Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари сӯхтор дар каҳдони Маҳмадалӣ Қурбонов, яке аз сокинони деҳаи Осмонбикаи ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ, се кӯдак ба ҳалокат расиданд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса баъди зуҳри 31 октябр аз "беаҳамиятии волидон ва оташбозии кӯдакон" рух додааст.

Ба қавли манобеи Вазорати корҳои дохилӣ, дар ин ҳодиса ду тифли Маҳмадалӣ Қурбонов ва писари ҳамсоя, ки ҳарсеашон аз 2 то 5 сол доштаанд, ҷон додаанд. "Ин кӯдакон ба каҳдон ворид шуда ва бо гӯгирд бозӣ карданд, ки дар натиҷа алафҳо оташ гирифта ва сӯхтор ба амал омадааст", - гуфтанд дар ВКД.

Ба иттилои манбаъ, писарони соҳибхона Умарҷони Маҳмадалӣ, соли таваллудаш 2014, Сулаймони Идрис, соли таваллудаш 2011 ва писари ҳамсоя Меҳридини Ёқубҷон, соли таваллудаш 2013, дар натиҷаи сӯхтани қисми зиёди бадан, дар беморхона ҷон бохтаанд.

Давлаталӣ Атоев, сардухтури беморхонаи вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб низ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 80- 90 дарсади баданҳои Сулаймони Идрис, Меҳриддини Ёқубҷон ва Умарҷони Маҳмадалӣ сӯхта буд ва имкони наҷоти онҳо вуҷуд надошт. Ба гуфтаи сартабиби Бемористони вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб, Шаҳноза Аҳмадова -- модари ду кӯдаке, ки фарзандонаш дар ин ҳодиса ҷон бохтанд ҳини талоши наҷоти фарзандонаш ҷароҳат бардоштааст ва пас аз муолиҷа, аз бемористон мураххас шуд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон айни замон мегӯяд, ки дар ин ҳодиса 250 килограм хӯроки дурушти чорво сӯхтааст ва оташсӯзӣ бо кӯмаки 26 нафар аз мардуми деҳа хомӯш карда шуд.

Ҳодисаҳои ҳалокати кӯдакон бинобар ҳодисаҳои гуногун дар Тоҷикистон сари ҳар чанд вақт рух медиҳанд. Аз ҷумла моҳи феврали соли ҷорӣ бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт, ду сокини ноболиғи Исфара ба ҳалокат расиданд. Дар моҳи декабри соли 2014 бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт, панҷ нафар, аз ҷумла чаҳор кӯдак дар ҷамоати Симинганҷи ноҳияи Ваҳдат ҷон бохта буданд.

XS
SM
MD
LG