Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малта ба киштиҳои Русия маводи сӯхт намедиҳад


Малта гуфт, иҷозат намедиҳад, ки киштиҳои Русия бо сарварии ҳавопаймобари "Адмирал Кузнетсов" дар соҳилҳои Малта маводи сухт бигиранд. Дар ин бора вазири умури хориҷии Малта Ҷорҷ Велла ба матбуоти ин кишвар хабар додааст. Дар бораи эҳтимоли гирифтани маводи сухт дар соҳилҳои Малта пештар аз ин собиқ раҳбари ситоди нерӯҳои дарёгарди Русия Виктор Кравченко гуфта буд.

Рӯзи чаҳоршанбе кишварҳои узви НАТО Испанияро барои қарори бо маводи сӯхт таъмин кардани киштиҳои Русия дар бандари Сеута интиқод карданд. Дабири кулли паймон изҳорот дод, ки мустақар шудани ҳавопаймобари "Адмирал Кузнетсов" дар соҳилҳои шарқии баҳри Миёназамин метавонад ба афзоиши бомбаборони Ҳалаб сабаб шавад. Вазорати хориҷии Русия ин маълумотро "сафсата" хондааст.

"Адмирал Кузнетсов" ягона киштии ҳавопаймобари Русия аст, ки дар як вақт вазни даҳҳо ҳавопаймои ҷангиро мебардорад. "Адмирал Кузнетсов" ҳамроҳ бо киштии размоишии ҳаставӣ, ду киштии зидди ҳамлаҳои зериобӣ ва чаҳор киштии ёрирасон ҳаракат мекунад.

XS
SM
MD
LG