Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷомеашинос: Вобастагӣ аз пули муҳоҷирон Тоҷикистонро ба бунбаст мебарад(ВИДЕО)


Як ҷомеашиноси маъруфи тоҷик мутмаин аст, ки иқтисоди Тоҷикистон бояд гуногунҷабҳа бошад, вагарна вобастагии комил аз даромади муҳоҷирон метавонад барои ин кишвар паёмадҳои номатлуби иқтисодиву сиёсӣ дошта бошад.

Саодат Олимова, масъули маркази назарсанҷии “Шарқ” дар Душанбе дар як сӯҳбати ихтисосиаш бо Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷирони тоҷик буданд, ки дар даҳсолаи аввали баъди ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон тавонистанд бо саҳми худ сулҳро дар кишвар пойдор ва мизони фақрро хеле коҳиш диҳанд. Аммо дар дарозмуддат, вобастагии комил аз бозори кори Русия кишварро дучори бунбаст хоҳад кард.

Саодат Олимова мегӯяд, Тоҷикистон кишварест, ки мизони муҳоҷирати шаҳрвандонаш ба хориҷа хеле баланд аст. “Муҳоҷирон буданд, ки Тоҷикистонро аз бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоии баъди ҷанги шаҳрвандӣ раҳо карда сулҳро дар кишвар пойдор карданд. Ва саҳми дигари хеле муҳими онҳо коҳиши назарраси фақру бенавоӣ дар кишвар аст. Мизони фақр қариб се баробар – аз 84 дар сади солҳои 1990-ум то ба 37 дар сади интизорӣ дар соли 2014 – ин хеле натиҷаи муҳим аст,” - мегӯяд ин ҷомеашинос. Саодат Олимова, ҷомеашиноси тоҷик.

Саодат Олимова, ҷомеашиноси тоҷик.

Ба бовари ӯ, хизмати муҳоҷирони кории Тоҷикистон барои раҳоӣ аз бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ дар даҳсолаи аввал хеле муҳим буд, вале ҳоло фурсате расидааст, ки стратегияи иқтисодии кишвар бозбинӣ шавад: “Маблағҳое, ки аз ҳисоби муҳоҷирон ба кишвар ворид мешаванд, роҳи хубе барои ҳал кардани масоили иқтисодии кишвар дар кӯтоҳмуддат буд. Вале ин чиз пеши роҳи пешрафтро мегирад. Ҳоло, ки дар марҳилаи дуюми баъди муҳоҷирати азими шаҳрвандон қарор дорем, бештар паёмадҳои номатлуб ва манфиро мушоҳида мекунем. Дар дарозмуддат ин раванд кишварро вориди бунбаст мекунад.”

“58 % муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз рӯи ихтисоси худ кор намекунанд. Омӯзгору муҳандису технологҳо ва мутахассисони дигар, яъне 62 % асосан дар бахши сохтмон кор мекунанд. Тоҷикистон капитали инсониашро аз даст медиҳад.”

Паёмади дигари номатлуб тарки кишвар кардани мардон аст. Ба таъкиди ҷомеашинос, дар шароити Тоҷикистон мард “субъекти муҳими муносибатҳои сиёсии шаҳрванд бо давлат” ҳисоб мешавад. Тарбияи насли ояндаи миллат ба дӯши занҳо вогузор шудааст.

Занҳои тоҷик, ба хотири саводи нокофӣ доштанашон, фарзандонро ҳам то сатҳи худ тарбия мекунанд, барои ҳуқуқи худ ҳам мубориза бурда наметавонанд, ба ҳукумат рафта ҳаққи худро талаб карда наметавонанд ва дар натиҷа, сохторҳои давлатӣ аз дохили ҷомеа фишорро болои кори худ эҳсос намекунанд. Дар чунин шароит давлат пеш рафта наметавонад.” - мегӯяд Саодат Олимова.
Муҳаққиқи тоҷик мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон хусусияти сирф “муҳоҷиратӣ”-ро касб карда, пулҳои онҳо муҳимтарин манбаи даромади буҷаи давлат дар бахшҳои андозу гумрук шудааст: “Иқтисоди мо комилан аз Русия вобаста шудааст ва дар сурати бад шудани муносибатҳо бо Маскав, пеш аз ҳама беш аз як миллион муҳоҷирони мо осеб мебинанд. Ҳамон замон депортатсияву боздоштҳо шурӯъ шуда даромади хонаводаҳо кам мешавад. Аз ҳамин хотир, ин модели иқтисодии Тоҷикистон, ки бовар надорам дар 10 соли оянда дигар шавад, хеле бад аст. Танҳо ба экспорти нирӯи корӣ такя кардан мумкин нест, иқтисод бояд гуногунҷабҳа бошад. Вале барои ин камаш 10 соли дигар лозим аст ва ин танҳо ба он маъност, ки Тоҷикистон илоҷи дигаре ба ҷуз ҳифзи равобити хуб бо Русия надорад.”

Тибқи ҳисобҳои расмӣ, дар Русия беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Тайи соли 2013 ба Тоҷикистон аз Русия аз ҷониби афроди алоҳида беш аз 4 миллиард доллар ворид шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG