Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ростнефт" ба духтари Путин кумак мекунад


Катерина Тихонова, духтари Владимир Путин
Катерина Тихонова, духтари Владимир Путин

"Ростнефт" харҷҳои баргузории кунгураи Донишгоҳи давлатии Маскав ва бунёди "Иннопрактика-ро бар дӯш гирифт, ки ба он Катерина Тихонова, духтари эҳтимолии Владимир Путин сарварӣ мекунад. Дар ин бора шабакаи телевизионии "Дождь" бо такя ба манобеи худ гузориш додааст. Кунгураи солонаи "Таҷрибаҳои навоварона: илм бар иловаи бизнес", рӯзи 7 декабр баргузор мешавад. "Соли равон буҷаи форум афзоиш ёфт ва сармоягузорон аз роҳи сабқат интихоб шудааст", - гуфтаанд ба "Дождь" дар "Иннопрактика".

Миқдори пуле, ки "Ростнефт" дар ин маърака сарф мекунад, ошкор нашудааст.

Ин кунгура барои бори сеюм баргузор мешавад. Дар муқоиса бо нишасти аввал теъдоди даъватшудаҳо се баробар бештар шуда, акнун ҳудуди 120 меҳмонро фаро мегирад. Инҳо асосан аз мақомоти баландпоя, намояндагони тиҷоратҳои бузург, раҳбарони ширкатҳои давлатӣ иборатанд, ки аксаран ба шӯрои сарпарастони "Иннопрактика" шомил шудаанд. Дар кунгураи навбатӣ барои бори аввал аъзои ҳукумат - Игор Шувалов, Аркадий Дворкович ва ёвари президенти Русия Андрей Белоусов иштирок мекунанд.

XS
SM
MD
LG