Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҷангҳои Сурия се нафар аз минтақаи Кӯлоб кушта шудаанд


Мақомоти вилояти Хатлон мегӯянд, дар ҷангҳои Сурия ду зодаи шаҳри Кӯлоб ва яки дигар аз ноҳияи Восеъ ҳалок гашта, як тани дигар аз шаҳри Кӯлоб аз пояш маҷрӯҳ шудааст.

Бино ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон, ду сокини шаҳри Кӯлоб ва яке дигар аз ноҳияи Восеъ дар ҷангҳои Сурия ҳалок гардидаанд. Ҳамчунин як сокини дигари шаҳри Кӯлоб дар Сурия аз пояш маҷрӯҳ шудааст.

Ин маълумотро Фарҳод Саидзода, намояндаи раёсати кумитаи амнияти миллии вилояти Хатлон рӯзи 31 январ зимни вохӯрии мақомоти давлатӣ ва амниятии вилояти Хатлон бо ҷавонон ва донишҷӯёни коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва донишгоҳи шаҳри Кӯлоб баён кард. Ба гуфтаи ҷаноби Саидзода, боз як зодаи ноҳияи Восеъ бо номи Баҳриддин Мӯъминов бо ҷурми ширкат дар муқовиматҳои Сурия тибқи қонунҳои амалкунанда маҳкум ба зиндон шудааст.

Ин дар ҳолест ки ошӯбҳо дар Сурия алайҳи режими Башор Асад ҳанӯз идома доранд ва бино ба тахминҳои мақомоти расмӣ, ҳудуди 150 шаҳрванди Тоҷикистон аз ду ҷониб дар ҷангҳои он кишвари арабӣ ширкат доранд. Гуфта мешавад, ҷангиёни тоҷик умдатан тавассути кишварҳои сеюм ба Сурия рафта, ё аз миёни онҳоеянд, ки дар донишгоҳҳои он кишвар таҳсил мекарданд.

Тибқи бархе маълумотҳо, то оғози ошӯбҳо дар Сурия ҳудуди 190 ҷавони тоҷик таҳсил мекарданд ва коршиносон баъид намедонанд, ки онҳоро ҳам баъди бозгашт дар Тоҷикистон сарнавишти Баҳриддин Мӯъминов интизор хоҳад буд. Ахиран 5 донишҷӯи собиқи як донишгоҳи Сурия бо ҷурми ширкат дар мухолифатҳои мусаллаҳона дар он кишвари арабӣ дусолӣ ҳуукми зиндон гирифтанд. Ҳарчанд бархе воқеъияти иттиҳоми зидди онҳоро зери суол бурда мегӯянд, мақомоти амниятии Тоҷикистон ин се толибилмро бар пояи танҳо ҳадсу гумонҳои исботашон ғайримумкин ба додгоҳ кашонданд.

Мавзӯъи аслии вохӯрии мақомоти давлативу амниятӣ бо ҷавонон ва донишҷӯён дар шаҳри Кӯлоб нигарониҳо аз афзоиши мизони ҷурму ҷиноят миёни ноболиғону ҷавонон дар қаламрави вилояти Хатлон ва ҷилавгирӣ аз пайвастани онҳо ба созмону ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва мамнӯъ гуфта мешавад.

Дар суханрониаш Қурбонбой Каримов, муовини аввали раиси вилояти Хатлон, ки раҳбариии ҳайати мадомоти ҳукумати вилояти Хатлон ва ниҳодҳои интизомӣ ва қудратиро бар дӯш дорад, аз зиёд шудани мавориди ҷиноят миёни ноболиғону ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кулоб изҳори ташвиш кард.
Ҷаноби Каримов ҳамчунин а риояи муқаррароти қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва қонуни танзими расму оин таъкид намуд.

Аммо сарҳанг Толиб Назаров, муовини аввали сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ахиран мавориди даст ба ҷиноят задани ноболиғону ҷавонон, ба хусус донишҷӯён дар қаламрави ин вилоят афзудааст. Ба иттилои ӯ, дар соли гузашта 185 ноболиғ ҷиноят содир кардаанд, ки назар ба 95 ҷинояткори ноболиғи боздоштшуда дар соли 2012 ду маротиба бештар аст.

Ҳамзамон Т. Назаров таъкид кард, ки аз 735 ҷинояткори дар кофтукоббуда 315 нафараш дастгир шудааст. Аммо дар ҳоли ҳозир 420 нафар ҷинояткор дар ҷустуҷӯ қарор доранд ва 92 нафари онҳо ҷавононанд.

Масъулони Донишгоҳи давлатии шаҳри Кулоб сабаби афзоиш ёфтани ҷинотякорӣ миёни ҷавононро дар набуди иртиботи миёни падару модарон бо донишгоҳ унвон мекунанд. Абдулло Табаров, раиси Донишгоҳи давлатии Кулоб дар ин робита бо изҳори таассуф гуфт, "иртибот миёни падару модари донишҷӯ бо донишгоҳ қариб вуҷуд надорад. Мутаассифона, волидайни донишҷӯёне, ки ба амалҳои номатлуб даст мезананд, дар давоми таҳсил танҳо ҳангоми ба донишгоҳ дохил шудани фарзандашон ва ё замони хориҷ шудани ӯ робита доранду халос."

Аммо ҷаноби Табаров бар ин назар аст, ки новобаста ба чунин ҳолатҳо бояд таълиму тарбияро миёни донишҷӯён дуруст ва ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шавад, ки дар ин кор худи вай талош хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, ҳайати мақомоти ҳукумати вилояти Хатлон таҳти раҳбарии Қурбонбой Каримов сислсилаи мулоқотҳо дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлобро дар рӯзҳои оянда идома медиҳанд. Дар ин ҳайат намояндагони ҳукумати вилояти Хатлон ва ҳамчунин раҳбарони раёсати амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ, додситонӣ ва кумитаи дини вилоят шомиланд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG