Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Ҳаёев 350 гектар замини Ворухро ба Қирғизистон дод?


Маҳалли тирпарронии 11 январ
Маҳалли тирпарронии 11 январ

Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон Сироҷиддин Аслов ва Эркин Абдилдаев дар як тамоси телефонӣ масоили марбут ба ҳалли вазъи пешомада дар пайи тирпарронии рӯзи 11 январ дар як қисмати баҳсии марзи ин ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Қирғизистон мегӯяд, ин гуфтугӯ рӯзи 23 январбо дархости ҷониби Тоҷикистон сурат гирифтааст. Бино бар ин манбаъ, “ду ҷониб ба зарурати анҷоми ҳарчӣ зудтари таҳқиқи муштараки ин қазияро баён дошта,” гуфтаанд, ки “бар асоси натиҷаҳои таҳқиқот бояд дар қиболи гунаҳкороне, ки боиси сар задани муноқиша шуданд, чораҳои лозим андешида шавад.”

Эркин Абдилдаев, ба гуфтаи дафтари матбуоташ, “ҳамчунин дар ин сӯҳбат ба ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов ёдовар шудааст, ки ҷониби Қирғизистон ҳамчунон мунтазири посухи фарогири ҷониби Тоҷикистон ба тамоми суолҳоест, ки дар нотаҳои қаблан ирсолкардаи вазорати хориҷаи Қирғизистон дар робита ба ин ҳодиса матраҳ шудаанд.”

Эркин Абдилдаев
Эркин Абдилдаев
Ин сӯҳбати телефонӣ дар ҳолест, ки рӯзи 23 январ дар Исфара даври навбатии музокироти ҳайатҳои баландпояи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мешавад. Як мавзӯъи ин нишаст таъсиси гурӯҳҳои муштараки дидбонии марзбонҳо дар марзи байни рустоҳои Хоҷаи Аъло ва Оқсой – маҳалли даргирии рӯзи 11 январ мебошад.

Рӯзи 11 январ оғози сохтмони роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ дар минтақае, ки Тоҷикистон қаламрави баҳсӣ, вале Қирғизистон қаламрави худ мешуморад, боиси муноқиша байни марзбонони тоҷику қирғиз дарм арзи байни рустоҳои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи ноҳияи Бодканд шуд. Ин муноқиша ба тирпарронии тарафҳо печид ва дар натиҷа 2 марбозони тоҷик ва 5 марзбону 1 милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамон рӯзи 11 январ бо пахши як изҳорот гуфт, муноқиша дар қаламрави Тоҷикистон рух додааст ва ҷониби Қирғизистон бар хилофи тавофуқоти қаблӣ даст ба сохтмони роҳ задааст. Вазорати хориҷаи Қирғизистон, ки фаъолтар ба назар мерасид, дар ин 12 рӯзи гузашта аз он муноқишаи марзӣ ба Душанбе алакай 3 нота ва як изҳорот фиристода, баръакс ҷониби Тоҷикистонро айбдор кард, ки бо истифода аз миномётҳо қаламрави Қирғизистонро тирборон карда, монеъи сохтмони роҳе шудааст, ки дар қаламрави Қирғизистон сохта мешавад. Қирғизистон ҳамин тавр, баъди тирпарронии рӯзи 11 январ марзҳояш бо Тоҷикистонро баст ва сафираш Урмат Сараалиевро аз Душанбе “барои машварат” боз хонд ва гуфт, сатҳи намояндагии дипломатиаш дар Тоҷикистонро ба нишони вокуниш ба таниши ахири марзӣ пойин мебарад.

Сироҷиддин Аслов
Сироҷиддин Аслов
Ин қазия Тоҷикистону Қирғизистон – ду кишвари фақиртарин ва маҳрум аз манобеъи газу нафти Осиёи Марказиро, ки ҳамчун кишварҳои болооб дар аксари баҳсҳои минтақавӣ, аз ҷумла бар сари шеваи тақсими манобеъи об ва сохтани нирӯгоҳҳои дар муқобили кишварҳои поёнб назари ҳамсон доштанд, дар рӯбарӯи шояд ҷиддитарин таниш дар таърихи 22?солаи ин ду кишвар қарор дод. Бо онки вазъ дар марз баъд аз он муноқишаи 12 рӯз пеш рӯ ба оромӣ оварда, ба гуфтаи мақомоти пулиси вилояти Суғд, аз 16 январ патрулҳои муштарак дар марзи Исфараву Бодканд ба назорати вазъ шурӯъ карданд, “ҷанги иттилоотӣ” байни мақомоти ду кишвар то ҳол фурӯкаш накардааст.

“Марзи Тоҷикистон Қирғизистон аз куҷо бояд гузарад?”

Аммо тавре “Садои мардум” – нашрияи расмии парлумони Тоҷикистон дар матлабе таҳти унвони “Марзи Тоҷикистон Қирғизистон аз куҷо бояд гузарад?” ихтилофи назари Душанбеву Бишкек бар сари хатти марз таърихи тӯлонӣ дошта, амалан аз соли 1924, соли таъсиси ҷумҳуриҳои ҳанӯз мухтори Тоҷикистону Қирғизистон дар таркиби Иттиҳоди Шӯравӣ маншаъ мегирад.

Муаллифи ин мақола менависад, аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон 514 километраш ба вилояти Суғд рост меояд: “дар ноҳияи Мастчоҳ – 157 км, дар ноҳияи Ғончӣ -56 км, дар ноҳияи Спитамен – 17 км, дар ноҳияи Конибодом – 43 км ва дар ноҳияи Исфара – 186 км.” Бино бар ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир байни ду кишвар танҳо дар марзи навоҳии Мастчоҳ, Ғончӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен 145 200 гектар қаламрави баҳсбарангез вуҷуд дорад, ки 143 ҳазораш дар дасти Қирғизистон ва танҳо 2200 гектараш аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун чарогоҳ истифода мешавад.

Яке аз харитаи замони Шӯравӣ, ки Тоҷикистон ба он такя мекунад
Яке аз харитаи замони Шӯравӣ, ки Тоҷикистон ба он такя мекунад
Муаллиф мегӯяд, ҳанӯз “ 21 сентябри соли 2000 комисиюни байнидавлатӣ оид ба делимитатсия ва аломатгузории марзи давлатӣ бо ҶҚ таъсис ёфта, ба фаъолияти худ оғоз намуд. Вале аз рӯзи аввали таъсис ёфтани комисиюни мазкур ҷонибҳо оид ба масоили истифодаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба созиш омада натавонистанд. Ҷониби Тоҷикистон истифодаи маводҳои марбут ба тақсимоти миллӣ-территориявии солҳои 1924-1927-ро пешниҳод намуд. Вале Қирғизистон талқин менамуд, ки қарори комисюни муштараки соли 1989 истифода гардад. Ҷониби Тоҷикистон, дар мавқеи худ устувор истода, исрор намуд, ки қарори комиссияи муштараки соли 1989 аз равиши ҳуқуқӣ нагузашта, бинобар ин ҳам наметавонад ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ бошад. Аммо Қирғизистон чунин далел пеш меовард, ки агар зарурати тақсимоти қаламрав дар ин миён намебуд, пас солҳои (1938, 1939, 1949, 1958, 1959, 1961, 1987, 1989) комисиюнҳои дигар таъсис дода намешуданд. Вале он комиссияҳоеро, ки ҶҚ мисол овардааст, на барои тақсимоти замин, балки барои ҳалли масоили истифода ва обёрии заминҳо таъсис дода шудаанд.”

Дар шарҳи таърихчаи баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар ин матлаб гуфта мешавад, ки то имрӯз танҳо 505 км ё 51,2 дарсад аз ҷамъи марзи ин ду кишвар марҳалаи делимитатсияро тай кардаанд. Дар ин тӯл танҳо ду мавзеъ - Олтин Мазор ва Шаттӣ (ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Мурғоб) таъйинношуда боқӣ мондаанд. Аммо: “Мушкилоти ҷониби қирғизҳо замоне сар зад, ки тақсимоти марзӣ дар нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияи Ғончӣ оғоз гардид. Вақте сухан дар бораи ин қаламрав рафт, ҶҚ қарори он санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиеро, ки соли 1989 қабул шуда, қаблан ба он такя мекард, якбора инкор намуда, тасмими комисиюни муштараки солҳои 1957-1959-ро, ки масъалаҳои истифодаи замин ва обёрии онро танзим намуда, ба манфиати ҶҚ аст, ҳамчун асос қарор дод. Масалан, ноҳияи Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки дар он обтақсимкунанда ҷойгир аст, мутобиқи ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1989 ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Имрӯз Қирғизистон ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1958-1959 такя намуда, иддао мекунад, ки ноҳияи мазкур ба ӯ тааллуқ дорад.“

“Садои мардум” менависад, асноди ёфтшуда аз бойгониҳои Русия нишон додааст, ки “ҳудуди Ворухи ноҳияи Исфара дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон анклав – дар бумбаст набуда, балки ба шаҳри Исфара пайваст шуда буд. .. Дар охири солҳои 80-ум дар даврони ҳукмронии Қаҳҳор Маҳкамов дар асоси ҳуҷҷате бо имзои собиқ раиси Шӯрои вазирон Иззатулло Ҳаёев, дар ҳудуди байни ҷамоатҳои Хоҷаи Аъло ва Ворух ба қирғизҳо барои истифодаи муваққатӣ 350 га замин ҷудо шуда буд. Ин заминҳо то ҳол боз гардонида нашудаанд. “

Муаллиф ҳамчунин бо такря ба «Харитаи ҳудудҳои баҳсбарангез»-и ҳарбии бойгонии шӯравие, ки Тоҷикистон дастрас кардааст, иддао мекунад, ки “аз дара (бо нишебии кӯҳҳо) ва гиреҳи обанбор, ҷое ки ҷониби Қирғизистон ҳоло қасди сохтани роҳро дорад, ҳудуди Тоҷикистон аст. Бинобар ин, чунин ба назар мерасад, ки Оқ-Сой ҳам мисли Ворух дар бунбаст қарор дорад. Ин ҳолат дар харитаи ҳарбии Амрико дар соли 1955 ҳам тасдиқ шудааст. Дар баробари ин, дар он Ворух умуман дар муҳосира - анклав номида нашуда, балки ба Тоҷикистон пайванд ва Оқ-Сой низ мутааллиқ ба Тоҷикистон омадааст.”

Муаллифи ин мақола, ки “Илҳом Кулиев – коршиноси мустақил” муаррифӣ шудааст, мӯътақид аст, ки дар сурати сохта шудани роҳ аз Оқсой то дарёи Кирафшон ҷониби Қирғизистон маҷрои ин рӯдро метавонад тағйир диҳад ва “дар ин ҳолат Ворух, Чоркӯҳ, Исфара, Конибодом ва қисмате аз қаламрави Ӯзбекистон аз обҳои дарёи Исфара маҳрум хоҳанд монд.”
XS
SM
MD
LG