Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хӯроки шоми “Одамхӯр” аз дилу ҷигари Илёс


Владимир Малишев.
Владимир Малишев.

Додгоҳи вилояти Волгогради Русия се сокини маҳаллиро барои се куштор дар маҷмӯъ ба 44 соли зиндон маҳкум кард. Яке аз онҳо, ки бо лақаби “Одамхӯр” зикр мешавад, як муҳоҷирро кушта, аз дили ӯ барои худ хӯроки шом пухтааст.

44 сол ҳукми зиндон аз сӯи додгоҳи вилояти Волгогради Русия ба парвандаи пурсарусадои се куштор дар ин вилоят нуқтаи таммат гузошт. Сокинони рустои Рахинкаи ноҳияи Среднеахтубински вилояти Волгоград Дмитрий Малишев, Владимир Бризгунов ва Владимир Морозов, ки дуи аввалаш 27-сола ва сеюмӣ 23-солаанд, мутаносибан ба 25, 12 ва 7 соли зиндон маҳкум шуданд.

Ин гурӯҳ дар тирамоҳи соли 2013 бо қасди ғорат бо як ҳамлаи мусаллаҳона ду тоҷири раҳгузарро, ки зану шавҳар буданд, куштаанд, вале ба ҷарӣ сарозер шудани мошини онҳо натавонистаанд пулу молашонро ба яғмо баранд. Аммо ин парванда бештар бо куштори ваҳшиёна бо аломатҳои каннибализм (одамхӯрӣ) сарусадои зиёд ба по кардааст.

“Ҳоло мо пиёз реза карда, меандозем. Ва ҳоло навбати сабзӣ...”

Дмитрий Малишев дар қатли ваҳшиёнаи як муҳоҷири тоҷик бо номи Илёс айбдор дониста шуд. Дар ҷараёни мурофиа гуфта шуд, ки Малишев моҳи феврали соли 2014 бо Илёси 46-сола, ки низ дар рустои Рахинка кору зиндагӣ мекард, вориди муноқиша шуда, ӯро дар як кӯчаи торики Рахинка поида, бо ломи оҳанин мекушад.

Малишев баъди куштани Илёс ҳам ором намегирад ва дили ӯро канда гирифта, аз он хӯроки шом мепазад. Дмитрий Малишев ҳамаи инро бо телефони мобилаш ба навор гирифтааст ва аз ин навори видеоӣ дида мешавад, ки ӯ чигуна ҷараёни хӯрокпазиаш аз гӯшти инсонро шарҳ медиҳад: “Ҳоло мо пиёз реза карда, меандозем. Ва ҳоло навбати сабзӣ...”

Наталя Кунитская, ёвари раиси департаменти робита бо матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Волгоград рӯзи 1 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Малишев дар ҳақиқат дили Илёсро канда, аз он хӯрок пухтааст. Дар ҳақиқат ҷараёни хӯрокпазиашро ба навор гирифтааст. Дар ҳақиқат талош кардааст, то ин хӯрокро ба гурбааш хӯронад. Аммо инки оё худаш ҳам хӯрдааст ё на, мо инро тасдиқ ё рад карда наметавонем. Дар навори видеоӣ дар телефони Малишев ин қисматаш нест.”

Вале расонаҳои Русия, аз ҷумла “Совершенно секретно”-и чопи Маскав ва нашрияи маҳаллии “Волгоградская правда”, бо такя ба манбаъҳои худ дар мақомоти тафтишотии Волгоград навиштаанд, Малишев нафақат дили Илёсро пухта хӯрдааст, балки зоҳиран гӯшти инсон чунон хушаш меояд, ки ӯ рафта, боз чанд узви дигари бадани мақтулро ҳам канда мегирад ва ба хӯроки шомаш ҳамроҳ мекунад. Дар матбуоти маҳаллӣ Малишев бо лақабҳои “Каннибал” (“Одамхӯр) ва “Сердцеед” зик мешавад.

Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, Малишев дар ҳоле аз гӯшти Илёс барои худ хӯроки шом мепухт, ки дар ҳуҷраи дигари он манзил зану ду кӯдакаш масти хоб буданд. Малишевро билофосила баъди ёфт шудани ҷасади Илёс дастгир карданд. Муфаттишон мегӯянд, изи хунин ба сӯи хонаи Малишев мебурд ва сагҳои бӯгири пулис низ ҳангоми кофтукоби хонаи ӯ дар ошхона бӯи гӯшти инсонро ҳис карда, ба уллоскашӣ сар кардаанд.

Наталя Кунитская ба Озодӣ гуфт, Илёс расман шаҳрвандии Русияро дошт. Вале “Совершенно секретно” аз қавли Олег Родионов, муфаттиши парвандаҳои хеле муҳими Кумитаи тафтишоти вилояти Волгоград мақтулро зодаи Тоҷикистон ном мебарад, ки дар Рахинка мардикорӣ мекард.

Александр Чернов, раҳбари дафтари матбуоти додгоҳи вилояти Волгоград рӯзи 1 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, номи кушташудаҳо нишон медиҳад, ки қурбониён, аз ҷумла оне ки Дмитрий Малишев дилашро канда, хӯроки шом пухтааст, аз мардуми маҳаллӣ нестанд. Вале ӯ афзуд, “мутаассифона, дар ҳукми додгоҳ гуфта нашудааст, ки онҳо аз кадом кишвар ба Русия омадаанд.” Оқои Чернов дар мавриди далелҳои ин куштори ваҳшиёна гуфт, “онҳо бандитанд ва чӣ далел ҳам дошта метавонанд? Бандит бандит аст.”

РОҲЗАНҲОИ АСРИ 21

Дар ҷараёни тафтишот Дмитрий Малишев даст доштанаш боз дар як куштори то он замон ошкорнашударо эътироф кард. Ӯ ба муфаттишон гуфт, дар тирамоҳи соли 2013, вақте онҳо мехостанд аз роҳи ғоратгарӣ ба даст овардани пул, дӯсти ӯ Владимир Бризгунов як автомати Калашников овард ва онҳо – Малишев, Бризгунов ва Морозов - барои гирифтани силоҳи бештар нақшаи ҳамла ба мошини пулисро мекашанд.

Аммо дар охирин лаҳза ё мошини пулис зудтар аз канори роҳи камингирифтаи онҳо зудтар мегузарад ваё шарикони Малишев аз ҳамла ба мошини пулис метарсанд. Дар иваз ин сегона як мошини раҳгузари “Шевроле –Нива”-ро, ки сарнишинонаш як тоҷири маҳаллӣ ва ҳамсари ӯ будаанд, ҳадафи тирборон қарор медиҳанд. Аммо мошини ҳамлашуда ба ҷарӣ сарозер мешавад ва раҳзанон натавонистаанд пулу моли кушташудаҳоро, ки ҳадафи ҳамлаашон буд, ба даст биоранд.

Тафтишот мегӯяд, раҳбари идеявии ин гурӯҳ маҳз Малишев буд ва онҳо фақат барои тасдиқи ин, ки аз чизе наметарсанд ва метавонанд ҷони инсонҳоро бигиранд, даст ба куштор задаанд. Ҷиноятҳои онҳо заминаи молӣ ҳам доштааст, чунки Малишев мегуфтааст, онҳо бо анҷоми ҳамлаҳои мусаллаҳона дар дили мардуми атроф тухми тарс кошта, тамоми минтақаро таҳти назорати гурӯҳи ҷиноияшон хоҳанд овард ва бо ин роҳ “пули хуб” кор хоҳанд кард.

Александр Чернов, раҳбари дафтари матбуоти додгоҳи вилояти Волгоград рӯзи 1 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи вилоят дар ҳукмаш аз 12 майи соли 2015 Дмитрий Малишев, Владимир Бризгунов ва Владимир Морозовро дар ду куштор, қасди куштори кормандони пулис, дуздӣ в ағайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳу муҳимот, қасди рабудани мошин бо истифода аз хушунат айбдор шинохт.

Малишев ба 25 соли ҳабс маҳкум шуд ва аз ин ҳукм 10 соли аввалашро дар зиндони пӯшида адо хоҳад кард. Владимир Бризгалов, ки дар дарёфти силоҳ, қасди ҳамла ба афсарони пулис ва куштори ду раҳгузар нақши калидӣ дошт, ба 12 сол ва Владимир Морозов – ҷавонтарин узви ин гурӯҳи ҷиноӣ, ки ҳамагӣ 23 сол дорад, ба 7 соли зиндон маҳкум шуданд.

XS
SM
MD
LG