Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо мусоидати Додситонии кулл ва Кумитаи амволи давлатӣ, бинои пешини Иттиҳодияи рассомон дар маркази пойтахт ва бӯстонсарои он дар Варзоб танҳо пас аз як соли ҳалномаи Додгоҳи иқтисодӣ баргардонида шуд.

Фаррух Хоҷаев, раиси Иттиҳодияи рассомони Тоҷикистон рӯзи 1-уми май ба радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз баҳсу эътирозҳои ниҳодҳои давлатӣ нисбати ҳалномаи Додгоҳи олии иқтисодӣ (аз 7 майи соли 2012) дар хусуси ба Иттиҳоди рассомон баргардондани биноҳояш, Додситонии кулл ва Кумитаи амволи давлатӣ толорҳоро ба рассомон баргардонданд.

Тайи ин як соли ахир рассомон аз биноҳое, ки ҳанӯз солҳои шӯравӣ барояшон ҳукумати ҷумҳурӣ дода буд, маҳрум буданд ва фаъолияти худро танҳо дар устохонаҳои шахсӣ идома медоданд ва ҷое барои намоиши асарҳои худро надоштанд.

Фаррух Хоҷаев афзуд, ки як ҳайати Додситонии кулл ва Кумитаи амволи давлатӣ дирӯз қарори баргардондани чаҳор ошёнаи Иттиҳодияи рассомон дар хиёбони Рудакӣ, бӯстонсарои воқеъ дар Варзоб ва сохтмони намояндагии Иттиҳоди рассомон дар Хуҷандро ба ӯ таслим карданд. Вай афзуд, ки агар имрӯз таътил намебуд, онҳо расман вориди биноҳои худ мешуданд, вале ин Фаррух Хоҷаев

Фаррух Хоҷаев

корро фардо хоҳанд кард.

Раиси Иттиҳодияи рассомони тоҷик афзуд, ки қаблан Кумитаи амвол моликияти Иттиҳодияи рассомонро муфлис эълон кард ва толори ошёнаи якум то чоруми рассомон ва бӯстонсаро фурӯхта шуда буданд. Бинои рассомон дар Хуҷанд низ аз даст рафта буд.

Аз ҷумла, идораи Роҳи оҳан бӯстонсарои рассомони тоҷикро аз худ намуд.
Раиси Иттиҳодияи рассомон меафзояд, ки шояд баҳси додан ё надодани биноҳои рассомон идома меёфт, агар вай дар мулоқоти президент бо зиёиён ин масъаларо ошкор намекард. Вай мегӯяд, ки дар ин вохурӣ агар президент дастур намедод, ки биноҳои рассомон баргардонда шаванд, гумон аст, ки мақомот ба ин розӣ мешуданд.

«Тайи ин муддат толорҳои рассомон комилан холӣ буданд ва аз ҳеҷ тарафе мавриди истифода қарор надоштанд ва ба рассомон иҷозаи ворид шудан ҳам намедоданд», гуфт Хоҷаев.

Дар ҳоли ҳозир дар Итиҳодияи рассомони Тоҷикистон ҳудуди 180 тан аз ҳунарманди санъати тасвирӣ фаъолият доранд.

Радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG