Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 3 тан барои пинҳон кардани аслиҳаи узви гурӯҳи Назарзода


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон се сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо бо ҷурми пинҳон кардани силоҳҳои як узви гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода боздошт кардаанд.

Се сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба ҷурми пинҳон кардани силоҳҳои як узви гурӯҳи муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода, боздошт шудаанд.

Тавре аз дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар доданд,, “бародарон Ҳасан ва Маҳмадсолеҳ Ҳасановҳо аз дасти ҳамсояашон Муҳиддин Ҷамилов ду туфангча бо тирдон ва 20 дона тиррро дар манзили зисташон пас аз ҳодисаи 4-уми сентябр пинҳон кардаанд”.

Муҳиддин Ҷамилов зимни бозпурсӣ иқрор кардааст, ки як узви гурӯҳи Назарзода ҳангоми фирор ин ду туфангчаро бо тирҳо ба ӯ дода, худ фирор кардааст. Аммо ӯ ин тапончаро барои пинҳон кардан ба писарони ҳамсоя додааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин узви гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъи Тоҷикистон, ки дар ташкили гурӯҳи ҷиноӣ айбдор дониста мешавад, дар ҷустуҷӯ қарор дорад, аммо нисбат ба се сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои пинҳон кардани силоҳи оташфишон парванди ҷиноӣ боз шудааст. Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло даҳҳо тан аз аъзоёни гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" ҷустуҷӯ мешаванд.

Худи Ҳоҷӣ Ҳалим дар пайи як амалиёти 12-рӯза, дар таърихи 16-уми сентябр кушта шуд. Дар пайи ин амалиёт беш аз 150 нафар ҷонибдорони ӯ боздошт шуданд ва ба гуфтаи мақомот, беш аз сад тарафдори ӯ, ки бо худ баъзе силоҳ низ доранд, мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

Бар асоси иттилои расмӣ, давоми 12 рӯзи амалиёт алайҳи ин гурӯҳ 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ бо шумули Рустам Амакиев, фармондеҳи гурӯҳи “Алфа” ва аз гурӯҳи Назарзода 25 тан кушта шуданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG