Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон боз як кони тиллоро дар ихтиёри Чин гузошт


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Ширкати ТВЕА-и Чин муҷаввизи истихроҷи тиллоро дар кони "Дуобаи шарқӣ" дар ноҳияи Айнии Тоҷикистон ба даст овард. Ин ширкат то кунун танҳо аз ҳаққи омӯзиши таркиби ду мавзеи тилло дар ноҳияи Айнӣ – "Дуобаи шарқӣ" ва "Кумарғи боло" – бархӯрдор буд ва акнун баъди мушаххас шудани миқдори захираи тилло дар "Дуобаи шарқӣ" ҳаққи истихроҷро низ дарёфт кард.

Чин аз 17 кони тиллои дорои муҷаввиз дар Тоҷикистон ҳаққи истихроҷи тилло дар 7 конро соҳиб шудааст.

Тоҷикистон ба ин ширкати чинӣ дар ивази сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, ки бо харҷи тақрибан 30 миллион доллар бунёд шудааст, муҷаввизи омӯзиши геологии ду мавзеи тиллоро дода буд. Аз Саридораи геологияи Тоҷикистон рӯзи 22 июл ба Озодӣ гуфтанд, ширкати ТВЕА танҳо дар сурати дақиқ муайян кардани захираҳои кони дувум – "Кумарғи боло" – метавонад барои истихроҷи тилло муҷаввиз гирад.

"Пеш аз он ки мо ба ягон ширкат литсензия диҳем, бояд аввал захираи мавҷуд дар он конро мушаххас кунад. Танҳо баъд аз ин масъалаи гирифтани муҷаввиз матраҳ мешавад," – гуфт Собир Бобоев, геологи аршади Саридораи геологияи Тоҷикистон.

Бинобар имконоти танги молӣ Тоҷикистон наметавонад омӯзиш ва истихроҷи тиллоро дар конҳои худ ба танҳоӣ анҷом диҳад. Аз ин рӯ, кишвар талош мекунад, ки конҳоро бо ҷалби сармояи хориҷӣ фаъол кунад. Чин ҳамон сармоядорест, ки маблағҳои ҳангуфтро барои сармоягузории тӯлонӣ дар конҳои Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа дареғ намедорад.

Константин Бондаренко

Константин Бондаренко

Дар ҳоле ки ихтиёри истихроҷи тилло аз конҳои Тоҷикистон яке пайи дигар ба дасти ширкатҳои Чин мегузарад, бисёре аз таҳлилгарон дар Тоҷикистон ин суолро матраҳ мекунанд, ки то куҷо тавсеаталабии ширкатҳои чинӣ ба манфиати Тоҷикистон анҷом меёбад?

Константин Бондаренко, иқтисоддони тоҷик, гуфт, омадани ширкатҳои чинӣ ба Тоҷикистон дар кӯтоҳмуддат шояд ба рушди иқтисод кумак кунад, “аммо дар дарозмуддат ин раванд барои кишвар чандон паёмади хуб надорад”. Бондаренко мегӯяд, бо ин шеваи кор Тоҷикистон ҳамчунон як кишвари истеҳсолкунандаи маводи хом боқӣ хоҳад монд.

Сиёсати тавсеталабонаи Чин ва ширкатҳояш дар ҷаҳон бо формулаи “сармоя бар ивази сарватҳои зеризаминӣ” маълум аст. Чин бо ҳамин шева дар 21 давлати Африқо тайи панҷ соли охир сармояҳои ҳангуфтро ворид карда, бар ивазаш конҳои нуқраву тилло ва маъданҳои қимматбаҳои дигарро ба даст овардааст. Дар ҳоле ки кишварҳои ғарбӣ аз мансабдорони кишварҳои Африқоӣ шаффофият ва риояи рақобати солимро талаб мекунанд, Чин бо истифода аз мизони баланди фасод дар кишварҳои африқоӣ лоиҳаҳои ояндарореро барои ширкатҳояш аз худ дастрас мекунанд. Дар Тоҷикистон низ зоҳиран айни ҳамин раванд идома дорад.

Аммо Георгий Кошлаков, иқтисоддон ва геологи собиқадор дар Тоҷикистон, мегӯяд, дар ҳоле ки кишвар худаш барои коркарду истихроҷи конҳояш сармоя кофӣ надорад, ҷалби сармояҳои хориҷӣ аз ҷумла Чин роҳҳалӣ ягона аст. "Ширкатҳои Чин ҳам дар Тоҷикистон ба мисли ширкатҳои дигар андоз месупоранд ва дар доираи қонунҳои кишвар амал мекунанд. Агар тилло ҳам истихроҷ кунанд, онҳо бе иҷозаи Бонки миллӣ наметавонанд ба хориҷа содир кунанд. Бонки миллӣ бо нархи ҷаҳонӣ тиллоро аз онҳо мехарад. Агар ширкати Тоҷикистонӣ ҳам ҳамин корро кунад, тиллоро бепул намедиҳад, балки мефурушад," – мегӯяд Георгий Кошлаков.

Аммо, ба гуфтаи ин коршинос, ягона мушкил бо ширкатҳои чинӣ ин аст, ки онҳо низ нерӯи кории арзон доранд ва барои кор дар ширкатҳои худ ба ҷалби ҳамватанҳояшон тарҷеҳ медиҳанд, на ба тоҷикони бекор.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG