлат пардохт кунанд. Ҳарсе донишҷӯён гуфтаанд, ки омодаанд маблағро пардохт кунанд, аммо хостаанд ин баҳс миёни онҳо ва вазорат ба сурати мусолиҳатомез ҳалл шавад, на аз тариқи додгоҳ. Ҳарсе нафаре, ки аз идомаи таҳсил даст кашидаанд, дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекардаанд.

Ба гуфтаи масъулони вазорат, 1 нафари онҳо бо иллати беморӣ, 1 нафари дигар бо сабаби надоштани имкони молӣ ва 1 нафари дигар бо сабаби номаълум аз идомаи таҳсил дар хориҷа даст кашидаанд. Соли гузашта 36 нафари дигар онҳое, ки дар хориҷ аз ҳисоби идрорпулии давлатӣ таҳсил карда буданд, ба Тоҷикистон баргаштанд.

Тибқи омори вазорати маориф ва илми кишвар, дар давлатҳои Украина, Русия, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия ва Чин 2460 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд. Дар айни замон 1569 шаҳрванди хориҷӣ аз 25 кишвар дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ба тариқи шартномавӣ таҳсил доранд.

Аврангзеб Имомов (аз рост)

Аврангзеб Имомов (аз рост)

Аврангзеб Имомов яке аз аввалин ҷавононе аст, ки тибқи стипендияи президентии «Дурахшандагон» дар Донишгоҳи энергетики Маскав таҳсил кардааст ва ҳоло дар бахши магистратура таҳсилашро идома медиҳад. «Озодӣ» дар пайи нашри хабари ба додгоҳ кашида шудани 3 донишҷӯи тоҷик, ки тибқи стипендияи «Дурахшандагон» таҳсил кадаанд, роҷеъ ба вазъи ин муҳассилин бо Аврангзеб сӯҳбат кард ва назари ӯро дар робита ба тасмими вазорати маориф пурсон шуд.

Аврангзеб Имомов: Ростӣ, мо ҳам аз тариқи хабарҳо дидем, ки вазорати 3 донишҷӯро ба додгоҳ кашидаву аз онҳо пардохти ду баробари маблағи чандсолаи таҳсилашонро дорад. Аммо дар шартномаи байни мо ва марказ чунин гап нест. Дар шартномаи байни мо қайд шудааст, ки пас аз хатми донишгоҳ, донишҷӯ бояд 5 сол дар кишвар кор кунад. Дар сурате, ки ин бандро иҷро накард, ӯ бояд маблағе, ки давоми ин солҳо барои таҳсили ӯ сарф шудааст, пурра ба давлат баргардонад, на ду ё се маротиба. Ин ҷо ҳастанд ҳолатҳое, ки донишҷӯ масалан, бо сабаби пеш омадани ягон мушкил ё насупурдани имтиҳонот як сол меафтад ва он сол ӯ маҷбур аст худаш пардохт кунад, вале аз соли дигар марказ боз маблағи таҳсили ин ҷавонро пардохт хоҳад кард.

Озодӣ: Донишҷӯёни тоҷик, онҳое, ки аз рӯи стипендия он ҷо таҳсил мекунанд, ғолибан ба чӣ мушкилот ру ба рӯ мешаванд?

Аврангзеб Имомов: Бисёр мушоҳида мешавад, ки донишҷӯён аз сабаби кофӣ набудани сатҳи дониши худ ба мушкилоти зиёд дучор мешаванд. Ин ҷо барои донишҷӯёни кишварҳои хориҷ дар супурдани сессия ва имтиҳонот имконияте бештар дода мешавад, яъне онҳо барои супурдани имтиҳоноти худ мӯҳлати бештар доранд, аммо бо вуҷуди ин ҳастанд донишҷӯёне, ки ин мӯҳлат ҳам барои онҳо кофӣ нест ва наметвонанд имтиҳоноти худ саривқт супоранд. Сабаби аслии хориҷ шудан албатта ин аст, ки дар мактабҳои миёна хуб омода нашудаанд ва донишашон барои таҳсил дар Маскав кофӣ нест.

Озодӣ: Масъалаи стипендияи донишҷӯён ва пардохти маблағи таҳсили донишҷӯён то куҷо тағйир ёфтааст? То ҷое медонем, соли гузашта донишҷӯён чунин мушкил доштанд ва шикоят ҳам карда буданд.

Аврангзеб Имомов: Масъалаи стипендия тағйир наёфтааст. То ҷое медонам ва аз таҷрибаи чаҳорсолаи таҳсилам, то имсол стипендия 100 доллар буд ва мушкили дер гузаронидани стипендияву маблағи таҳсил ҳамеша дер мегузашт. Ҳамин 4 соле, ки ман таҳсил кардам, ягон бор сари вақт нагирифтам стипендияро ва ҳамин кадар барои мо мушкил буд.

Шартномаи миёни мақомот ва донишҷӯён.

Шартномаи миёни мақомот ва донишҷӯён.

Озодӣ: Вақтҳои ахир донишҷӯёне, ки аз рӯйи ин стипендия таҳсил мекунанд, дар хориҷ ба мушкилоти мухталиф мувоҷеҳ мешаванд. Ба назари шумо чӣ бояд кард, ки ҷавонон тавонанд ба хуби таҳсил кардаву ба ватан баргарданд ва шартномаро вайрон накунанд?

Аврангзеб Имомов: Пеш аз ҳама бояд назорат бошад. Як нафаре таъин шавад, ки ҳамеша аз вазъияти донишҷӯён огоҳ шавад ва аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шавад. Чӣ хел таҳсил доранд ба чӣ корҳо машғуланд. Агар имкон бошад стипендия каме зиёд карда шавад. Чун тавре маълум шудааст Маскав чаҳорумин шаҳри қимматтарини ҷаҳон аст ва бо 100 доллар агар донишҷӯ дар Душанбе тавонад каму беш зиндагиашро пеш барад, дар Маскав бо ин маблағ як моҳ зистан осон нест. Вале аз ҳама нуқтаи муҳим ин аст, ки бояд қабули довталабон барои таҳсил аз рӯи ин стипендия дар Тоҷикистон ба таври шаффоф сурат гирад ва нафарони арзанда бояд интихобу соҳиби квота шаванд. Чун ҷойи пӯшида нест, бисёреи онҳое, ки ба Маскав меоянд иқрор мекунанд, ки бо кадом восита соҳиби ин квота шудаанд. Як сабаби хориҷ шудани донишҷӯёну аз ӯҳдаи таҳсил набаромадани онҳо ҳам дуруст интихоб нашудани онҳо аст. Ман ҳатто худам дар ин сатм ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуда будам.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG