Пайвандҳои дастрасӣ

Тағозода: “Дар 6 моҳ беш аз 330 ҳазор ба муҳоҷират рафтаанд”


Cумангул Тағозода.

Cумангул Тағозода.

Тибқи иттилои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 336 ҳазор шаҳрвандони кишвар ба хориҷ ҳамчун муҳоҷири корӣ сафар кардаанд.

Сумангул Тағозода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 16 июл зимни баргузории нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли 2015 беш аз 336 ҳазор шаҳрвандони кишвар ҳамчун муҳоҷири корӣ ба хориҷ рафтаанд.

Ба таъкиди хонум Тағозода, аз ҷумлаи 336 ҳазору 625 шаҳрванди кишвар, ки дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ ба муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар сафар кардаанд, беш аз 300 ҳазорашро мардон ва бақияро занон ташкил медиҳад.

Ҳамчунин Сумангул Тағозода гуфт, “дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ бештари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия муҳоҷират карда ва теъдоди онҳо дар ин муддат 331 ҳазору 253 нафар будааст. Аммо дар ин муддат 5 ҳазору 372 нафари дигар ба Қазоқистон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд.

Аммо бо ин ҳам, мақомоти вазорати меҳнат ин арқомро бо арқоми ҳамин давраи соли гузашта муқоиса накарданд. Ҳарчанд мегӯянд, мизони муҳоҷирати корӣ дар пайи мамнӯъ вуруд шудани ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия, таҳримҳо алайҳи Русия ва паёмадҳои бӯҳрони молӣ ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъкид кард, ки “дар ин муддат кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар қаламрави Русия маблағи 14 миллиону 20 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони кории тоҷикро аз тарафи корфармоён баргардониданд.

Инчунин Сумангул Тағозода афзуд, ки дар ин давра бо мусоидати намояндагӣ 15 қарори додгоҳи ноҳиявӣ бо қарори додгоҳи болоӣ бекор карда шудааст.

Константин Ромадановский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия қаблан гуфта буд, ки чаҳор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи дубораи вуруд ба Русия дода шудаанд. Аммо вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, ки тибқи маълумоти онҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 951 шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи дубораи вуруд ба Русияиро пайдо кардаанд. Вай гуфт, ки дар маҷмӯъ​ 313 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG