Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду мақомдори маҳаллӣ дар Узбакистон худкушӣ карданд


Аҳмадҷон Каримбердиев, муовини ҳокими шаҳри Фарғона дар умури сохтмони умумӣ ва хадамоти коммуналӣ, рӯзи 20 феврал дар хонааш худро ба дор овехтааст. Як рӯз қабл аз ин, Илёсбек Раҳимов, муовини ҳокими ноҳияи Данғараи вилояти Фарғона, худро ба дор овехта буд.

Як манбаъ дар мақомоти маҳаллии вилояти Фарғона ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "ба мо хабар расид, ки Аҳмадҷон дар хонааш худкушӣ кардааст. Ба кадом сабаб вай қасди ҷони худаш кардааст, маълум нест."

Дар раёсати корҳои дохилии вилояти Фарғона аз додани маълумот дар мавриди ҳодисаи худкушиии Аҳмадҷон Каримбердиев худдорӣ карда ва гуфтанд, ки ин кор ба ӯҳдаи додситонӣ аст. Бархе аз манбаъҳои бахши узбакии Радиои Озодӣ дар вилояти Фарғона фарзияҳои мухталифро дар мавриди ин ҳодисаҳои худкушӣ баён карданд. Бо ин вуҷуд наметавон таъйиди расмии ин фарзияҳоро ба даст овард.

Як рӯз қабл аз худкушии муовини ҳокими шаҳри Фарғона, рӯзи 19 феврал муовини ҳокими ноҳияи Данғараи вилояти Фарғона Илёсбек Раҳимов дар хонааш худкушӣ кардааст. Дар ин бора як масъул дар мақомоти маҳаллии ин вилоят ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ гуфт, ки Илёсбек Раҳимов зодаи вилояти Фарғонаи Узбакистон буд ва дар Қӯқанд, ки аз ноҳияи Дангара чандон дур нест, зиндагӣ мекард. "Вай худро рӯзи якшанбе ба дор овехт", - афзуд манбаъ.

Дар Узбакистон тайи солҳои ахир чанд ҳодисаи даст ба худкушӣ задани мақомодорон ё хоҷагидорон рух додааст. Дар соли 2015 дар канали Фарғона ҷасади иҷрокунандаи раиси филиали бонки тиҷоратии "Ҳамкорбонк" дар Марғелон Шерзод Қодиров пайдо шуд. Тибқи иттилои расмӣ, Шерзод Қодиров баъдан аз барканорӣ аз мақомаш дар пайи як аттестатсия даст ба худкушӣ задааст.

XS
SM
MD
LG