Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Чех ба Тоҷикистон меояд


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки Милош Земан, раиси ҷумҳури Чех охири моҳи ҷорӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 14 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сафари Милош Земан, раиси ҷумҳури Чех ба Тоҷикистон рӯзҳои 25 то 27 ноябри соли ҷорӣ сурат мегирад. Ин ҳам дар ҳоле, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ пас аз дидори Эмомалӣ Раҳмҳон, президенти Тоҷикистон бо Милош Земан, ҳамтои чехияш дар шаҳри Сочии Русия хабари сафари раиси ҷумҳури Чех ба Тоҷикистон дар тирамоҳи соли ҷориро эълон карда буд. Раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Чех дар ҳошияи ширкат дар маросими ифтитоҳи бозиҳои XXII зимистонаи Олимпӣ дар шаҳри Сочӣ бо ҳам дидору гуфтугӯ карданд.

Ба иттилои ин манбаъ, он замон дар дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Милош Земан масоили ҳамкорӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.Ба иттилои манобеи расмӣ дар сафари қарибулвуқуи Милош Земан ба Тоҷикистон, бар иловаи дидору гуфтугӯяш бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Чех бо бархе дигар аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард ва ҳамчунин имзои чанд санади ҳамкорӣ миёни ҳар ду кишвар дар назар аст. Ҳарчанд Тоҷикистон ва Чех аз ду даҳсола ба ин сӯ равобиту ҳамкориҳое доранд, аммо то кунун ин кишварҳо дар кишварҳои якдигар сафоратхона надоранд.

XS
SM
MD
LG