Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷасади се қурбонии сӯхтори Тюменро ба наздиконашон доданд. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Тобути се муҳоҷире, ки дар сӯхтори вилояти Тюмени Русия ҷон бохтанд, шоми 23 ноябр аз Екатеринбург ба Хуҷанд интиқол ёфта ва ба дасти наздиконашон супурда шуд. Мақомот гуфтанд, ширкати "Уральские авиалинии", ки ҳавопаймоҳояш аз Екатеринбург ба Хуҷанд парвоз анҷом медиҳад, барои дар як вақт ба Тоҷикистон овардани ҷасади ҳафт муҳоҷири тоҷик розӣ нашудааст. Тобути чор қурбонии дигари сӯхтори Тюмен рӯзҳои 24 ва 25 ноябр оварда мешаванд.

Навори видео инҷост:

Тобути се муҳоҷирро аз баромадгоҳи махсус берун оварданд ва хадамоти амнияти майдони ҳавоии Хуҷанд ба хабарнигорон имкони наворгирии қабули тобутҳоро надод.

Дар сӯхтори шаби 18 ба 19 ноябри имсол дар ҳудуди фабрикаи мурғпарварии "Абсолют Агро" ҳафт сокини вилояти Суғд, асосан аз ноҳияҳои Деваштич (Ғончии собиқ) ва Мастчоҳи Кӯҳӣ ҷон бохта, се нафари дигар дар бемористон бистарианд.

"Қобилҷон 20 сол дошт..."

Мақомот нагузоштанд, ки хабарнигорон ҷараёни қабули тобутҳоро ба навор гиранд

Мақомот нагузоштанд, ки хабарнигорон ҷараёни қабули тобутҳоро ба навор гиранд

Яке аз наздикони қурбониҳои сӯхтори Тюмен дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин навбат тобути Қобилҷон Нуров, Парвин Рӯзиев ва Файзалӣ Назаров – сокинони рустои Хишекати ноҳияи Деваштич (Ғончӣ) оварда шудааст. Барои интиқоли ин ҷасадҳо ба деҳаи Хишекат даҳҳо сокини ин русто ва умдатан мардон ба майдони ҳавоии Хуҷанд омада буданд. Яке аз пайвандони Қобилҷон Нуров, ки дар ин сӯхтор ҷон бохтааст, гуфт, "вай 20 сол дошт ва ҳоло оиладор нашуда буд. Ҳамаи ин ҷавонҳо хубу заҳматдӯст буданд ва барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия рафтанд."

Тобути се муҳоҷирро аз баромадгоҳи махсус берун оварданд ва хадамоти амнияти майдони ҳавоии Хуҷанд ба хабарнигорон имкони наворгирии қабули тобутҳоро надод. Пайвандони ҷавонони фавтида ғамгину сокит ба назар мерасиданд ва масъулон ба онҳо таъкид мекарданд, ки аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ намоянд.

Талаби Душанбе аз Маскав

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Тоҷикистон аз Русия талаб намудааст, ки бо таҳқиқи воқеъбинона ва муайян кардани сабабҳои он, гунаҳкорони ҳодисаи сӯхтор дар ҳудуди майдони сохтмонии марбут ба ширкати "Абсолют Агро"-и вилояти Тюмен, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар ёддошти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфта мешавад, чунин ҳодисаҳо бинобар набудани оддитарин шароити корӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон рух додааст ва корфармо бояд масъулият дошта бошад.

1. Ниёзов Умарҷон Мирзоазимович (1987), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)

2. Рӯзиев Парвин Мӯсоҷонович, (1988), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)

2. Шодиев Самариддин Фазлиддинович, (1989), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)

4. Миров Мирсабур Мирсаидович, (1997), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)

5. Нуров Қобилҷон Комилҷонович, (1994), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)

6. Назаров Файзалӣ (1994), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)

7. Шарифов Олимҷон Шарифович, (1997), ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ

Ҷониби Тоҷикистон талаб кардааст, ба хотири фароҳам овардани шароити дурусти корӣ аз тарафи корфармоён ва роҳ надодан ба такрори чунин ҳодисаҳо, алайҳи масъулин чораҳои маъмурӣ андешида шавад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, қурбониёни ин ҳодиса ягона ноноварони хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон буданд ва ҳеҷ гуна қавонини кишвари мизбонро нақз накардаанд.

Бори аввал нест, ки...

Бар пояи таҳқиқоти ибтидоӣ, иллати сӯхтор истифодаи нодурусти таҷҳизоти барқӣ будааст. Кумитаи тафтишоти Русия низ эълон кард, ки дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба таҳқиқи қазия идома медиҳад. ​Бар асоси рӯйхате, ки мақомоти Русия ба сафорати Тоҷикистон пешниҳод карданд, синни муҳоҷирони ҳалокшуда аз 19 то 29 гуфта шудааст. Ҳамаи онҳо коргарони ширкати "Горизонт" буда, то нимаи аввали моҳи декабри имсол ҳаққи иқомат дар Русияро доштанд.

Барои бори аввал нест, ки ҳодисаи ҳалокати муҳоҷирони корӣ дар Русия бар асари ҳодисаҳои оташсӯзӣ, рух медиҳад. Аз ҷумла рӯзи 27 августи соли ҷорӣ дар анбори чопхонае дар Маскав сӯхтор сар зад ва дар пайи он 17 нафар, аз ҷумла 14 шаҳрванди Қирғизистон ҷон бохтанд. Соли гузашта дар бораи ҳалокати муҳоҷиронии кории тоҷик дар чанд сӯхтор дар Русия хабар расида буд. Сӯхтори шаби 11 марти соли гузашта дар бузургтарин бозори шаҳри Қазон "Адмирал" боис ба ҳалокати дастикам 6 шаҳрванди Тоҷикистон шуда буд.

Маризӣ, садама, ҳамлаи қавмгароҳо...

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол дар ин кишвар беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф аз олам чашм мепӯшанд. Маризӣ, садамаҳои нақлиётӣ, фалокатҳои фаннӣ дар ҷои кор, ҳамлаҳои гурӯҳҳои қавмгаро, ихтилофи байни худи тоҷикҳо ва ҳодисаҳои ногаҳоние, чун ғарқ шудан дар кӯлу дарёҳо аз иллатҳои умдаи марги мардикорони тоҷик дар ин мулки мусофирӣ шумурда мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG