Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршинос: "Ислоҳи пулис бо тағйири ному либос нест"


Масъулони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ислоҳоти пулис дар Тоҷикистон ҳанӯз дар марҳалаи эҷоди заминаҳои қонунӣ қарор дорад.

Ҳайдар Муҳаммадиев, масъули ин ислоҳот аз вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар САҲА мегӯяд, дар наздиктарин фурсат гурӯҳи корие бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон ташкил мешавад, ки дар ҳамдастӣ бо САҲА барномаи ислоҳоти идораи пулисро тарҳрезӣ мекунад ва ин барнома раванди ислоҳотро зина ба зина фароҳам хоҳад кард:

«Баъд аз ин сар мекунем. Боз ба парлумон барои тасвиб мефиристем. Аз рӯи ин барнома, бояд қонуни нав дар бораи пулис, қонуни нав дар бораи сабти номи ҷиноятҳо, қонуни нав дар кафолати иҷтимоӣ барои кормандони полис, яъне дар маҷмӯъ чанд қонуни навро омода кунем. Аз ин хотир, аввал барнома бояд дар парлумон ба тасвиб расад.»

Созишномаи ислоҳоти пулис миёни Тоҷикистон ва САҲА моҳи феврали соли равон ба тасвиб расид ва мақомот аз шурӯъи ин раванд дар Тоҷикистон гузориш доданд. Аммо Jane’s Intelligence Review, маркази омӯзишҳои иктишофӣ дар Лондон ин равандро дар як гузориши худ “ислоҳоти ҳабсшуда” унвон кардааст. Ин созмон гуфтааст, ки ислоҳот ба чанд далел пешрафт надорад, ки умдатарини он набуди ҳазинаи кофӣ, фасодкорӣ буда, ҳамчунин бо чолишҳое монанди терроризм ва қочоқи маводи мухаддир рӯ ба рӯ аст.

Ҳайдар Муҳаммадиев вуҷуди ин мушкилот, махсусан ба фасодкориву қочоқи маводи мухаддир даст доштани ходимони вазорати корҳои дохилиро эътироф мекунад, аммо мегӯяд, мақомоти кишвар барои пешбурди ислоҳоти идораи пулис мароми ҷиддӣ доранд. Ҷаноби Муҳаммадиев мегӯяд, ислоҳот ба он хотир зарур аст, ки дағалӣ бо мардум, латукӯби боздоштшудагон ва коҳиши эътимоди аҳолӣ аз тарафи баъзе ходимони пулис кормандони ҳирфаӣ ва баномуси онро аз кор дар ин идора дилсард накунад ва обрӯи пулисро аз ин ҳам поёнтар набарад.

Оливер Янсер, мушовири мубориза бо терроризм ва масъули ислоҳоти пулиси САҲА гуфт, дар ҳоли ҳозир таърифи комил аз зарурати ислоҳот ба вуҷуд омада, барнома аз рӯи нақша пеш меравад: “Акнун нақша чӣ аст? Як қатор мутолиоте, ки мардум ва ҷомиаи маданӣ доранд, дастрас шудаанд. Дар бораи ин ҳам иттилоъ дорем, ки чӣ нигарониҳое мардум доранд, бахусус дар бораи фасод, таҳдид аз сӯи полис, шиканҷа. Ин ҳама бояд дар ҷомиа ислоҳ шаванд. Ва мушаххасан ҳадафи аслии ислоҳоти мо қарор хоҳанд дошт.”

Аммо коршиносони тоҷик бо ишора ба ислоҳот дар ниҳодҳои дигари давлатӣ мегӯянд, ба муваффақияти дигаргуниҳо дар идораи пулис бовар надоранд.

Абдуқодир Қосимов, сарҳанги мустаъфии милисаи Тоҷикистон мегӯяд, то ба ҳол ҳеҷ ислоҳот дар сохторҳои давлатӣ муваффақ набуд ва боздеҳи дилхоҳ надошт: «Агар бо дигар кардани ному либоси милисагӣ ислоҳот шавад, андешаи ғалат аст. Дар ҳоле, ки маоши милисаҳо ба куллӣ тағйир нахӯрад, пулиси мо ба пулиси кишварҳои мутараққӣ баробар шуда наметавонад. Онҳо моҳе то панҷ ҳазор доллар маош мегиранд. Агар ба онҳо пора пешниҳод кунӣ, худро таҳқиршуда меҳисобанд. Аммо милисаи мо аз гирифтани 1 сомонӣ ор намекунад.»

Бар пояи барномаи ислоҳоти пулиси Тоҷикистон, ки даҳ сол идома мекунад ва 10 миллион доллар ҳазина хоҳад дошт, маоши кормандони ин ниҳод аз 500 доллар боло хоҳад буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳоло вазири умури дохила ҳудуди 4 ҳазор ва генералҳо1, 5 ҳазор сомонӣ маош доранд.

Музаффар Олимов, раҳбари маркази таҳлилии «Шарқ» мегӯяд, ислоҳи вазъи куллӣ дар Тоҷикистон танҳо ба ислоҳоти полис вобаста нест: «Барои чӣ дар дигар сохторҳои қудратӣ, масалан, урдуву амният ва дигарон ин ислоҳот несту фақат дар милиса аст? Агар дар ҳама сохторҳо ислоҳот шавад, натиҷа медиҳад, агар не, сатҳӣ хоҳад буд. Дигар ин, ки 10 миллион барои ислоҳот кофӣ нест, агар худи ҳукумат ҳам имконоти молиявиашро ба кор наандозад.»

Тоҷикистон яке аз се кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки ба ислоҳоти идораи пулис даст задааст. Дар гузашта барномае монанд ба ин дар Қазоқистон таҷруба шуд, ки ба гуфтаи коршиносон чандон муваффақ набуд. Ба қавли онҳо, агар барномаи ислоҳот дар як кишвари сарватманде, мисли Қазоқистон муваффақ набуд, пас чиро мешавад аз Тоҷикистон интизор шуд, ки тавони иқтисодияш назаррас нест.
XS
SM
MD
LG