Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

7000 $ ҷарима - ҷазои ба артиш бурдани 26 талабаи мактаб


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи Шаҳритус ду раиси ҷамоат ва як корманди шӯъбаи маорифи ин ноҳияро бо ҷурми ба артиш фиристодани 26 хонандаи синфи 11 дар маҷмӯъ ба маблағи 7000 доллар ҷарима бастааст.

Як муҳокимаи додгоҳӣ ифшо кард, ки ба раисони шаҳру навоҳӣ ва мудирони мактабҳо дар вилояти Хатлони Тоҷикистон “нақша”-и ҷалби ҷавонон ба артиш дода шудааст ва талоши иҷрои он гоҳе бо ҷиноят тамом мешавад.

Додгoҳи ноҳияи Шаҳритус ду раиси ҷамоат ва як корманди идораи маориф ва илми ин ноҳияро дар сарбоз шудани 26 хонандаи мактаб муттаҳам кард. Абдураҳим Урунов, раиси ҷамоати деҳоти Холматов, тибқи моддаи 314 қисми дуи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне истифодаи ваколатҳои давлатӣ бархилофи манфиатҳои хидматӣ гунаҳкор ва ба пардохти 16 ҳазор сомонӣ ҷарима, ҳамкасби ӯ, раиси ҷамоати деҳоти Пахтаобод Тошмурод Нурбоев, тибқи ҳамин модда бо пардохти 14 ҳазору 600 сомонӣ ва Абдулазиз Қурбоназаров, корманди идораи маориф ва илми ноҳияи Шаҳритус, ки дар даъвати баҳории соли 2013 дар ин ноҳия масъул будааст, тибқи моддаи 314, қисми 1 ба пардохти 4 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима маҳкум гаштанд.

Тоҳир Искандарзода, раиси Додгоҳи гарнизони ҳарбии Хатлон, ки ин парвандаро дар ноҳияи Шаҳритус ба охир расондааст дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои сафарбар кардани хонандагони мактаб ба сарбозӣ алайҳи Сафар Худойдодов, комиссари низомии ноҳияи Шаҳритус низ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вале, ба гуфтаи Искандарзода, “ба хотири тағйири вазъ, изҳори пушаймонӣ ва аз вазифа барканор шудану ба мақоми пасттар рафтанаш парвандаи ӯ қатъ карда шуд.”

Тоҳир Искандарзода

Тоҳир Искандарзода

Ба иттилои манбаи расмӣ, дар ин ноҳия дар баробари ду раиси ҷамоат ва як масъули идораи маориф ва илм, инчунин, бо таъиноти додгоҳӣ алайҳи 6 нафар мудирони мактабҳо, ки бо мусоидати онҳо ҷавонон ба сарбозӣ фиристода шудаанд, парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда буд, аммо баъд аз он ки айбдоршавандагон ба гуноҳи худ иқрор ва ҳам изҳори пушаймонӣ кардаанд, парвандаи онҳо баста шудааст.

Абдураҳим Урунов, раиси ҷамоати деҳоти Холматов, ки яке аз се нафари муттаҳам дар сафарбар кардани мактаббачаҳо ба сарбозӣ мебошад, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ мегӯяд, аслан худро гунаҳкор намедонад, чун хонандагонеро, ки ба сарбозӣ бурда шудаанд, надидааст ва ба хонаашон низ нарафтааст. Ҷаноби Урунов гуфт, агар вай “тағо” медошт, гунаҳкор намешуд: “Розӣ нестам, ки ҳоло маро муҷозот мекунанд. Инҷо комиссариати ноҳия масъули кумисюни даъват буд, ки онҳо бегуноҳ ҳастанд ва комиссар ба вазифаи болотар рафт, вале мо ҷавобгар шудем.”

Абдулазиз Қурбоназаров, як нафари дигари муҷозотшуда, аз суҳбат худдорӣ намуд, аммо мусоҳибони дигари мо гуфтанд, инҷо се нафари онҳо гунаҳкор нестанд, аммо ва роҳбароне, ки дар ин кор даст доштаанд, фаромӯш шудаанд. Тошмурод Нурбоев, раиси ҷамоат, мегӯяд, бояд роҳбарияти болоии ҳукумат муҷозот мешуд, вале танҳо се нафар “узбаки сағера”-ро ҷазо додаанд. “Онҷо комиссия буд, вале касе гунаҳкор нашуд. Инҷо ҳақиқат набудааст. Мо узбакҳои бе пушту паноҳро муҷозот мекунанд, ҳамаи ҳамин бачаҳое, ки аз мактаб ба хизмат рафтанд, узбакҳо ҳастанд”,-гуфт ӯ.

Масъулони ҳукумати ноҳияи Шаҳритус аз суҳбат дар дар мавриди ин парванда худдорӣ карданд. Бархе аз онҳо ангезаи миллӣ доштани парвандаро рад мекунанд ва мегӯянд, гунаҳкорон барои он ҷазо гирифтанд, ки дар даъвати ҷавонон ба артиш ба хатоҳо роҳ доданд. Сафарбаркунии хонандагони мактаб ба хидмати ҳарбӣ зоҳиран ба хотири иҷрои нақша ва дар ҳоли ба истилоҳ “гирудор” ё “облава”-и ҷавонон рӯй додааст. Бо гузашти ду даҳсола дар Тоҷикистон ҷавонон аз рафтан ба сарбозӣ худдорӣ меварзанд. Хидмати низомии дусола дар Тоҷикистон барои ҷавонони аз 18 то 28-сола ҳатмист ва танҳо дар сурати донишҷӯ будан, доштани ду фарзанд, ноновари аслии хона будан, танҳописар ва ё бемор будан аз хидмат озод мешаванд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG