Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 голи Тоҷикистон ба дарвозаи Қирғизистон


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Қирғизистон бо ҳисоби 4-1 ғалаба кард.

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Қирғизистону Тоҷикистон дар рӯзи расмии ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) – 15-уми октябр дар шаҳри Бишкек, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов баргузор шуд.
Дар қисми аввали бозӣ футболбозони тоҷик ба дарвозаи тими миллии Қирғизистон 4 гол заданд. Тӯбҳоро Нуриддин Давронов дар дақиқаи 6-ум, Дилшод Восиев (20), Фарҳод Тоҳиров (32) ва Соҳиб Саванқулов (40) ба ҳадаф расонданд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар дақиқаи охири нимаи аввали бозӣ бозигари Қирғизистон Мака Кам ва ҳимоятгари тими Тоҷикистон Далерҷон Тӯхтасунов корти сурх гирифта, аз майдон ихроҷ шуданд.

Ягона голи мизбононро дар дақиқаи 47-ум Аҳлиддин Исроилов, ҳамлагари 19-солаи тими маъруфи "Динамо"(Киев) ба ҳадаф расонд.

Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Улан Асаналиев, ки дар варзишгоҳ бозиро тамошо мекунад, мегӯяд, бозӣ бахусус дар қисми аввал бо бартарии комили тими Тоҷикистон гузашт.


Барои Мӯҳсин Муҳаммадиев ин дувумин бозие буд, ки ӯ ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон анҷом дод. Ёдовар мешавем, ки 14-уми август дар шаҳри Хуҷанд дар бозии аввали дӯстона таҳти раҳбарии ин мутахассиси тоҷик мунтахаби кишвар бар тими миллии Ҳиндустон бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада буд.

Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам 10 бор қувваозмоӣ кардаанд. Дар 7 бозӣ футболбозони тоҷик ва дар 2 бозӣ футболбозони қирғиз пирӯз шудаанд, як бозӣ бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфтааст. Таносуби тӯбҳо 16-8 ба нафъи Тоҷикистон мебошад.

Нахустин бозии ин дастаҳо 8-уми июни соли 1993 дар доираи мусобиқоти байналмилалӣ дар Теҳрон баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 хотима ёфта буд. Бозии 9-уми дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон 21-уми марти соли равон дар доираи мусобиқоти интихобии Ҷоми даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар Бишкек бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи мизбонон ба охир расида буд. Ин бохт мунтахаби Тоҷикистонро аз ҳаққи ширкат дар марҳалаи ниҳоии мусобиқот маҳрум кард.

Қабл аз бозии имрӯза дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови Бишкек нишасти хабарии сармураббиёни ҳарду даста баргузор шуд.

Мӯҳсин Муҳаммадиев ва Сергей Дворянков
Мӯҳсин Муҳаммадиев ва Сергей Дворянков
Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, аз ҷумла гуфт. «барои мо дар рӯзи Иди Қурбон дар Бишкек будан гуворост. Мо пешниҳоди ҳамкасбони қирғизи худро дар бораи бозии дӯстона бо мунтахаби Қирғизистон бо хушнудӣ қабул намудем. Фикр мекунам, ки ин бозӣ хуб мегузарад. Вале, мутаассифона, дар ин бозӣ чор нафар бозигарони мо бо сабабҳои гуногун иштирок карда наметавонанд. Мо ба ҳайати даста футболбозони зӯртаринро дохил кардем, ки дар байни онҳо ду легионер – Фарҳод Восиев ва Соҳиб Саванқулов ҳастанд. Моҳи марти соли равон Саванқулов муқобили Қирғизистон бозӣ карда буд, вале Восиев он вақт ширкат надошт. Таассуф мехӯрам, ки легионери дигари мо - ҳимоятгар Давронҷон Эргашев ба иллати зарб хӯрдани зонуяш ба Бишкек омада натавонист.»

Дар ин нишаст Сергей Дворянков, сармураббии тими миллии Қирғизистон, ба хабарнигорон чунин гуфт: «Барои мо ҳар як бозӣ муҳим аст. Зеро ки мо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК, ки соли оянда баргузор мешавад, омодагӣ мебинем. Мо хушҳолем, ки ҳамсояҳои мо барои баргузории бозии дӯстона розигӣ доданд. Дар ин бозӣ мо имконият дорем, ки бозигарони навро бисанҷем.»

Бозии дӯстона
Қирғизистон - Тоҷикистон - 1:4
Голҳо: Нуриддин Давронов, 6 (0:1). Дилшод Восиев, 28 (0:2). Фарҳод Тоҳиров, 32 (0:3). Соҳиб Саванқулов, 40 (0:4). Аҳлиддин Исроилов, 47 (1:4).

Қирғизистон: Павел Матяш (Руслан Амиров, 46), Марат Аҷиниёзов (Азиз Сиддиқов, 73), Валерий Кичин (Курсанбек Шератов, 31), Арий Элайҷа (Одил Бекболотов, 63), Даврон Аскаров, Артур Муллоҷонов (Тоҳир Авчиев, 36), Вадим Харченко, Мака Кум, Аҳлиддин Исроилов, Дэвид Тетте, Мирлан Мурзаев (Кайрат Жиргалбек уулу, 57).

Тоҷикистон: Алишер Тӯйчиев, Соҳиб Саванқулов, Далерҷон Тухтасунов, Фарҳод Восиев (Аҳтам Назаров, 87), Эраҷ Раҷабов, Нуриддин Давронов (Сиёвуш Асроров, 51), Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев (Хуршед Маҳмудов, 46), Фарҳод Тоҳиров (Ҷаҳонгир Эргашев, 46, Ҷаҳонгир Ҷалилов, 71), Дилшод Восиев (Бахтиёр Ҳасанов, 46), Аҳтам Ҳамроқулов (Илҳом Баротов, 81).

Огоҳонида шуданд: Мирлан Мурзаев, Мака Кум, Аҳлиддин Исроилов, Марат Аҷиниёзов, Одил Бекболотов (Қирғизистон), Дилшод Восиев, Иброҳим Рабимов (Тоҷикистон).

Аз майдон хориҷ шуданд: Мака Кум (Қирғизистон), Далерҷон Тухтасунов (Тоҷикистон), 45+2 – барои занозании ҳамдигар.

Сардовар: Анатолий Вишниченко (Қазоқистон).

15-уми октябр. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов. 5000 тамошобин.


XS
SM
MD
LG