Пайвандҳои дастрасӣ

Гапи ростро аз кӯдак шунав. Тӯҳфаҳои «Бобои Эмомалӣ» ба Гулнигори 3-сола


Духтарчае, ки ба президент Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафараш ба Фархор аз хунук хӯрданаш шикоят карда буд, ҳамагӣ се сол доштааст.

Вақте аз ӯ пурсидем, ки Эмомалӣ Раҳмон кист ва чӣ кор мекунад?, ки ба пешвозаш рафтӣ, гуфт, «ӯ Бобои ман аст ва хунук хӯрдам дастонамро гарм мекунад.»
Рӯзи 27 октябр, дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Фархор,
Гулнигори Наҷмиддин
дар қатори дигар ҳамсолонаш бояд барои президент шеър мехонд, аммо ғайриинтизор аз саф берун шуд ва ба президент шикоят кард, ки ӯ хунук хӯрдааст. Президент ӯро ба оғӯш гирифт ва ба масъулин гуфт, «беинсофӣ накунед, кӯдакон ях кардаанд.» Дар ҳоле Гулнигор дар оғӯши президент қарор дошт, масъулин хоҳиш мекарданд, то шеъри омодакардаашро бихонад, аммо ӯ аз президент кӣ будани ӯву аз куҷо омаданашро пурсид ва ҳамчунин шикоят кард, ки чаро ӯро дар чархбол савор накардааст?


Сабаби таваҷҷӯҳи бештар ба ин духтари сесола он буд, ки ӯ шояд аз аввалин нафароне буд, ки бо ноогоҳии кӯдаконаву ширинзабонӣ аҳволи садҳо ҳамсолашро, ки чӣ дар сармои зимистону чӣ дар гармои тобистон соатҳо ба пешвози президент дар шаҳру навоҳӣ омодагӣ мегиранд, рӯирост гуфт. Оқои Раҳмон аз ин "ошкорбаёнӣ"-ии Гулнигор чунон ба риққат омад, ки мақомоти маҳаллиро хеле накӯҳиш ва истифодаи кӯдакони хурдсол дар маъракаҳои минбаъдаи истиқбол аз ӯро манъ ҳам кард.

Дар сӯҳбат ба мо Гулнигор мегӯяд, «Бобои Эмомалӣ» барояш «лӯхтак» додааст ва «як галла пул.» Ӯ тасмим дорад, ки бо ин пулҳо «пчини сурх» харад. Дар мавриди интихоби касб гуфт, «агар калон шавад, Гулнигор мешавад.»

Наҷмиддин Қиёмиддинов, бобои Гулнигор.

Наҷмиддин Қиёмиддинов, бобои Гулнигор.

Наҷмиддин Қиёмиддинов, бобои Гулнигор ва мудири мактаб дар ҷамоати «10 солагии истиқлолият»-и ноҳияи Фархор, мегӯяд, наберааш сафарҳои президентро аз телевизион ба манотиқи кишвар тамошо карда, ҳамеша орзу мекард, то ӯро назди «Бобои Эмомалӣ» барем. Ӯ мегӯяд, наберааш аз қабл дар васфи президент шеър аз ёд кард, вале дар аввал таҳиягарони барномаи сафари президент ба Фархор бо далели хурд буданаш нахостаанд, то Гулнигор дар ин барнома ширкат кунад. Дар ниҳоят, чун истеъдоди Гулнигорро диданд, ӯро дар барномаи пешвозгирии президент шомил сохтанд ва чанд рӯз омодааш карданд, то аз садои чархбол натарсад.

Бобои Гулнигор афзуд: «Аммо касе ӯро нагуфта буд, ки рафта дар оғӯши ҷанобӣ олӣ дарояд. Ӯ фақат бояд шеър мехонд. Лекин рафтори набераам ба ҷаноби олӣ маъқул шуд. Ҳангоми хайрухуш ҳам президент ба Гулнигор тӯҳфа дод ва гуфт, ки биё, туро ба чархбол савор кунам, аммо ин кӯдак аст ва нарафт. Дар ҳақиқат он рӯз хунук буд ва мо соати 6-и саҳар ба он ҷо рафта будем. Лекин ҷаноби олӣ аз рафтори набераи мо, ки боз ҳангоми хайрухуш барояш шеъри парчамро хонд, хеле хурсанд шуд.»

Зӯҳро Раҳмонова, бибии Гулнигор мегӯяд, худро хушбахттарин зани дунё меҳисобад, зеро рафтори набераи онҳо ба президенти кишвар мақбул афтодааст:«Хел хушҳол шудем, вақте ҷаноби олӣ ӯро ба оғӯш гирифт. Аввал тарсидем, ки ягон гапи хато нагӯяд, вале шукри Худо, ки ӯ боодобона рафтор кард. Барояш лӯхтак, планшет ва як халта шириниҳо доданд, ки то ҳол тӯҳфаҳои бобои Эмомалиам аст, гуфта, хурсандӣ мекунад.»

Шикояти Гулнигори хурдсол аз хунукӣ барои ҳама ногаҳонӣ буд, зеро касе ҷуръати чунин шикоят назди президентро надошт. Аммо ин шикояти ӯ боис шуд, ки президент дар ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлоб аз кӯдакони аз сардӣ хунук хӯрдан ё нахӯрданашонро суол кунад. Аммо кӯдакон дигар мисли Гулнигор посух надоданд ва танҳо як кӯдак, ки дар Кӯлоб меларзид, гуфт, ки ӯ аз чархбол тарсидааст, на ин ки хунук хӯрдааст.

Аммо агар ин шикояти кӯдаконаи Гулнигор аз сардӣ, ки президенти кишвар онро «беинсофӣ» хонд, боиси манъи сафарбарии кӯдакон ба чунин маросимҳо дар оянда шавад, рафтори ин кӯдак дар зеҳнҳо хоҳад монд. Кӯдаке, ки ба фарқ аз ҳазорон калонсол аз гуфтани ҳарфи ҳақ ба раисиҷумҳур ибо накард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG