Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се шахси муттаҳам ба тарҳрезии ҳамлаҳо дар Ҷакарта


Се нафар дар робита ба ҳамлаҳои маргбори рӯзи панҷшанбеи 14-уми январ дар Ҷакарта - пойтахти Индонезия, боздошт шудаанд.

Расонаҳои Индонезия гузориш медиҳанд, ки субҳи рӯзи ҷумъа дар шаҳри Депок, воқеъ дар ҷануби пойтахти ин кишвар се шахси муттаҳам бо тарҳрезии ҳамлаҳо дар Ҷакарта боздошт шуданд.

Телевизиони маҳаллии Метро иброз доштааст, ки яке аз боздоштшудаҳо масъули таҳияи бомбаҳо, дигарӣ мутахассиси аслиҳа ва сеюмӣ имом-хатиб аст, вале ҳеҷ ишорае нест, ки онҳо дар ҳамлаҳо бевосита иштирок кардаанд ё хайр?

Комиссари баландпояи полиси шаҳри Депок Комбес Двионо дар бораи шароити боздошт тафсилот дод: “Афроди мо хабар расонданд, ки ба шахсони боздоштшуда дастур дода шуд, то фармонҳоро иҷро намуда, сарсупурда бошанд. Таҳқиқот идома дорад ва мо иттилои бештар дода наметавонем.”

Бар асари ҳамлаҳои рӯзи панҷшанбе дар Ҷакарта ҳафт нафар ба ҳалокат расиданд: яке шаҳрванди Индонезия, дуюмӣ соҳиби ду шаҳрвандӣ: Алҷазоир ва Канада ва панҷ нафари боқимонда ҳамчун масъулони ҳамлаҳо ёд шудаанд.

Дар хушунатҳои рӯзи панҷшанбе ҳамчунон 24 каси дигар ва аз ҷумла якчанд шаҳрванди кишварҳои ғарбӣ ҷароҳат бардоштаанд.

Боздошти 3 нафар дар робита бо ҳамлаҳои ахири Ҷакарта
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Коршиносон аз эҳтимол дур намедонанд, ки таҳдиди ҳамлаҳои мусулмонони ифротӣ дар зери таъсири гурӯҳи "Давлати исломӣ" бештар хоҳад шуд. Дар айни замон, онҳо бо ишора ба ҳамлаҳои рӯзи панҷшанбе таъкид кардаанд, ки масъулони ин амал ифротиҳои маҳаллӣ мебошанд, ки тамрини хуб надида, силоҳи онҳо содда будааст.

Мақомоти Индонезия мегӯянд, масъулияти ҳамлаҳои ахири Ҷакарта бар дӯши гурӯҳи "Давлати исломӣ" буда, сарпарасти он ҷангҷӯйи маҳаллӣ Баҳрун Наим аст. Мансабдорони индонезӣ бар ин назаранд, ки Наим шабакаи ҷангҷӯйи Катиба Нусантараро раҳбарӣ намуда, бо маркази гурӯҳи "Давлати исломӣ", воқеъ дар Раққаи Сурия иртибот дорад.

Солҳои ахир Индонезия борҳо бо ҳамлаҳои ифротиҳо рӯ ба рӯ шудааст. Моҳи гузашта мақомоти ин кишвар бо ишора ба маълумоти қобили эътимод иброз доштанд, ки ҷангҷӯён дар пайи таҳияи бомбгузориҳову ҳамлаҳо дар ин кишвар ҳастанд. Дар арафаи иди милоди масеҳ ва Соли нав 150 ҳазор афсару сарбоз ба таъмини амният дар калисоҳо, фурудгоҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии Индонезия сафарбар шуданд.

XS
SM
MD
LG