Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17, 20, 24... Дар 3 рӯз боз 3 худкушӣ


Тайи ҳамагӣ 3 рӯзи ин ҳафта дар вилояти Суғд боз 3 мавриди худкушии занону духтарон, аз ҷумла як зани ҳомила, сабт шудааст. Ин се ҷавонмарг ҳамагӣ 17,20 ва 24 сол доштаанд.

Мақомоти умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, тайи ҳамагӣ 3 рӯзи ҳафтаи охира – аз 11 то 13 феврал – дар вилояти Суғд боз 3 мавриди худкушии занону духтарони ҷавон сабт шудааст.

Ҷавонтарини онҳо 17 сол ва дуи дигар 20 ва 24 сол дошта, яке аз ин занҳо ҳатто дар қадаш фарзанд доштааст.

Ин зани ҳомила, ки рӯзи 11 феҳрал худро ба дор кашидааст, сокини 20-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст. Ба гуфтаи мақомот, ӯ ба наздикӣ шавҳар карда буд, вале ҳанӯз маълум нест, ки оё дар ин хонаводаи ҷавон чӣ гузашта буд, ки ин зан дар моҳи ҳамагӣ дуюми ҳомилагӣ худро биовезад. Ангезаҳои худкушии ин занро бояд акнун тафтишот маълум кунад, чунки дар қиболи ин қазия мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Рӯзи 12 феврал як зани 24-сола дар ҷамоти Понғози ноҳияи Ашт худро ба дор овехта, рӯзи 13 феврал бо айни шева, яъне овехтан, як духтари 17-сола дар манзили падару модараш дар шаҳри Истаравшан ба зиндагӣ падруд гуфтааст.

Мақомот мегӯянд, дар ҳарду маврид ҳанӯз ангезаи худкушии ин зану ин духтар рӯшан нест ва бояд тафтишот онро маълум кунад.

Таҳлилгарон беҳуқуқии занон дар хонаводаҳои умдатан суннатгаро дар Тоҷикистон, мушкилоти хонаводагӣ, аз ҷумла моҷаро бо шаврҳар ё хушдоман ва ҳамин тавр, камбудиҳои иқтисодии оиларо аз ҷумлаи омилҳое меноманд, ки занро дар муқобили ин ҳама бечора мекунад ва садҳо нафари онҳо илоҷе ба ҷуз аз буридани риштаи зиндагии худ намеёбанд.

Аммо мавридҳое ҳам ҳаст, ки духтарони ҷавон дар пайи ҷанҷолҳои зоҳиран ночизе, чун рад шудани дархости онҳо барои харидани ягон матои нав, боис мешавад, ки духтар аз сари қаҳр қасди ҷони худ кунад. Дар чандин мавриди дигар духтарон ба нишони эътироз ба инки онҳоро иҷзоаи идомаи таҳсил дар мактаби олӣ намедиҳанд ваё алорағми хоҳишашон ба нафаре, ки дилашон намехоҳад, ба шавҳар медиҳанд, худкушӣ кардаанд.

Ахиран қазияи ду хонандаи мактаби миёна дар шаҳри Исфара - Гулҷаҳон Раҳимова ва Шоҳзодаи Шӯҳратзода, ки бо истифода аз гарданбанду нӯшидани заҳр худкушӣ кардаанд, ҷомиаи Тоҷикистонро сахт такон дод. Ин ду духтар дар ду мактаби пешқадами шаҳри Исфара -

литсейи №1 ва мактаби №1 - таҳсил мекарданд. Волидайни ҳам Гулҷаҳон ва ҳам Шоҳзода зиёиён будаанд.

Абдулафиз Азизов -- раҳбари литсейи рақами 1-и Исфара дар тамоси телефонӣ бо Озодӣ аз худкушии шогирдаш изҳори таассуф кард. Ӯ гуфт, "Гулҷаҳон ҳамагӣ чор моҳ боз дар литсейи мо таҳсил мекард. Хеле ботамкин ва хушмуомила буд. Дар рейтинги аввал ҳафт-то баҳои чор ва дар рейтинги дувум ҳамагӣ чор-то баҳои чор дошт. Боқимонда баҳояш аъло буданд. Хоҳари калонии Гулҷаҳон ҳатто барандаи стипендияи президентист."

Ҷаноби Азизов афзуд, худкушии ин хонандаи синфи нӯҳум рӯзи 28 январи соли ҷорӣ, ки ҳанӯз таътили зимистона идома дошт, рух додааст. Гулҷаҳон Раҳимова таътилашро дар Душанбе дар манзили бобояш гузаронда, ҳамагӣ як рӯз баъди бозгашташ ба Исфара даст ба ҷони худ задааст. Абдулафиз Азизов гуфт, "то ҳанӯз посухи ин суолро ки чаро Гулҷаҳон худкушӣ кардааст, пайдо накардем."

Вилояти Суғд аз лиҳози шумори худкушиҳои занон дар Тоҷикистон ҷои аввалро мегирад. Ҳар сол дар Тоҷикистон, бино ба оморҳо, беш аз 400 зан ба ҷони худ қасд мекунанд ва тақрибан нисфи ин мавридҳо маҳз дар шимоли кишвар сабт мешавад.

XS
SM
MD
LG