Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Амалиёти боздошти занони фолбин барои "гарму хунукӣ"


Мақомоти вилояти Хатлон барои боздошти фаъолияти занони “фолбин” камар бастаанд. Рӯҳониёни ин минтақа аз мардум талаб доранд, ки ба пешгӯӣ ва “гарму хунук кардан”-ҳои чунин занон бовар накунанд.

Дар пайи амалиёти муштараки мақомоти интизомӣ ва кормандони Идораи кор бо занони Хатлон фаъолияти беш аз 30 зани фолбин ё “бинак” дар Қӯрғонтеппа, ки ба “гарму хунук кардан” машғул будаанд, ошкор шуда, се нафари онҳо ба пардохти ҷарима муваззаф шудаанд. Юсуф Обидов, як корманди Раёсати умури дохилии Хатлон, гуфт, ҳадаф аз амалиёти онҳо ифшо кардани кори заноне будааст, ки аз роҳи ғайриқонунӣ ба фолбинӣ машғул будаанд. “Онҳо фиребгарӣ карда, аз мардум пул мегиранд ва занону духтаронро ба доми найранги худ мекашонанд”,-афзуд ӯ.

Мусоҳиби мо илова кард, амалиёт ба дунболи шикояти чанде аз сокинони маркази маъмурии вилояти Хатлон сурат гирифтааст. Ӯ афзуд, ин амалиёт собит кардааст, ба назди “фолбинҳо” бештар он занону духтароне мераванд, ба қавли ӯ “камсавод” ҳастанд. “Ҳатто мушаххас шуд, баъзе аз “фолбинҳо” аз шаҳру ноҳияҳои дигар ба маркази вилояти Хатлон омада, манзилеро иҷора гирифтаанду бозори худро аз ҳисоби занону духтарони ноогоҳ гарм мекунанд”,-таъкид дошт Юсуф Обидов.

Амалиёти боздошти занони фолбин ё "бинакҳо"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:53 0:00

ПАРВАНДАИ МАЪМУРӢ

Ин аст, ки ба гуфтаи Анзурат Ашӯрова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Қӯрғонтеппа, пулис алайҳи се зани “фолбин” парвандаи маъмурӣ боз карда, онҳоро барои фаъолияти ғайриқонуниашон муҷозот намудааст. Хонум Ашӯрова афзуд, ин занони “фолбин” -- Гулнисо Абдукаримова, Парчамо Иноятова ва Ойгул Қурбонова будаанд, ки ҳар кадоме ба маблағи 1 ҳазору 600 сомонӣ ё 320 доллар ҷарима супурдаанд. Худи ин “фолбинҳо” аз суҳбат бо мо худдорӣ намуданд.

Аммо Савсан ном зане, ки солҳост ба фолбинӣ машғул аст, аз роҳандозии чунин як амалиёт изҳори бехабарӣ кард. Ӯ гуфт, ҳанӯз ҳам, ба ҷуз аз рӯзҳои ҷумъа, то даҳ зану духтар муроҷиат карда ва хостори кумаку мусоидат дар баргардонидани шавҳарони муҳоҷирашон мешаванд. Савсан мегӯяд, ҳадафи ӯ танҳо кумак ба ин гуна занон аст, на ба даст овардани пулашон. “Дари ман ҳамеша ба рӯи занон боз аст, ки бештарашон ба хотири шавҳаронашон меоянд. Ман онҳоро гарм мекунам, ки шавҳаронашон каме нигоҳашон кунанд. Кам-кам ҷодубарор мекунам, агар пул надошта бошанд, талаб намекунам”,-илова кард ӯ.

ПАШМИ ШУТУР ВА ҲУКМИ ЭШОН

Холидамоҳ Юсуфова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ду бор барои хушбахт шудан ба назди як “фолбин” рафтааст. Ӯ афзуд, “фолбин” хостааст, то барояш пашми шутур ва оберо биёрад, ки бо он ҷасади мурдаро шустаанд: “Аммо ман ин чизҳои хостаи ӯро оварда натавонистам. Ӯ ҳамчунин аз ман пули зиёд хост. Баъзан 10 ё 20-сомонӣ мегиранд. Боз ҳастанд фолбинҳое, ки мегӯянд корат вазнин асту бояд 100 сомонӣ диҳӣ”.

Вуҷуди “фолбинҳо” дар шаҳри Қӯрғонтеппаро намояндагони Шӯрои уламои Маркази исломии вилояти Хатлон низ тасдиқ мекунанд. Эшони Сайидҷон Сорбонхӯҷа, раҳбари ин марказ дар Хатлон гуфт, “ҳозир дар шаҳри Қӯрғонтеппа фолбинҳо, алов(оташ)-гардонҳо ва ҷодугарҳо кам ба назар мерасад ва мо иҷоза намедиҳем, онҳо фаъолият кунанд. Гуфтем, касе ба онҳо бовар дорад, душмани миллат аст.”

Тибқи мушоҳидаҳо, “фолбинҳо” на танҳо дар Қӯрғонтеппа, балки дар дигар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар Душанбе низ фаъоланд. Ба гуфтаи муштариёни “фолбинҳо” одатан рӯзҳои чоршанбе бозори онҳо гарм мешавад ва ҳангоми фолкушоӣ аз муштариён акси мардҳо, наъли асп ва теғу сангчаҳое барои «ҷоду» талаб мекунанд. Дар ҳамин ҳол масъулони шаҳрдории Қӯрғонтеппа мегӯянд, амалиёти зидди “фолбинҳо” наворбардорӣ шуда ва ин гуна занон тариқи шабакаҳои телевиизон ба намоиш гузошта мешаванд, то аз фаъолияти “фолбину бинакҳо” ҷилавгирӣ шавад. Тибқи иттилои онҳо, дар як ҳафтаи охир даҳ амалиёт анҷом шуда ва қарор аст амалиёт алайҳи “фолбинҳо” ҳар рӯзи чоршанбе сурат гирад.

XS
SM
MD
LG