Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Буши калонӣ дар бемористон бистарӣ шуд


Ҷорҷ Буши калонӣ, дар маросими савганди президентӣ, моҳи январи соли 1989
Ҷорҷ Буши калонӣ, дар маросими савганди президентӣ, моҳи январи соли 1989

Раиси ҷумҳури собиқи Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буши калонӣ дар бемористони Хюстон бистарӣ шуд. Дар ин бораи бахши маҳаллии шабакаи телевизионии CBS Houston бо такя Ҷак Баккер, раҳбари маъмурияти президенти собиқ хабар дод.

Ӯ гуфт, ки вазъи Ҷорҷ Буши 92 сола муътадил ва "ҳама чиз хуб аст". Беккер ба шабакаи телевизионии CBS гуфт, ки Буш баъди ду-се рӯз ба хона бармегардад.

Дар бораи сабаби ба бемористон интиқол ёфтани президенти собиқ чизе гуфта намешавад.

Ҷорҷ Буш, калонсолтарин президенти дар қайди ҳаёт будаи Амрико, падари президенти собиқ, Ҷорҷ Буши хурдӣ ва волии Флорида Ҷеб Буш аст, ки мехост дар интихоботи президентии соли 2016 ҳамчун номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ иштирок кунад.

Буши калонӣ, ки мисли писаронаш намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аст, қабл аз интихобаш ба маснади президентӣ дар соли 1988, дар аҳди Роналд Реган ду мӯҳлат ноиби раиси ҷумҳур буд.

Солҳои ахир ӯ бо курсии чархдор ҳаракат мекунад. Соли 2015 Буши калонӣ бинобар шикастани устухони гарданаш, як ҳафта дар бемористон бистарӣ шуд. Соли 2014 ӯ ду дафъа, ба иллати илтиҳоби шӯш ва мушкили нафасгирӣ, ба бемористон бурда шуд.

XS
SM
MD
LG