Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қонуни асосӣ набояд рӯи қоғаз монад"


Сокинони одии Суғд мегӯянд, Рӯзи Қонуни асосии Тоҷикистон барояшон санаи муҳим аст, аммо муҳимтар аз он – то куҷо иҷро шудани муқарароти ин Қонуни асосиро медонанд.

Дар остонаи Рӯзи Қонуни асосӣ, шоми 4-уми ноябр дар маркази Хуҷанд бо як саҳнаороии мутантан, суханрониҳои мақомот ва консерти ситораи овозхонӣ, Нигина Амонқулова ва гурӯҳҳои рақсии «Чаманоро» ва «Маҳастӣ» аз солгарди 20-уми тасвиби ин санад таҷлил карданд. Ҳамин тавр, субҳи 5-уми ноябр чунин як маҳфили бошукӯҳ дар толори театри ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид. Дар ин чорабиниҳои ҷашнӣ умдатан мансабдорон ва кормандони ниҳод муассисаҳо иштирок доштанд.

Вале сокинони одии Хуҷанд низ дар сӯҳбатҳои сарироҳӣ бо Радиои Озодӣ Рӯзи Қонуни асосиро барои худ муҳим номиданд, аз он нигоҳ ки онҳоро ба ёди қонуну риоят ва амали он меандозад. Яке аз мусоҳибонамон, ки худро Рустам Ҳомидов муаррифӣ кард, чунин мегӯяд: “Ин як рӯзи ид аст, чунки Қонуни асосӣ ба мардуми тоҷик ваҳдат овард. Ва қонунҳое ҳам ки дар заминаи Қонуни асосӣ то ҳол қабул мешавад, бар нафъи халқ аст.”

Вале мусоҳибам афзуд, ҳанӯз ҳам умед ба такмили қонунгузории кишвар дорад: “Ман мехостам, ки дар бораи дастрасии мардум ба замин ҳам як қонуни нав мебароварданд. Чунки ҳозир замин гирифтан барои сохтмони корхона дар Тоҷикистон бисёр коғазбозиву даводав дорад. Ин бояд ислоҳ шавад, бо роҳи қабули қонуни нав ё такмили қонунҳои мавҷуда. Дар кишварҳои пешқадам ин мушкил нест. Барои мисол, дар Малайзия метавонед тавассути интернет замини дилхоҳатонро интихоб карда, бе даводавӣ, ба осонӣ бигиред ва ба соҳибкорӣ машғул шавед.”

Ба гуфтаи сокинони одии Суғд, воқеияти рӯз дар Тоҷикистон чунин аст, ки давлат биноба пешрафтҳои чашмгири иқтисодӣ надоштан бисёр имконият ва шароитҳои хуберо, ки дар Қонуни асосӣ ба сокинон кафолат додааст, мисли таъмин бо ҷойҳои корӣ, манзил ва табобати бепул то ҳол наметавонад ба иҷро расонад. Ба навбати худ, ба гуфтаи Ҷовид Одилов, яке дигар аз мусоҳибонамон, худи сокинон ҳам аз надонистани Қонуни асосиву ҳуқуқҳои қонунии худ ё нобовариву дилсардӣ аз татбиқи он, дар корбурд ва амалӣ кардани он камтар талош мекунанд: “Қонуни асосӣ барои мо заминаҳои мустаҳками ҳуқуқии фаъолиятро фароҳам кардааст. Ва мегӯяд: марҳамат, аз ҳуқуқи худ истифода бар. Аммо татбиқи Қонуни аосӣ ба он ҳам вобаста аст, ки ҳар як сокин то чӣ андоза онро медонаду аз ҳуқуқ ва вазифаҳояш бохабар аст ва барои амалӣ шудани онҳо талош мекунад.”

Аммо мусоҳиби дигари мо, Мубин ном ҷавоне, ки яке аз донишгоҳҳои Хуҷандро 3 сол қабл бо ихтисоси бонкдорӣ хатм кардаву мегӯяд, то ҳол бе “восита”-ву шиносбозӣ ва ришва натавонистааст барои худ ҷойи кор пайдо кунад ва ночор рӯзи ҷашни Қонуни асосиро машғули кор дар як сохтмони хусусӣ сипарӣ хоҳад кард. Вай афзуд, дар ин ҳол наметавонад худро дар як ҷомеаи қонунӣ тасаввур кунад ва Рӯзи Қонуни асосиро бо ифтихор ҷашн гирад.

Насли ҷавоне, ки Қонуни асосии Тоҷикистон замони кӯдакиаш қабул шудаву зиндагии ӯро дар чорчӯби қонун танзим мекунад, ками дар ками онҳо дар ин бораи ин санад тасаввури дурусту комил доранд. Ду писару духтаре, ки сумка дар кифт ба мактаб мерафтанду ба гуфтаи худашон, яке дар синфи 10 ва дуюмӣ дар синфи 11 таҳсил мекардаанд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Қонуни асосиро барои ба “сулҳу озодӣ ва истиқлол расонидани Тоҷикистон” муҳим медонанд. Ва ҷашни Қонуни асосиро аз он нигоҳ меписанданд, ки рӯзи истироҳат асту консерту ҳунарнамоиҳо баргузор мешавад.

20 сол пеш - 6-уми ноябри соли 1994 Қонуни асосии Тоҷикистон дар як раъйпурсӣ тасвиб шуд ва ҳамасола ин рӯз расман ба унвони рӯзи Қонуни Асосӣ таҷлил мешавад.

Дар вилояти Суғд рӯзи 6–уми ноябр низ баргузории ҷаласаву маҳфилҳои консертӣ бахшида ба ҷашни Қонуни асосӣ дар шаҳру навоҳӣ дар назар дошта шуда, дар Хуҷанд маросими таҷлил бо сайругашти оммавии сокинон идома меёбад.

XS
SM
MD
LG