Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи се афсари пулиси Русия барои куштани муҳоҷири тоҷик


Фаррух Урозов - аз тарафи рост.

Фаррух Урозов - аз тарафи рост.

Ҳафтаи оянда се афсари пулиси Русия бо иттиҳоми латукӯб ва қатли як муҳоҷири тоҷик ба додгоҳ эҳзор хоҳанд шуд. Тафтишот мегӯяд, Фаррух Урозовро шиканҷа дода, куштаанд.

Рӯзи 19 январ додгоҳи ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав ба муҳокимаи парвандаи се афсари пулиси бахши ҷустуҷӯи ҷиноии ноҳияи Солнечногорск бо иттиҳоми шиканҷа ва куштори муҳоҷири тоҷик Фаррух Урозов шурӯъ мекунад. Станислав Дейкун, Андрей Чернишев ва Владимир Гордеев - бар асоси қисми чоруми моддаи 111-ум (расондани осеби ҷисмонӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси ҳалокати одам шудааст) ва се банди аввали қисми сеюми моддаи 286-уми Кодекси ҷиноии Русия (баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ бо истифода аз хушунат ва силоҳу васоили вижа ва расондани осеби сангини ҷисмонӣ) айбдор мешаванд. Қонунгузории Русия барои иттиҳоми аввал ҳамчун ҷазо аз 5 то 15 соли зиндон ва барои иттиҳоми дувум аз 3 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Зодаи ноҳияи Фархори Тоҷикистон Фаррух Урозов, ки 39 сол дошт ва дар яке аз сохтмонҳои Солнечногорск кор мекард, шоми 17 сентябри соли 2014 бар асоси шикояти як зани ҳамсоя, ки ӯро ба таҷовуз ба номуси духтари шашсолааш айбдор карда буд, боздошт шуд. Ӯ субҳи 18 сентябр дар боздошт даргузашт.

Сербей Бабинетс, ҳуқуқшиноси Кумитаи пешгирӣ аз шиканҷа, як созмони ҳомии ҳуқуқи Русия, аз манфиатҳои Илҳом Алихонов, бародари Фаррух Урозов ҳимоят мекунад. Сергей Бабинетс рӯзи 15 январ дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси хулосаи тафтишот Фаррух Урозов нафасгир шуда, мурдааст: “Афсарони пулис ҳангоми бозпурсӣ ба бадани Фаррух 75 зарба задаанд. Дар натиҷа 13 қабурғаи ӯ шикаста, роҳи нафасаш банд шудааст. Фаррух дар ниҳоят нафасгир шудааст.”

Сергей Бабинетс афзуд, онҳо умед доранд, ки додгоҳ ҳамаи омилони марги Фаррух Урозовро ба масъулият хоҳад кашонд: “Се афсаре ки ба додгоҳ эҳзор мешаванд, онҳоеянд, ки мустақиман дар латукӯби Фаррух даст доштанд. Ба ғайр аз ӯ, раҳбари бахши ҷустуҷӯи ҷиноии пулиси Солнечногорск ҳам муқассир буд, вале кораш ба додгоҳ нарасид. Чанд пулиси дигар бо ҷазоҳои интизомӣ халос хӯрданд. Мо пойфишорӣ хоҳем кард, ки ин се афсар ҷазои сазовор бигиранд. Мо ҳамчунин талош мекунем, то ки ҳамаи афроди дастдошта дар марги Фаррух Урозов ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.”

Изи латту кӯб ва шиканҷа дар бадани Фаррух Урозов. Акс аз Сергей Бабинетс

Изи латту кӯб ва шиканҷа дар бадани Фаррух Урозов. Акс аз Сергей Бабинетс

Кумитаи тафтишоти вилояти Маскави Русия рӯзи 15 декабр аз анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноии се афсари пулиси муттаҳам дар марги муҳоҷири тоҷик Фаррух Урозов хабар дод. Олга Брадий, сухангӯи Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав он вақт ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, бино ба хулосаҳои ташхиси тиббӣ, муҳоҷири тоҷик бар асари шикастани 13 қабурғааш ҷон бохтааст.Ба гуфтаи ӯ, маълум шудааст, ки афсарони пулис барои маҷбур кардани Урозов ба эътироф гуноҳ ба бадани вай дастикам 75 зарба задаанд.

Фаррух Алихонович Урозов шоми 17 сентябри соли 2014 баъди бозгашташ аз ҷои кор дар манзили иҷораашон бар асоси шикояти як зани ҳамсоя боздошт шуд. Ин зан Урозовро ба таҷовуз ба номуси духтари шашсолааш айбдор мекард.

Илҳом Алихонов, бародари Фаррух гуфта буд, “баъдан маъмурони пулис ману Фирдавс Сатторовро ҳам бо худ ба шӯъба бурданд. Дар он ҷо дидам, ки дар утоқе Фаррухро мезаданд ва ӯ бо дастони баста хунолуд рӯи фарш хобида буд. Чанд лаҳзае, ки дари он утоқ нимабоз буд, ӯ гуфт, “дигар тоқат карда наметавонам.” Ба гуфтаи бародараш, вақте ҷасади Фаррухро рӯзе баъд дар сардхона ба ӯ нишон доданд, дар баданаш изи зиёди зарбу лат дида мешуд.

Ба гуфтаи мақомоти Русия, се афсари пулис тоҷики боздоштшударо то мурдан задаанд, то ки даст доштанаш дар таҷовуз ба номуси ин духтарро эътироф кунад. Ӯ ҳамон шаб дар коридори шӯъбаи пулис, ҳанӯз то расидани “Ёрии таъҷилӣ” ҷон бохтааст. Табибони “Ёрии таъҷилӣ”, ки марги ин боздоштшударо ташхис кардаанд, мегӯянд, қабурғаҳои ӯ шикаста буд ва дар баданаш варам (гематома)-ҳои зиёд мушоҳида мешуд.

Рӯзи 20 сентябри соли 2014 се афсари пулис бо ҷурми шиканҷа ва куштори ин шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон боздошт шуданд.

Тобути Умаралӣ Назаров

Тобути Умаралӣ Назаров

Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол беш аз 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Ҳар сол аз Русия ҷасади беш аз 1000 муҳоҷири тоҷикро ба Ватан меоранд. Омори дақиқе вуҷуд надорад, ки оё чанд нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар идораи пулису зиндонҳо, аз ҷумла ба иллати шиканҷа, ҷон мебозанд, вале ҳалокати Фаррух Урозов дар пулиси ноҳияи Солнечногорск нахустин мавриди марги шаҳрвандони тоҷик дар боздоштгоҳҳову дар шӯъбаҳои пулиси Русия нест.

Танҳо дар моҳи декабри соли 2013, дар фосилаи ҳамагӣ 10 рӯз – аз 14 то 24 декабр – дар боздоштгоҳҳои пулиси Русия якбора се тоҷик ба таври мармуз ҳалок шуданд.

Аммо пурсарусадотарин парванда марги Умаралӣ Назаров, як кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик дар пайи боздошти волидонаш аз сӯи маъмурони ФМС ва пулис дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия буд. Ин тифлро низ рӯзи 13 октябр ҳамроҳ бо волидонаш ба шӯъбаи пулис бурданд ва ӯ чанд соат онҷо буд. Умаралиро баъди бад шудани вазъаш ба бемористон интиқол доданд, вале ӯ рӯзи 14 октябр даргузашт. Марги ӯ мавҷи эътирозҳо дар чанд шаҳри Русия ва ҳамчунин дар Амрикову Олмон ва ҳатто дар Ҳонгконгро дар пай дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG