Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Адана - истгоҳи охирини 2 тоҷики роҳии Сурия


Акс аз сомонаи haberduyum.com

Акс аз сомонаи haberduyum.com

Дар вилояти Адана дар ҷануби Туркия 38 хориҷӣ, бо шумули ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони қасди пайвастан ба созмони тундрави “Давлати исломӣ дастгир кардаанд.

Бахши зиддитеррори пулиси минтақаи Сейҳани вилояти Адана дар ҷануби Туркия аз ошкор кардани як шабакаи байналмилалие хабар медиҳад, ки ба гуфтаи мақомот, ҷангиёни ояндаро барои пайвастан ба созмони тундрави “Давлати исломӣ” аз тариқи Туркия ба Сурияву Ироқ интиқол медод. Рӯзи 9 ноябр дар як амалиёти нирӯҳои амниятии Туркия длар Сейҳан, бино ба хабарҳо, 38 нафар, бо шумули ду шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шудаанд.

Нашрияҳои туркӣ аз қавли манобеи худ дар пулиси зиддитеррори минтақаи Сейҳан хабар доданд, ки дар байни боздоштшудаҳо 15 кӯдак ва 10 зан ҳам ҳастанд ва пулис ду нафарро бо иттиҳоми кумак ба интиқоли ҷангиёни оянда ба ҳабс гирифтааст.

Бино ба гузориши матбуоти Туркия, аз ҷумла нашрияи “Haberturk”, 14 тан аз афроди дар Адана боздоштшуда шаҳрвандони Озарбойҷон, 7 нафар аз Индонезия, 5-нафарӣ – аз Ироқу Қирғизистон, 3 тан – аз Эрон ва дунафарӣ аз Тоҷикистону Афғонистон будаанд.

Ин афродро, бино ба гузоришҳо, баъд аз анҷоми ташхиси тиббӣ ба бахши маҳаллии хадамоти муҳоҷирати Туркия супурдаанд. Туркия маъмулан афроди дар роҳ ба сӯи Сурия ё Ироқ боздоштшударо аз қаламраваш ихроҷ мекунад.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Анкара рӯзи 9 ноябр дар сӯҳбат бо Озодӣ танҳо гуфтанд, ки қазияро таҳқиқ мекунанд. Як ҳамсӯҳбати мо дар сафорат гуфт, ҳанӯз иттилои расмие аз ҷониби мақомоти Туркия дар бораи боздошти 3 шаҳрванди Тоҷикистон дар Адана дарёфт накардаанд.

Вале ин нахустин мавриди боздошти шаҳрвандони тоҷик дар қаламрави Туркия дар роҳи пайвастан ба сафи “Давлати исломӣ” нест. Дар моҳи октябр дар пайи як амалиёти махсуси мақомоти интизомии Туркия дар Истамбул 53 шаҳрванди Тоҷикистону Узбакистон, аз ҷумла 24 ноболиғ, боздошт шуданд. Мақомоти Туркия мегӯянд, ки ин афрод ғайриқонунӣ дар қаламрави он кишвар ҷой гирифта, қасд доштаанд, ба гуруҳи "Давлати исломӣ" бипайванданд. Аз манзилҳои онҳо дар маҳаллаҳои Пендик ва Каяшаҳер варақаҳои мухталифи тамосҳо ва харитаи маҳалҳое, ки бояд дар он ҷо биҷанганд, ёфт шудааст. Расонаҳои Туркия гуфтанд, аз ин 53 боздоштшуда танҳо сеяш аз Тоҷикистон ва бақия аз Узбакистонанд.

Вазорати дифои Туркия дар тобистони имсол дар як гузориши вижа гуфт, дар нимаи аввали сол, яъне дар моҳҳои январ - июн дар марзи ин кишвар бо Сурия дар маҷмӯъ 468 шаҳрванди хориҷӣ аз 36 кишвар, аз ҷумла 6 нафар аз Тоҷикистон, дастгир шудаанд. Бовар меравад, ки онҳо бо ҳадафи пайвастан ба гурӯҳҳои тундгарое, чун “Давлати исломӣ” роҳии Сурияи ҷангзада будаанд.

"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундрави ҷангҷӯст, ки аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи террористии "Ал-Қоида" ҷудо шуда, соли гузашта қаламравҳои бузургеро дар Сурия ва Ироқ тасарруф кард. Ин созмон, ки бо қатли омм ва ҳатто зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани мухолифонаш ва пайравони динҳои дигару шохаҳои дигари дини Ислом ном баровардааст, иддао дорад, ки ҳадафаш эҳёи "хилофати воҳиди исломӣ"-ст.

Бар пояи оморҳо, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар ҳудуди Ироқ ва Сурия меҷанганд, беш аз 500 нафар буда, мақомот мегӯянд, то имрӯз даҳҳо нафари онҳо дар ҷангҳо дар он ду кишвари арабӣ кушта шудаанд. Ахиран як манбаи Озодӣ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон шумори ҳалокшудаҳо аз ин кишвар дар Сурияву Ироқро ҳатто то 300 нафар баршумурд. Мақомоти Тоҷикистон бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши шумори шаҳрвандонаш дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ”, барои онҳое, ки ихтиёран аз Сурияву Ироқ бармегарданд, афви гуноҳ пешниҳод кардаанд. Бино ба иттилои мақомот, то ҳол ҳудуди 36 тан аз шаҳрвандони тоҷик бо эҳсоси пушаймонӣ аз пайвастани худ ба “Давлати исломӣ” аз Сурияву Ироқ ба ватан баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG