Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Талко" - як қадам то муфлисӣ


Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, ”Талко” – бузургтарин корхонаи саноатӣ ва яке аз бузургтарин молиётдиҳандагон ба буҷаи кишвар ба вартаи хатарноки муфлисӣ наздик шудааст.

Дар ҳисоботи вазорати молия доир фаъолият ва вазъи молии корхонаҳои азими давлатӣ, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ низ ҳаст, гуфта мешавад, “коефисиенти муфлисшавии корхона дар нӯҳ моҳи соли 2013 ба 0,90 баробар шудааст ва ин гувоҳи он аст, ки корхона дар минтақаи хатарноки муфлисшавӣ мебошад.“

Дар ҳисоботи вазорат омадааст, қарзи “Талко” - ширкати алюминийи Тоҷикистон - дар 9 моҳи соли 2013 ба бештар аз 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ (тақрибан 350 миллион доллар) расидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 266 миллион сомонӣ (тақрибан 53 миллион доллар) зиёдтар аст.

Дар ин санад омадааст, сабабҳои бад шудани ҳоли ин корхонаи маъруфи Тоҷикистон, коҳиш ёфтани қимати алюминий дар бозори ҷаҳонӣ, афзоиши қимати ашёи хом, аз ҳисоби боло рафтани хароҷоти роҳи оҳан, афзудани боҷи содиротӣ аз фурӯши алюминий ва кам шудани шумораи дегҳои алюмингудозӣ дар корхона шудааст. Вазорати молияи Тоҷикистон гуфтааст, ҳарчанд “Талко” соли гузашта барои беҳтар кардани вазъи моливу иқтисодӣ ва рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳонӣ чораву тадбирҳои зарурӣ андешидааст, вале ба “натиҷаҳои начандон дилхоҳ” ноил шудааст.

Давлати Тоҷикистон моҳи декабри соли 2013 эътироф кард, ки ин корхонаи стротегии кишвар рӯзҳои сахтеро пушти сар мекунад ва баъдан раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, амр дод, ки барои ҳифзи фаъолияти корхона ба он кӯмак кунанд. Намояндагони ширкат мегӯянд, ки кор дар ин замина идома дорад.

Игор Сатторов
Игор Сатторов
Игор Сатторов, сухангӯи “Талко” рӯзи 13 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз гуфтугӯ дар бораи вазъи молии корхона худдорӣ кард, вале гуфт, ки кор барои кӯмак ба ширкат идома дорад: “Онҳо бояд муайян кунанд, ки аз кадом роҳ ва чӣ гуна кӯмак кунанд ва барои ин омодагӣ зарур аст. Ва ҳоло раванди омодагӣ барои кӯмак идома дорад.”

Корхонаи алюминий “нигини саноат”, фурӯшандаи моли бозоргиру воридкунандаи асъори хориҷии нақд ва айни замон бузургтарин масрафкунандаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аст. Дар ин корхона айни замон аз се як ҳиссаи аҳолии шаҳри Турсунзодаи 30 ҳазорнафарӣ ва ё тақрибан 10 ҳазор нафар кор мекунанд. Ҳисоботи кори яксолаи ширкати алюминий ҳоло нашр нашудааст, вале дар вазорати молия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки вазъи молии корхона бо гузашти панҷ моҳ аз замони ҳисоботи ахир беҳтар нашудааст.

Саидқул Самиев, раиси бахши мониторинги вазорати молия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳисоботи солонаи Корхонаи алюминийи тоҷик ҳоло дар вазорат баррасӣ мешавад, аммо “бояд ҳақиқатро гуфт”, ки вазъи молии корхона хуб нест: “Дар ҳамингуна шарту шароит аст, ҳозир. Албатта, хатари муфлисшавиаш калон аст, вале новобаста аз ин ҳукумати ҷумҳурӣ албатта кӯшиш мекунад, ки ба ин корхона кӯмаки молиявӣ расонад ва ҳаматарафа дастгирӣ кунад.”

Саидқул Самиев ҳам таъйид кард, ки кумиссиёни махсуси ҳукуматӣ сари масъалаи ихтисоси кӯмак барои беҳтар кардани кору вазъи молии корхонаи алюминий корҳоро идома медиҳад. Ба гуфтаи мутахассисони корхона ва иқтисоддонон, як баста аз мушкилоти дохиливу хориҷӣ сабаб шудааст, “Талко”, ки соли 2007 бештар аз 420 ҳазор тонна алюминий тавлид кард, истеҳсоли ин металли бозоргирро ба таври қобили мулоҳиза кам кунаду ба ин “рӯзи сиёҳ” гирифтор шавад.

Қатъи гази Узбакистон, боло бурдани боҷи транзитии аз тарафи он кишвар, гаронтар шудани қимати хокаи алюминий ва айни замон мудирияти нодурустро аз сабабҳои бад шудани ҳоли корхонаи алюминий медонанд. Соли 2013 дар ин корхона тақрибан 216 500 тонна алюминий тавлид кардааст, ки назар ба соли 2012 бештар аз 20 дарсад камтар аст.

Кам шудани тақозо ва поин омадани қимат як сабаби коҳиши зиёди тавлид будааст. Агар соли 2012 як тонна алюминийро дар бозори ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна 2160 доллар мехариданд, соли гузашта фурушандагони ин метал ночор як тоннаи онро 1830 долларӣ мефурӯхтанд.

Барои аз хатари муфлисӣ раҳо кардани Корхонаи алюминийи тоҷик, вазорати молия тавсия додааст, ки таҷҳизоту дастгоҳҳои онро босуръат иваз карда ва таҷҳизоти наву камхарҷ насб кунанд ва аз ашёи хоми дохилӣ истифода баранд, то хароҷоти корхона камтар шавад. Неъматҷон Бӯриев, муовини вазири иқтисоди Тоҷикистон аввали ҳамин сол гуфт, корҳо дар ин замина идома дорад ва аз ҷумла бар асоси барномаи ҳукуматӣ, баъзе аз иншооти корхонаро ба ихтиёри ҳукуматҳои маҳаллӣ медиҳанд, то хароҷоти ширкат коҳиш ёбад.

Бад шудани вазъи молии корхонаи алюминийи Тоҷикистон бешак фишор ба ҳукумати кишварро зиёд хоҳад кард, зеро ба гуфтаи матбуоти дохиливу хориҷӣ фоидаи зиёди ин корхона ба ҳисоби ширкатҳои миёнараве меравад, ки дар хориҷ сабти ном шудаанд ва ба афроди наздик ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ доранд.
XS
SM
MD
LG