Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле ки созмонҳои байнулмилалӣ аз коҳиши озодиҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон ҳарф мезананд, иқтисодшиносон мегӯянд, кишвар дар муқобили бӯҳрон бояд ба бахши хусусӣ такя кунад.

Хадичамоҳ Ҳошимова, сокини шаҳри Душанбе, охири соли гузашта ба андешае расид, ки орзуи деринаашро амалӣ намояд ва бизнеси шахсии худро оғоз кунад. Вай шефтаи овозаҳо ва матолиби расонаҳо дар бораи “Равзанаи ягона” шуда буд ва фикр мекард, танҳо бо муроҷиат ба ин “равзана” ва хеле зуд соҳиби кор ва манбаи даромад хоҳад шуд. Аммо рӯзи 29-уми январ Хадичамоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз “даводав монда шудааст ва пули барои ин мақсад ҷамъовардааш низ рӯ ба поён аст.”

“Равзанаи ягона” дар Тоҷикистон ба хотири осон кардани сабти номи ширкатҳо, воридоту содирот ва транзити мол дар соли 2008 таъсис ёфта, барои кишвар обрӯи зиёд ва ҳам пуштибонии молии Иттиҳоди Аврупоро армуғон оварда буд.

Ин ташаббус ва фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба манъи тафтиши соҳибкорон, ки низ соли 2008 баромад, имкон доданд, ки бахши хусусӣ дар кишвар нафаси тозае кашад ва рушд кунад. Ин бахш ҳамин гуна озодиро мехост, зеро худ зодаи озодӣ буд. Он дар солҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97, замоне роҳи худро боз кард, ки ҳукумат машғули ҷанг ва гуфтушуниди сулҳ бо мухолифонаш буд. Тақсими “заминҳои президентӣ” дар он давра ва озодии соҳибкорӣ, албатта, ба истиснои зӯроварии силоҳдорон ба шаҳрвандон имкон дод, ба умеди ҳукумат нашаванд ва худ нони хешро ба даст оранд.

Аммо то нимаҳои аввали солҳои 2000-ум назорати давлат ба соҳибкорӣ қавитар шуд ва “Равзанаи ягона” якҷо бо мораторияи тафтиши соҳибкорон фазоро ба маротиб беҳтар карда, шохиси озодиҳои иқтисодиро дар Тоҷикистон дар соли 2009 ба баландтарин нуқтаи то ҳол расидаи кишвар баровард. Бино бар гузориши Бунёди “Мерос” ва рӯзномаи “Wall Street Jornal”, он сол Тоҷикистон 54,60 хол гирифт. Вале аз ин давра сар карда, то ҳоло ин нишондҳанда рӯ ба поён аст. Чунончӣ, соли 2014 кишвар 52 хол гирифтааст. Ин шохисро ҳамчунин Пажӯҳишгоҳи Фрейзер низ тасдиқ мекунад.

Як соҳибкори тоҷик, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, мегӯяд, ҳамаи ташаббусҳои хуби ҳукумат дар он давра бештар ба хотири он буд, ки барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун сармояи хориҷӣ ҷалб кунад.

Шохиси озодиҳои иқтисодӣ, ки бар пояи чаҳор нишондиҳанда – волоияти қонун, танзими самарабахш, маҳдудияти дахолати давлатӣ ва мизони боз будани бозори ҳар кишвар муайян мешавад, дар ҷалби сармояҳои хориҷӣ нақши бузург дорад. Баҳои умумии онро бахшҳое монанди ҳаққи моликият, сатҳи фасод, озодии молиявӣ, хароҷоти давлат, бозори кор, сиёсати пулӣ ва андоз ба ҳам меоранд.

Зафар Абдуллоев

Зафар Абдуллоев

Коршиноси тоҷик, мудир маркази "Контент" Зафар Абдуллоев мегӯяд, “шохисҳои гуногуни озодиҳо ва рушди иқтисодӣ баёнгари тамоюлҳои умумӣ дар ин ё он кишваранд. Аммо коҳиши озодиҳои иқтисодиро дар Тоҷикистон метавон ҳатто бе онҳо низ мушоҳида кард. Ин натиҷаи чораҳои шадиди давлат дар сиёсати пулӣ, сангин шудани вазни андоз дар дӯши бизнеси хуруд миёна, дараҷаи баланди девонсолорӣ ё бюрократизм ва фасод аст.”

Ба ақидаи коршиноси мустақил Абдуманнон Шералиев, "ғасбҳои рейдерӣ, талаби "доля" ё "ҳисса"-и худ аз соҳибкорон, зуҳури монополияҳои авлодӣ ба шохиси озодиҳои иқтисодӣ таъсири аввалиндараҷа доранд ва бавижа фасод, ки ба иллати пайванди он бо "хешутаборгароӣ" решакан карданаш барои давлат ба кори сахте табдил ёфтааст."

Фасоди фарогирро ҳамчун омили зидди озодиҳои иқтисодӣ, иқтисодшиноси мустақили тоҷик Беҳрӯзи Ҳимо низ зикр мекунад. Вай меафзояд, “низоми сусти додгоҳӣ” низ аз чунин омилҳост ва барои намуна, “таъқиби Зайд Саидов ва мусодираи амволи ӯ, ки ангезаи сиёсӣ дошт, даъвоҳои бепояи марбут ба андоз аз маркази “Созидание”, меҳмонсарои “Hyatt Regency” ва аҳёнан ширкатҳои мобилӣ наметавонанд, далели сатҳи пасти озодиҳои иқтисодӣ дар кишвари мо набошанд.”

Зоҳиран, вақте мақомоти тафтишот ва судии Тоҷикистон ба чунин амалҳо даст мезананд, пайомади онҳоро ба ҳисоб намегиранд. Ба ақидаи ҷаноби Абдуллоев, “дахолати маъмурӣ ба бизнеси хусусӣ рӯ ба афзоиш дорад ва метавон инро ба асабонияти зиёдатии мақомот дар пасманзари бӯҳроне бастагӣ дод, ки ба дунболи суқути иқтисоди Русия ба самти Тоҷикистон дар ҳаракат аст.”

Ин дар ҳолест, ки баръакс ба Тоҷикистон ҳоло фазои бозтару озодтари соҳибкории хусусӣ зарур аст, то кишвар аз бӯҳрони нав ҳам он гуна ки бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонро паси сар кард, гузарад. Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин маврид ба ҳукумати Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд, ки барномаи зиддибӯҳронии он ба талабот ҷавобгӯ нест, зеро агар кишвар аз бӯҳрони пешина ҳамроҳи Русия берун шуд ва он вақт ҷаҳон ба мушкил рӯбарӯ буду зарбаи бӯҳрон ба Русия камтар мерасид, ҳоло баръакс ҷаҳон вазъи беҳтаре дорад ва Русия ба ботлоқи бӯҳрон фурӯ меравад.

Шариф Раҳимзода

Шариф Раҳимзода

Меҳвари асосии ин барнома, то ҷое ки аз сӯҳбатҳои вазири рушди иқтисодӣ ва тиҷорат Шариф Раҳимзода ба назар мерасад, сохтмони корхонаҳои навест, ки ба мардум ҷойи кор диҳанд ва тавлидотро боло баранд. Ҳамзамон бояд талабот ба моли тавлиди дохилӣ коҳиш наёбад. Зимнан, ин ҳадафест, ки 23 сол ба ин сӯ ҳукумати Тоҷикистон онро дунбол мекунад, аммо ин ҳама муддат шумораи ҷӯяндагони кор аз Тоҷикистон дар Русия ва кишварҳои дигар рӯ ба афзоиш дорад.

Зафар Абдуллоев бар ин аст, ки чандин корхонаи бузурги кишвар дар остонаи варшикастагиянд, ба монанди "Барқи тоҷик", "ТоҷикЭйр", "Тоҷикгаз" ва шояд ҳамчунин "Тоҷиктелеком", ки зери суол аст. Мубоҳиси дигар Шодигул Асламшоева мегӯяд, барои наҷоти ин ширкатҳо чораҳои ҷиддӣ дида мешаванд. Дар ин байн, тавлиди алюмин дар кишвар назар ба соли гузашта қариб 2 баробар ва содироти пахта 24,5 дарсад кам шудааст.

Бо назардошти вазъи мавҷуда, бархе аз коршиносон бар инанд, ки озодиҳои бештар ва ҳақиқии бахши хусусӣ хоҳад тавонист, зарбаи бӯҳронро ба Тоҷикистон коҳиш диҳад.Барои ин, ба ақидаи Беҳрӯзи Ҳимо, кишвар бояд аз таҷрибаи ҷаҳонӣ истифода кунад ва даст ба ислои ҷидди низоми додгоҳӣ занад.

Ӯ меафзояд: "Бисёре аз режимҳои худкома низоми дуқабатаи судӣ доштанд – ҳама чизи марбут ба бизнес мустақил ва ҳамаи чизи боқимонда – сирк. Мешавад аз ин сар кард. Бояд истифодаи ниҳодҳои андозро бо ҳадафҳои сиёсӣ қатъ намуд. Ҳаққи моликият бояд муқаддас шавад. Дар омади гап, дар Қуръон ҳифзи ҳаққи моликият ва иҷрои қарордод ба таври махсус зикр шудаанд.”

Як соҳибкори собиқадори тоҷик, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, мегӯяд, агар дахолати давлат ба бизнес танҳо бо сабти ном ва ҷамъоварии андоз маҳдуд шавад, бахши хусусӣ метавонад иқтисоди Тоҷикистонро ба баландтарин сатҳ бардорад. “Аммо дар шароити имрӯза, ки аз як сӯ пур кардани буҷа ва сӯи дигар ҷайби ришвахорон дар гардани соҳибкорон аст, чунин озодӣ танҳо орзуи афсонавӣ буда метавонад,” – гуфт ӯ.

Хадичамоҳ Ҳошимова, ки акнун дари бизнесро боз кардааст, мегӯяд, ҳанӯз коре накардаву даромаде ба даст наоварда, чандин идора ва идоранишин аз ӯ ҳақ мепурсанд: “Дирӯз “участковой” омада буд ва мехост, иҷозатномаҳои маро тафтиш кунад, ҳанӯз чизеро надида мегуфт, ки ман иҷозатнома надорам.”

Шохиси озодиҳои иқтисодии Тоҷикистон (Heritage Foundation, WSJ)

Шохиси озодиҳои иқтисодии Тоҷикистон (Heritage Foundation, WSJ)

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG