Пайвандҳои дастрасӣ

Куштор барои гузоштани акси Каъба дар Фейсбук


Сӯзонда шудани хонаи пайравони аҳмадия дар Покистон.

Сӯзонда шудани хонаи пайравони аҳмадия дар Покистон.

Тӯдаи мардум дар шаҳри Гуҷранвалаи Покистон хонаи чанд пайрави равиши Аҳмадияро сӯзонда, як зан ва ду набераи ӯро ба қатл расонд.

Нооромиҳо дар Гуҷранвалаи вилояти Панҷоби Покистон шаби 27-уми июл, баъд аз он сар шуд, ки як узви ҷамоаи аҳмадиҳои ин шаҳр ба нашри маводи тавтеаомез дар Фейсбук муттаҳам гашт.

Намояндаи полис Зишон Сидддиқӣ мегӯяд, яке аз аҳмадиён дар шабакаи иҷтимоӣ акси Каъба ё Хонаи Худо дар Маккаи Арабистони Саудиро бо тағйиру иловаҳое нашр кардааст.

Дар ҷустуҷӯи ин нафар издиҳоми хашмгини мусулмонон, ки иборат аз 150 нафар будааст, ба маҳалли зисти ӯ ҳамла оварданд ва чандин хонаро дар ин ҷо оташ заданд. Полис мегӯяд, як зан, як духтарчаи ҳафтсола ва парастори ӯ ба ҳалокат расидаанд.

Сухангӯи ҷомеаи аҳмадиҳо Салимуддин ба хабарнигори Ройтерз гуфтааст, полис зуд ба ҷои воқеа расид, аммо ба рафти он дахолате накард. Вай афзуд, ин бадтарин ҳамла ба аҳмадиҳо дар чаҳор соли охир буд. Чаҳор сол пеш дар айни чунин ҳамла 89 нафар аз аъзои равияи аҳмадия кушта шуданд.

Муҷозот ва куштори намояндагони ақаллиятҳои динӣ дар Покистон зиёд рӯй медиҳад. Онҳое, ки ба озори ҳиссиёти динии мусулмонон роҳ медиҳанд, дар тавҳин ба муқаддасот айбдор мешаванд, ки барои орн ҳукми қатл пешбинӣ мешавад.

Аҳмадия як фирқаи Исломист, ки беш аз ҳама дар Покистон густариш ёфта, пайравони он зуҳури паёмбари навро пешгӯӣ мекунанд. Ин равияро дар охири садаи 19 муллои покистонӣ Мирзо Ғулом Аҳмад бунёдгузорӣ карда, аксари уламои Исломӣ таълимоти онро рад мекунанд. Дар Покистон ҷараёни аҳмадия расман манъ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG