Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои як зиндагии осуда бояд дар чанд ҷой кор кард?


Мушкилоти зиндагӣ дар Тоҷикистон, тибқи омори расмӣ, шумори онҳоеро, ки якбора дар чанд ҷой кор мекунанд, ба 36 000 нафар расондааст. Аммо дар асл шумори чунин коргарони "чандбома" хеле бештар аст.

Камии маош дар баробари гаронии нархҳо дар Тоҷикистон сабаб шудааст, ки теъдоди зиёде аз сокинони ин кишвар дар чанд ҷой кор кунанд ё ҳамеша дар ҷустуҷӯи даромадҳои иловагӣ бошанд. Бино бар омори расмӣ, танҳо дар 3 моҳи соли ҷорӣ беш аз 36 ҳазор корманди идораву муассисаҳо ҳамзамон дар чанд ҷой кор кардаанд, ки аз ҳамин давраи соли гузашта 13 дар сад бештар будааст.

Акбар Субҳонов, корманди Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва падари ду фарзанд, мегӯяд, тамоми рӯзаш хеле танготанг тақсимбандӣ шудааст. Вай дар се ҷой кор мекунад ва дар баробари корҳои илмӣ ва пажӯҳишӣ бо донишгоҳ ва созмонҳои мухталиф ҳамкорӣ дорад.

Раҳбари коргоҳи аслиаш ба Акбар ин иҷозаро додааст, аммо ба шарте, ки ин ҳама ба ҷараёни кораш халал нарасонад. Бино бар ин, Акбар Субҳонов корҳои иловагиашро ҳангоми зӯҳр аз ҳисоби вақти хурокхуриаш ва ё шабонгаҳ, пас аз кори асосӣ дар хона анҷом медиҳад.

Ӯ мегӯяд: «Ҳамин тавр, дар маҷмӯъ дар як моҳ каме бештар аз 2 ҳазор сомонӣ ба даст меорам ва ин барои зиндагӣ каму беш мерасад. Аз як сӯ кори иловагӣ махсусан ҳамин дарс гуфтан дар донишгоҳ, ҷанбаҳои мусбат ҳам дорад ва ба манифати мо, чун як коргари илмӣ аст, аммо аз сӯйи дигар сарфи нерӯйи зиёди корӣ, хастагӣ ҳам эҳсос мешавад. Масалан, байни як ҳафта як рӯзе мешавад, ки аслан ба кор рафтан намехоҳӣ.»

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, ӯ танҳо ҳангоми сафарҳои корӣ ва иваз шудани муҳиташ метавонад каме истироҳат кунад, дар дигар ҳолат ҳамеша банди кор аст.

Тибқи оморҳо, бештар аз ҳама ҳоло кормандони соҳаи илм, маорифу тандурустӣ ва хизматчиҳои давлатӣ, ба қавле чандкора ҳастанд ё дар баробари кори аслии худ боз бо чанд муассисаи дигар ҳамкорӣ мекунанд. Барои намуна, шумораи онҳое, ки ду ҷои кор доранд, аз 6 ҳазор нафар бештар аст.

Аммо ин омори расмист ва дар асл ба гуфтаи таҳлилгарон теъдоди онҳое, ки бидуни огоҳ кардани ҷои кори асосии худ дар ҷойи дигар низ корӣ мекунанд шояд чанд мартаба бештар бошад. Онҳо ғолибан дар донишгоҳ, соҳаи истеҳсолоту хизматрасонӣ ва ҳатто дар вақтҳои холӣ ё давраи рухсатии худ дар сохтмон ҳам кор мекунанд.

Аҳрор Аскаров, ҷомеашиноси тоҷик, дар як замон дар чанд ҷо кор карданро як мушкили ҷиддӣ мехонад ва мегӯяд, ин пеш аз ҳама сифати кор ва натиҷаро коҳиш медиҳад: «Албатта, кор дар чунин шароит сифатро паст мекунад. Шумо якбора ду-се вазифаро иҷро мекунед ва ин ҳам таъсири психологӣ, иҷтимоӣ ва ҳам физиологӣ мерасонад. Мисол, бегоҳ меравад хона хеле хаста ҳолатҳое мешавад бо ҳамсар ҷанг мешаваду фарзандонро лату куб мекунад. Агар як таҳқиқоти комплексӣ гузаронӣ ин як проблемаи бузург аст. Ин ба дарозумрӣ ва пиршавии аҳолӣ ҳам таъсир мерасонад. Илм мушаххас кардааст, ки дарозумрии одам ба тарзи зиндагии ӯ вобастааст.»
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик
Қонунҳои Тоҷикистон кори ҳамзамон дар чанд коргоҳро манъ намекунанд. Дар онҳо омадааст, ки бо ризоияти ҷойи кори асосӣ, як нафар метавонад тавассути қарордод бо муассисаҳои дигар ҳамкорӣ кунад, аммо ба гуфтаи ҳуқуқшиносон шарти аслӣ ин аст, ки корҳои дигар бояд ба кори аслии шахс халал ворид насозад. Дар зимн хизматчиёни давлатӣ иҷозаи кор танҳо дар соҳаи маорифро доранд.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд: «Аммо дар таҷрибаи Тоҷикистон ин риоя намешавад, агар мо таҷрибаи кори академияи илмҳо ва донишгоҳҳоро бинем, баъзе олимон дар 7-8 ҷой кор мекунанд ва ин боиси он шудааст, ки на илм пеш меравад, на таълим. Ҳамин гуна ҳолатҳоро дар дигар сохторҳо ҳам мушоҳида кардан мумкин аст, ки як нафар муҳосиби як ширкат аст, аммо ҳамзамон дар дигар субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ кор мекунад, ки ин ба манфиати кор нест. Аз ин хотир кодекси меҳнат ҳам ҳолатҳои мушаххасро пешбинӣ кардааст.»

Вазъ, ба ақидаи коршиносон, замоне метавонад, тағйир кунад, ки музди кор бо арзиши «сабади истеъмолӣ» баробар гардад. Ҳоло дар Тоҷикистон барои як нафар моҳе ба ҳисоби миёна 1000 сомонӣ зарур аст, то зиндагии худро ба навъе пеш барад.
XS
SM
MD
LG