Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи ноҳияи Фархор се сокини ин минтақаро барои барангехтани кинаву адовати миллӣ ва ифротгароӣ мутаносибан ба 5, 5 ва 14 соли зиндон маҳкум кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Фархор се сокини ин минтақаро ба иттиҳоми "барангехтани кинаву адовати миллӣ ва ифротгароӣ" аз 5, 5 то 14 сол равонаи зиндон кардааст.

Масъулони додгоҳи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон рӯзи сешанбеи 1 март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ зимни тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки “додгоҳ Низоми Миралӣ, сокини 31 солаи ҷамоати “Ғайрат” –и ноҳияро тибқи моддаи 189, қисми 2, банди г, яъне, "барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ" ва 307/1, 307/3- "ташкили фаъолиятҳои ифротгароӣ" ва 401 - "зархаридӣ, ҷалб ва маблағгузорӣ ё таъминоти дигари модии зархаридӣ ё истифодаи онҳо дар амалиётҳои мусаллаҳона" ба 14 сол маҳкум ба зиндон кард.

Ба гуфтаи ин масъулон, тафтишот собит кард, ки Низоми Миралӣ, аз ҳаводорони гурӯҳи “Давлати исломӣ” буда ва бар иловаи он, ки дар миёни ҷавонони деҳа ифротгароиро таблиғ мекардааст, ҳамчунин тариқи шабакаи Интернет дигар ҷавононро барои пайвастан ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ташвиқ намудааст.

Ҳамчунин, тибқи ҳукми додгоҳи ноҳияи Фархор бародарон Хушназар ва Саймуҳаммад Ғаффоровҳо -- аввалӣ 32-сола ва дуввумӣ 43-сола, сокинони ҷамаоти “Ғайрат” бар асоси моддаи 307/2, яъне, "ташкили иттиҳодияҳои динии ифротгароӣ" мутаносибан ба 5, 5 ва 6 сол маҳкум ба зиндон шудаанд.

Тибқи иттилои додгоҳ, Саймуҳаммад Ғаффоров, ронанда ва бародараш Хушназар деҳқонӣ карда ва ба мисли Низоми Миралӣ ба таблиғу ташвиқи ғояҳои “Давлати исломӣ" машғул будаанд.

Зимнан, Низоми Миралӣ ва бародарон Хушназар ва Сайдаҳмад Ғаффоровҳо моҳи ноябри соли 2015 аз ҷониби мақомот боздошт шуда ва аз манзили онҳо компютер, телефон ва адабиёти дорои ғояҳои ифротгароӣ кашфу мусодира шудааст.

Маҳкум ба зиндон шудани се сокини ноҳияи Фархор дар ҳолест, ки тибқи иттилои мақомоти амниятӣ ҳафт сокини ин минтақа ба Сурияву Ироқ рафта ва дар амалиётҳои ҷангӣ ширкат дошта ва яке аз онҳо кушта шудааст.

Теъдоди афроди ширкаткунанда дар ҷангҳои Сурияву Ироқ аз минтақаи Кӯлоб ба беш аз 100 нафар мерасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG