Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти се сокини деҳаи Саричашмаи ноҳияи Нуробод ба гумони узвият дар ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯъи Салафия хабар дод. Ин дар ҳолест ки Душанбе қаблан мавзеаш нисбат ба салафиҳоро зоҳиран нармтар нишон медод.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 9 март ба Озодӣ гуфт, ки воқеан ин се ҷавон аз ноҳияи Нуробод ба иттиҳоми узвият дар ҳаракати Салафия боздошт шудаанд. Зимнан вазорати корҳои дохилӣ дар як гузориши вежаи телевизионӣ тариқи шабакаҳои давлатӣ низ ин се сокини боздоштшудаи Нурободро ба намоиш гузошт. Яке аз ин боздоштшудаҳо тариқи телевизион аз пайвастанаш ба ин ҳаракат изҳори пушаймонӣ карда, ҳамчунин аз ҷавонони дигар даъват кард, ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайр напайванданд ва ба мазҳаби дар Тоҷикистон роиҷи Ҳанафӣ содиқ бимонанд.

Ҳарчанд ҷараёни Салафия дар Тоҷикистон ҳанӯз моҳи январи соли 2009 бо як ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуда буд, аммо муносибати давлат ба ин ҷараён ҳамеша яксон набуд.


Таҳлидагарони умур дар ин авохир дар ба такя ба ҷонибдории мушвори президент аз ҷараёни Салафия ва бо фармони авф аз маҳбас озод шудани як гурӯҳи салафиҳо, аз нармиши сисёати ҳукукмат дар қиболи аъзоёни ин ҷараён сухан мегуфтанд.

Саидмурод Фаттоев

Саидмурод Фаттоев

Чун дар миёнаҳои соли гузашта ҳатто Саидмурод Фаттоев , мушовири давлатии президент оид ба масъалаҳои робита бо ҷомеа гуфта буд, давлати Тоҷикистон ба хотири хашадор нашудани муносибати кишвар бо бархе аз давлатҳои халиҷи Форс наметавонад ба ҷараёни Салафия сахт фишор оварад. Ҷаноби Фаттоев, ки дар як ҳамоиши муносибати дину давлат сухан мегуфт, афзуд, ки ҷараёни Салафия дар Арабистони саъудӣ мазҳаби расмӣ эътироф шудааст ва фишори зиёд болои салафиҳо метавонад ба муносибати миёни кишварҳо халал ворид кунад.

Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба Эшони Сироҷиддин,ки қаблан бо ҷурми узвият дар ҷараёни Салафия боздошт ва ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба Озодӣ гуфт, ҷавонони тҷоик ба далели нокофӣ будани донишҳои мазҳабиашон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мазҳабии барои Тоҷикистон «нозарур» мепайванданд.

Эшони Сироҷиддин

Эшони Сироҷиддин

Ин рӯҳонӣ меафзояд: «Азбаски асли ақидаи мазҳаби Имоми Аъзамро (р.а) мардуми мо намефаҳманд ва аз ин рӯ ба ҳар гурӯҳ дохил мешаванд. Ҳоло бархе ба ном эшону муллоҳо мардумро фиреб карда, гуфта истодаанд, ки мо дар мазҳаби Имоми Аъзам ҳастему дар ақидаи Мотрудӣ. Ҳол он ки аксарияти ақидаҳои ин олим зидди пешвои мазҳаби мо аст.» Дар ҳамин ҳол, Эшони Сироҷиддин аз тариқи ҳавасмандкунии молӣ ҷалб шудани ҷавонон ба ҷараёни Салафияро таъйид накард ва гуфт бештари ҷавонон аз гумроҳӣ ва кам будани дониши мазҳабӣ иштибоҳан вориди ин гуна гурӯҳҳо мешаванд.

Аммо Абдулло Муҳаққиқ, таҳлилагари масоили динӣ дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, саркардаҳои ҷараёни Салафия барои ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба сафҳои худ аз ҳамагуна роҳҳо, аз ҷумла усули ҳавасмандкунии пулӣ густурда истифода мекунанд: «Хатари «Салафия» дар он аст, ки онҳо ягон арзишҳои милливу бумии кишварҳоро эътироф намекунанд . Онҳо тамоми мақбараҳои барои мусалмонон муқадасро бидъат ва куфр медонанд ва тахриб кардани онҳоро як амлаи савоб мепиндоранд. Дар Сурия маҳз салафиҳо мақбараи Иброҳим Халилуллоҳро бо садои «Аллоҳу Акбар» бо тракторҳо тахриб карданд.»
Ҷаноби Муҳақиқ мегӯяд, Салафия ба ваҳдати кишвари мо хатар дорад.

Абдуллоҳ Муҳаққиқ

Абдуллоҳ Муҳаққиқ

Дар ҳамин ҳол аъзоёни ҷараёни Салафия, ки ба далоили амниятӣ аз гуфтани номашон худдорӣ мекунанд, мегӯянд, ҳаракати онҳо ба амнияти ҷомеаҳо ҳеҷ хатар надорад ва баракс мақсади эшон рушду тарақиёти ҷомеаҳои мусалмонанон буда онҳо танҳо мехоҳанд дини Исломро аз ҳар гуна хурофоту боварҳои нодуруст, ки дар давоми қарнҳо ба дини Ислом часпонда шудаанд, пок созанд. Пайравони ин равия барои сохтани як ҷомиаи шабеҳи замони аҳли Салаф, яъне аҳди паёмбари Ислом мубориза мебаранд.

Аммо дар кишварҳои зиёде, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ин равияи мазҳабӣ ифротӣ ва мамнӯъ эълон шудааст. Пешгирӣ аз фитна дар байни мусалмонҳо, ки беш аз 90 дарсад аз 8 миллион ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил дода, аксаран аз равияи Ҳанафии мазҳаби суннӣ пайравӣ мекунанд, яке аз далелҳои манъи ин равия аз сӯи Додгоҳи олиии Тоҷикистон дар соли 2009 гуфта мешуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG