Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпасгирии 500 ҳазор сомонӣ қарз аз хоҷагиҳои кишоварзӣ


Дар пай як баҳси додгоҳӣ, Бонки "Тоҷпромбонк" дар минтақаи Кулоб тавонистааст, ки аз шаш хоҷагии пахтакор, ҳудуди 500 ҳазор сомонӣ ё муодили 100 ҳазор доллар қарзашро бозпас гирад.

Ахиран додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон, баҳси байни бонки "Тоҷпромбонк" ва 6 хоҷагии кишваорзии минтақаи Кулобро ба манфиати ин бонк ҳал карда ва қарзи ин бонк аз ин хоҷагиҳо ситонида шудааст.

Ином Ризвонов, раиси филилали бонки "Тоҷромбонк" дар минтақаи Кулоб рӯзи панҷшанбеи 19 сентябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз талошҳои чорсола бонк тавонист аз тариқи баҳси додгоҳӣ хоҷагиҳои кишоварзии "Ҳасан Ҳусейн" - и шаҳри Кулоб, "Алвонӣ" -и ноҳияи Фархор, "Ваҳдат" - и ноҳия Ҳамадонӣ ва ду хоҷагии дигари минтақаро водор кунад, то маблағи қарзи худ дар назидл ин бонкро пардохт намоянд.

Ба гуфтаи ҷаноби Ризвонов, ин шаш хоҷагӣ ва дигар хоҷагиҳои кишоварзии минтақаи Кулоб соли 2008 барои рушди пахтакорӣ аз бонки "Тоҷпромбонк" қарз гирфта буданд, аммо ба далели буҳрони молӣ ва поин рафтани қимати пахта натавонистанд, қарзи худро бозпас гардонанд.

Бо ин ҳам ба таъкиди ин масъули бонки "Тоҷромбонк" дар минтақаи Кулоб ин хоҷагиҳо дар солҳои баъдӣ ҳеҷ саъйе барои баргардонидани қарзи худ накарданд, ки дар ниҳоят бонк маҷбур шуд онҳоро ба додгоҳ кашонад.

Исмон Ризвонов мегӯяд, ҳоло баҳсҳои додгоҳӣ нисбати дигар хоҷагиҳои қарздор идома дорад ва умед асат, ки аз ин тариқи бонк битавонад пули худро бозпас гирад.

Ҳамакнун ба иттилои масъулони бонки "Тоҷпромбонк" дар минтақи Кулоб дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорону ширкатҳо маблағи наздики 6 миллион сомонӣ қарз додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 миллион сомонӣ бештар аст.

Ситонидани қарз аз хоҷвагиҳои пахтакор дар ҳолест, ки қарзҳои солҳои пеш гирфтаи воҳидҳои кишоварзии Тоҷикистон аз мушкилоти умда маҳсуб мешавад.

Ба иттилои расмӣ миқдори умуии қарзи хоҷагиҳои пахтакор ба беш аз 500 миллион доллар мерасад, ки борҳо ин мавзуъ то ба сатҳи ҳукумат кашонда шуд.
XS
SM
MD
LG