Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А.Қаҳҳоров: "Парвандаи Мирзохӯҷа Аҳмадов ниҳоӣ нашудааст"


Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи Тоҷикистон
Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи Тоҷикистон

Вазири дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, даст доштан ё надоштани Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи собиқи мухолифини Тоҷикистон дар ҳамла ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ дар рӯзи 19-уми сентябр дар дараи Камаробро, тафтишот муайян хоҳад кард.

Абдураҳим Қаҳҳоров, ки дар нишасти матбуотӣ сӯҳбат мекард, бо хабарнигорон гуфт, гунаҳкор будан ё набудани Аҳмадов собит нашудааст. Вай афзуд, дар куштори сарбозони вазорати дифоъ чанд гурӯҳ муттаҳам мешаванд ва тафтишот мизони ҷурми онҳоро муайян мекунад.

Вазири корҳои дохила гуфт, тамоми ҳудуде, ки ҷангиён пинҳон шудаанд, дар муҳосира аст. Вай афзуд, 30 нафари онҳо маҷбур шудаанд силоҳ ба замин гузоранд. Оқои Қаҳҳоров гуфт, бар пояи қонунгузории ҷиноӣ, омоли ҳар яки онҳо ба алоҳидагӣ таҳқиқ мешавад ва агар дар ҷинояте даст надоранд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешаванд.



Вай афзуд, аз ҷайби яке аз 7 ҷангии кушташуда дар водии Рашт шиносномаи русӣ пайдо шудааст, ки ба шаҳрванди Русия Равил Сайфуллин тааллуқ дорад.

Нақшаҳои Мулло Абдулло

Вазири дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, Абдулло Раҳимов, маъруф ба Мулло Абдулло, ки раҳбари мухолифини мусаллаҳи давлат унвон мешавад, дар шарқи Тоҷикистон қасди таъсиси як урдугоҳи байналмилалии террористиро дорад.

Абдураҳим Қаҳҳоров, ки дар як нишасти матбуотӣ сӯҳбат мекард, гуфт, Мулло Абдулло бо чунин дастуре вориди Тоҷикистон шудааст. Вай афзуд: «Аммо ман фикр намекунам, ки онҳо зиёданд. Онҳо асосан таслиҳоти тирандозӣ доранд, аз қабили худкор (автомат), мусалсал (пулемет), милтиқҳои тактирандозӣ (снайпер) ва хумпораандоз (гранатомет). Таври маълум, 30 нафари онҳо ба ҳукумат таслим шудаанд ва барои дастгир кардани ҷангиёни боқимонда кӯмак мекунанд».

Оқои Қаҳҳоров дар мавриди ин, ки оё шаҳрвандони кадом кишварҳо бо Мулло Абдулло ҳамдастӣ доранд ва ҳамчунин мавсуф амри кадоме аз созмонҳои террористиро иҷро мекунад, чизе нагуфт.

Аммо як манбаъ, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, гуфт, Мулло Абдулло ҳанӯз моҳи апрели соли 2008 ба Тоҷикистон омада, бо амри «Ал-қоида» фаъолият мекунад ва ҳадафаш ҳам ба роҳ мондани фаъолиятҳои ин созмон дар Тоҷикистон аст.

Усома бин Лодини тоҷик

Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон Мулло Абдуллоро Усома бин Лодини тоҷик унвон мекунанд, ки вуҷуд доштану надоштанаш таҳти суол аст, аммо шахсияташ барои пиёда кардани кадом як тарҳҳое хизмат мекунад.

Санҷар Ҳамидов, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, Мулло Абдулло як чеҳраи барои ҷонибҳо дар замони ҷанги шаҳрванди мақбул набуд, аммо сол ба сол ҳарфҳо дар бораи ӯ зиёд мешаванд:

«Баъд аз соли 1997 ӯ сол ба сол бар асоси ривоятҳо бузург мешавад, балки худ як афсона шудааст. Аз ҳама аҷиб ин аст, ки Мулло Абдуллоро марҳала ба марҳала мекуштанд. Гӯё ӯро соли 2001 дар Афғонистон кушта буданд. Боз шунидем, ки ҳангоми убури марзи Тоҷикистону Афғонистон кушта шудааст. Соли 2009 боз дар Тавилдара пайдо шуд, ки то ба ҳол касе ӯро надидааст. Аз ин хотир, гуфтан, ки ӯ вуҷуд дорад, кори содда нест. Дурусттараш, ӯ як бин Лодини дигар аст, як фантом, яъне шабаҳ».

«Таркиши Хуҷанд кори дасти ҲИУ аст»

Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ҳамчунин дар мавриди фаъолияти гурӯҳи «Ансоруллоҳ», ки масъулияти таркиши Хуҷандро ба зимма гирифта буд, изҳори беиттилоотӣ кард:

«Дар бораи ин, ки инҳо ба гурӯҳи Ансоруллоҳ шомиланд, чизе гуфта наметавонам. Барои он ки дар бораи як гурӯҳ сӯҳбат кунем, бояд донем, ки ҳадафи он чист, кӣ роҳбараш аст, чӣ ақидаву низомнома дорад».

Абдураҳим Қаҳҳоров таркиш дар шаҳри Хуҷандро кори дасти Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва гурӯҳи 14-нафараи дар Истаравшан боздоштшударо аъзои ин созмон номид. Вай афзуд, ҳоло теъдоди бузурги аъзои ин ҳаракатро тоҷикон ташкил медиҳанд.

Тибқи иттилоъи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, беш аз 40 сокини Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият ба ин созмон дар пайгарди қонун қарор доранд, ки аксаран зодаи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ҳастанд. Бар асоси ин манбаъ, тайи 9 моҳи соли равон, дар қаламрави Тоҷикистон 16 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ боздошт шудаанд, ки ба амалиёти террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир машғул будаанд.

Радди вуруди гурӯҳҳои ҷангиён


Дар бораи вуруди гурӯҳҳои ҷангиён ба Тоҷикистон вазири корҳои дохила гуфт, ягон гурӯҳи бузург аз Афғонистон ба ин кишвар ворид нашудааст, аммо бештар гурӯҳҳои қоҷоқбари маводди мухаддир фаъол шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, куштори 25 сарбози вазорати дифоъ дар дараи Камаробро вазири дохилаи Тоҷикистон кори дасти гурӯҳи Мулло Абдулло ва Аловуддин Давлатов номид ва даст доштани Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи собиқи мухолифинро, ки қаблан аз сӯи мақомот созмондиҳандаи ин ҳамла унвон шуд, аммо ҳоло ба ҳукумат пайвастааст, таъйид ё такзиб накарда, гуфт:

«Ҳоло ҳеҷ кас нагуфтааст, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов ҳеҷ гуноҳ надорад. Ман ҳам ин масъулиятро ба зима намегирам, ки изҳор дорам, ки ӯ гунаҳкор ҳаст ё не. Парвандаи ҷиноӣ дар бораи куштори сарбозони вазорати дифоъ боз шудааст. Тафтишот маълум мекунад, ки кӣ чӣ гуноҳ дорад».

Вазири дохилаи Тоҷикистон гуфт, ҳоло дар шарқи Тоҷикистон ҳудуди 30 ҷангӣ дар муҳосира қарор доранд ва то 10 рӯзи дигар амалиёт дар ин минтақа ба охир хоҳад расид. Вай афзуд, то ҳол ҳудуди 10 тан ҷангӣ кушта ва даҳҳо нафари дигар боздошт шудаанд. Оқои Қаҳҳоров таъйид кард, ки аз якеи кушташудагон шиносномаи шаҳрванди Русия ба номи Равил Сайфуллинро пайдо кардаанд.
XS
SM
MD
LG