Пайвандҳои дастрасӣ

20-уми феврал яке паси дигар дар се кишвар ҳукуматҳо ва як узви маҷлис аз мақоми худ истеъфо доданд.

Ду чиз ин се хабарро ба ҳам пайванд медиҳад. Аввалан, вожаи “истеъфо” ва сониян, он ки дар ҳар се ҳолат мансабдорон бо вуҷуди фишори шароити мавҷуда ихтиёран аз мақоми худ канор рафтаанд. Дар бисёре аз кишварҳои дигар ва махсусан Осиёи Марказӣ фарҳанги истеъфо вуҷуд надорад. Мансабдоронро ба бадтарин ҷурмҳо айбдор мекунанд ё онҳо сабаби рӯйдодҳои ногувор мешаванд, аммо ин ҷасоратро надоранд, ки ба хотири беҳтару поктар сохтани ҳавои сиёсии кишвари хеш аз мақоми худ истеъфо диҳанд.

БУЛҒОРИСТОН

“Ман намехоҳам, узви ҳукумате бошам, ки полисаш мардумро латукӯб мекунад.” Бо ин суханон аз минбари порлумон сарвазири Булғористон, Бойко Борисов, аз мақомаш истеъфо дод ва ба дунболи ӯ ҳамаи аъзои ҳукумат низ вазифаҳои худро супурданд. Бойко афзуд: “Мардуманд, ки ҳаққи ҳокимият доранд ва ман ин ҳокимиятро ба онҳо бармегардонам.”


Эълони истеъфои ҳукумати Булғористон пас аз чанд рӯзи гирдиҳамоиҳои хушунатомез дар София, пойтахти ин кишвар ва панҷ шаҳри дигари он садо дод. Мардум бо эътироз аз афзоиши нархи нерӯи барқ ва вазъи бади иҷтимоии худ ба майдонҳо рехтанд. Бо оғози тазоҳурот Борисов вазири молияи ҳукумати худро барканор кард ва гуфт, иҷозаи кори ширкати чехиеро, ки бо тақсими нерӯи барқ машғул аст, бекор ва нархи барқро арзон хоҳад кард. Дар тазоҳуроти София наздик ба 2000 нафар ба майдон баромада буданд ва дар бархӯрд бо нерӯҳои интизомӣ даҳ нафар захмӣ шудаанд.

Истеъфои ҳукумати Булғористон ва сарвазири он ҳамчунин дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки то интихоботи порлумонии ин кишвар дар моҳи июли соли равон чизе бештар аз чаҳор моҳ боқӣ мондааст.

ТУНИС

Сарвазири Тунис, Ҳамади Ҷабалӣ, баъд аз он ки натавонист, ҳимояти ҳизби худро дар ташкили як ҳукумати муваққатии технократӣ ба даст орад, аз мақомаш истеъфо дод.

Ҳизби исломгарои ӯ – “ан-Наҳда” ҳоло дар Тунис ҳизби ҳоким ба шумор меравад. Тунис аввалин кишваре буд, ки ду сол пеш дар он “Баҳори араб” сар шуд ва инқилоби мардумӣ ҳукумати раисиҷумҳури деринаи ин кишвар Зайнулобидин Бен Алиро сарнагун кард. Аз он вақт то имрӯз Тунис бо хушунатҳое рӯбарӯст, ки тундравони мазҳаби Салафия роҳандозӣ мекунанд.

Қатли сиёсатмадори дунявӣ ва мухолифи давлат, Шукрӣ Белайд, рӯзи 6-уми феврали соли равон тазоҳуроти густардаи аҳолӣ ва бӯҳрони сиёсиро ба миён овард. Тазоҳуркунандагон қатъи зӯроварӣ ва ҷорӣ шудани адли иҷтимоиро талаб мекарданд. Сарвазир Ҷабалӣ ваъда дод, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ин бӯҳронро бо роҳи ташкили як ҳукумати васеъбунёд, ғайримазҳабӣ ва технократ бартараф хоҳад кард. Аммо ҳизби исломии ӯ барояш чунин иҷозаро надод ва ин сабаби истеъфои Ҷабалӣ гардид. Ҷабалӣ намояндаи гурӯҳи мӯътадилони ҳизби исломии “ан-Наҳда” ба шумор рафта, аз моҳи декабри соли 2011 сарвазири Тунис буд.

РУСИЯ

Узви Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Русияи воҳид”, Владимир Пехтин, баъд аз ошкор шудани моликияташ дар аёлати Флоридаи Амрико, аз узвият дар маҷлиси қонунгузори Русия даст кашид. Вай гуфт: "Манфиати интихобкунандагон ва ҳизбам аз манфиатҳои ман дида болотаранд. Ва шубҳае нест, ки ман мехоҳам, номи поки худро ҳифз кунам. Имрӯз ман, ба назарам, ягона тасмими дуруст мегирам, яъне мандати худро месупорам. Мандатеро, ки ҳамеша бо муборизаи одилонаи сиёсӣ ба даст овардаам.”

Пехтин афзуд, бо ин роҳ талош мекунад, рафиқони ҳизбии худро аз ин моҷаро беосеб гардонад. Ҷанҷол замоне сар зад, ки сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалний Пехтинро муттаҳам кард, ки манзил ва қитъаи замини худ дар Майамии Амрикоро дар феҳрасти моликияти худ номбар накардааст. Дар эъломияи вакил танҳо моликияти ӯ дар Русия зикр шудааст. Пехтин мегӯяд, моликият дар Амрико на ба ӯ, балки ба писараш Алексей тааллуқ дорад.

Владимир Пехтин аз соли 1999 узви Думаи давлатӣ буда, ба кумиссюни ахлоқии он сарварӣ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG