Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҳи апрел ба сохтани "Диёри Душанбе" сар мекунанд


Сохтмони маҷтамаъи «Диёри Душанбе» дар пойтахти Тоҷикистон ғолибан моҳи апрел оғоз хоҳад ёфт. Ин мавзӯъ дар мулоқоти раиси кумитаи сармоягузории Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо мудири кулли ширкати қатарии «Диёр» Камол Ҳиҷозӣ баррасӣ шудааст. Ин ширкат мехоҳад то 2 соли дигар бар пояи 180 миллион доллар дар соҳили кӯли Ҷавонон дар майдони 68 000 метри мураббаъ як маҷтамаъи бошукӯҳ бисозад. «Диёри Душанбе» аз 5 манзили баландошёнаи истиқоматӣ, 3 маркази тиҷорӣ, як меҳмонсарои панҷситораӣ ва варзишгоҳҳову марокизи тафреҳӣ иборат хоҳад буд. Қатар ҳамчунин сохтмони як масҷид барои 150 000 намозгузорро дар Душанбе бар ӯҳда гирифтааст, ки бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG