Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи марбут ба Толибони Афғонистон се сарбози кишвари Туркманистонро дар минтақаи Марӣ, ҳамсарҳад бо вилояти Бодғиc ба қатл расониданд. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳуҷум чанд нафари дигар ҳам маҷрӯҳ шудаанд.

Минтақаи Муғур ва Боломурғоби вилояти Бодғиси Афғонистон, ҳамсарҳад бо Туркманистон дар солҳои ахир шоҳиди даргириҳои мусаллаҳона миёни Толибон ва нирӯҳои амниятии афғон будааст. Аммо барои нахустин бор аст, мақомоти маҳаллӣ гурӯҳи мусаллаҳи Толибонро ба қатли се сарбози туркман муттаҳам кардаанд.

Мирвайс Мирзаквол, сухангӯи волии Бодғи, рӯзи 28 уми феврал дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ду рӯзи пеш, Толибони мусаллаҳ се тан аз сарбозони Туркманистонро дар хоки он кишвар ба қатл расониданд.

Оқои Мирзаквол мегӯяд, ин ин амал аз тарафи нафарони марбут ба Мавлавӣ Абдулло, яке аз фармондеҳони нирӯҳои муасаллҳи мухолифи давлат анҷом шудааст. “Ин гурӯҳ дар минтақаи Туршайхи ҳаммарз бо Туркманистон болои пулиси марзии ин кишвар ҳуҷум бурд, дохили марзи Туркманистон шуд ва се сарбози туркманро кушт ва тибқи хабарҳое, ки мо дорем, як-ду нафари дигарро ҳам марҷӯҳ кардаст.”

Сухангӯи водии Бодғис мегӯяд, ин афрод пайваста талош доранд, ки суботро дар ин минтақа аз байн бибаранд, вазъи амниятиро дар ин минтақа ноором кунанд. Мирзаквор иддао кардааст, ки Толибони мусаллаҳ дар ин минтақа аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ, ба вижа Покистон пуштибонӣ мешаванд. Сухангӯи волӣ ҳамчунин гуфт, ки то кунун далели ангезаи ин ҳодиса мушаххас нест ва мақомоти маҳаллӣ ба бозҷӯии ин ҳодиса оғоз кардаанд. “Марказе барои таъмин ва омода кардани ин гуна нирӯҳо дар Бодғис вуҷуд надорад ва шояд онҳо аз роҳи дур ҳимоят шаванд” - гуфт сухангӯи волии Бодғис.

Бо он ки мақомоти маҳаллӣ ҷангиёни Толибонро дар куштори сарбозони кишвари Туркманистон муттҳам кардаанд, вале то ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин амалро бар дӯш нагирифтааст. Намояндагии Туркманистон дар Ҳирот низ то ҳол ба куштори сарбосони кишвараш вокуниш накардааст.

Дар чанд соли ахир мақомоти Бодғис борҳо гуфтаанд, ки шуморе аз атбои хориҷӣ дар ин вилоят, ба вижа минтақаи сарҳадии Боломурғоб Толибонро дар корҳои тахрибкорӣ ва вижа минагузориро таълим медиҳанд. Ин ҳодиса дар пасманзари ҳушдорҳое рух додааст, ки мегӯянд, баъди хуруҷи нирӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, сарҳади кишварҳои ҳамсоя, бо шумули Туркманистон, Тоҷикистон ва Узбакистон бо чолишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Туркманистон бо Афғонистон 744, Тоҷикистону Афғонистон 1500 километр ва Узбакистон бо Афғонистон 137 километр марзи муштарак доранд.То суқути Шӯравӣ ва чанд соли баъд аз он ҳифозати сарҳади баъзе кишварҳои Осиёи Марказиро нирӯҳои Русия бар дӯш доштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG