Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ дар Тикрит бар гурӯҳи “Давлати Исломӣ” пирӯз шуд


​Баъди як моҳи ҷангҳо, ҳукумати Ироқ гуфт, ки дар набард барои шаҳри Тикрит дар муқобили ҷангиёни гурӯҳи “Давлати Исломӣ” пирӯз шудааст.

Баъди як моҳи ҷангҳо, ҳукумати Ироқ гуфт, ки дар набард барои шаҳри Тикрит дар муқобили ҷангиёни гурӯҳи “Давлати Исломӣ” пирӯз шудааст. Телевизиони давлатии Ироқ нахуствазири кишвар Ҳайдар Ал-Ибодиро намоиш дод, ки рӯзи 1 апрел ҳамроҳ бо низомиён ва раҳбарони сиёсии кишвар дар даст парчами Ироқ дар кӯчаҳои марказии Тикрит гашт мекард. Аз ин пеш вазири дифоъ Холид Ал-Убайдӣ пирӯзии нирӯҳои ҳукуматиро эълон карда гуфт, ки онҳо рисолати худро анҷом доданд.

Ҷангиёни гурӯҳи “Давлати Исломӣ” назоратро бар шаҳри Тикрит, ки дар 140-километрии шаҳри Бағдод ҷойгир аст, моҳи июни соли 2014 дар идомаи ишғоли қаламравҳои марбут ба мусалмонони суннимазҳаб ба даст оварданд. Шореҳон мегӯянд, ки ба даст овардани Тикрит ба маънои аз қаламрави шаҳри Мосул, шаҳри дуюми азимтарини Ироқ ҳам билохира ронда шудани ҷангиёни “Давлати Исломӣ” хоҳад буд. Вазири умури дохила Муҳаммад Ал-Ғаббон ба хабарнигорон гуфт, ки нирӯҳои амниятӣ барои поксозии охирин макони зери назорати ҷангиёни “Давлати Исломӣ” дар ин шаҳр талош доранд. Ба гуфтаи ӯ, дар минтақаи шимолии шаҳр полиси федеролӣ барои поксозии ҳар манзил ва хиёбон ва ҳам аз мина безарар кардани шаҳри Тикрит кор мекунанд.

Рӯзи 2 март як амалиёти фарогир барои озодкунии Тикрит бо ширкати сарбозон, афсарони полис, ҷангиёни шиамазҳабу қабилаҳои суннӣ шурӯъ шуд. Бо дархости ҳукумати Ироқ ҳафтаи гузашта нирӯҳои ИМА ҳамлаҳои ҳавоиро аз болои ҳадафҳои ҷангиён ба роҳ монданд. Сухангӯи Кохи Сафед Ҷош Эрнест гуфт, ин амалиёт дуруст будани стратегияи ИМА зидди гурӯҳи “Давлати Исломӣ”-ро собит кард.

Дирӯз нирӯҳои ироқӣ бо истифода аз снайпер ва ҳам ҷустуҷӯҳои хона ба хона зидди ҷангиёни боқимонда дар Тикрит амалиёт барпо карданд. Як акси маҳвораӣ аз болои Тикрит, ки аз ҷониби СММ дар моҳи феврал нашр шуд, 536 сохмони дар ин шаҳр харобшударо намоиш дод.

Раҳбари парлумон Салим Ал-Ҷубайрӣ аз ҳукумат талаб кард, ки роҳҳои ҷобаҷокунии мардуми аз хонаву сарпаноҳ маҳрумшударо дар Тикрит пайдо кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG