Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захмӣ шудани 3 муҳоҷири тоҷик дар як занозанӣ баъди консерти наврӯзӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Баъди консерти наврӯзӣ дар Петербурги Русия се муҳоҷири тоҷик мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Як нафарро бо захми тир ва дуи дигарро бо захми корд ба бемористон интиқол додаанд.

Ҳамлаи шаби 25 март ба як гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия мунҷар ба ҷароҳат бардоштани се нафар шудааст. Гуфта мешавад, ин се нафарро дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол додаанд. Як нафар тир хӯрда, ду нафари дигар аз муҳоҷирони тоҷикро дар ин занозанӣ дар кӯчаи Дибенко, 27 дар ҳудуди шаҳраки Веселий Посёлок корд задаанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик тақрибан соати яки шаб вақте рух додааст, ки онҳо аз консерти наврӯзӣ бармегаштанд. Бино ба маълумоти дарёфтӣ, ҳамлагарон ҳудуди 10 нафар ва ба эҳтимоли ғолиб, низ аз Тоҷикистон будаанд.

Нафари тирхӯрда 36-сола ва ду нафаре, ки захми корд бардоштанд, 34 ва 39-сола будаанд. Исми онҳо ҳанӯз нашр нашудааст. Аммо гуфта мешавад, ки дар ин занозание, ки ба тирпаррониву кордкашӣ печидааст, ғолибан аз пистолети травматикии “ОСА” ва камони “дробовик” истифода шудааст. Табибон дар бадани муҳоҷири тирхӯрда 4 захми тирро ташхис кардаанд.

Дар қиболи ин ҳодиса бар асоси қисми якуми моддаи 111-уми Кодекси ҷиноии Русия (барқасдона расондани осеби вазнин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Ин банди Кодекси ҷиноии Русия ҳамчун ҷазо то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 25 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сафорат қазияи занозанӣ дар Санкт-Петербургро таҳқиқ мекунад: “Бино ба маълумоте, ки мо аз тариқи раиси диаспораи тоҷикон дар Петербург то ин соат дарёфт кардем, занозанӣ зоҳиран байни ду гурӯҳи тоҷикон сурат гирифтааст. Вале гузоришҳое ҳам ҳаст, ки гӯё як гурӯҳи дигар ба муҳоҷирони тоҷик ҳамла кардааст. Сафорат қазияро пайгирӣ мекунад.”

Дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, ба ҳисоби консулгарии ифтихории Тоҷикистон, 86 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ва то 4500 зодаи Тоҷикистон, ки алакай соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд, кору зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо дар сохтмонҳо, идораҳои коммуналӣ ва дар бозору амборҳои меваву сабзавоти ин шаҳр кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG