Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи иттиллои масъулони Сарраёсати ҷазои ҷиноии вазорати адлияи Тоҷикистон, дар пайи иҷрои Қонуни афв то кунун ҳудуди 3 ҳазору 300 нафар маҳбус аз зиндонҳои ин кишвар раҳо шудааст.

Гулзора Тайгуншоева, як масъули Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи душанбеи 17 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки раванди раҳоии маҳбусон аз зиндонҳои ин кишвар бар асоси Қонуни афви ахир дар ҳоли анҷомёбист. Ба гуфтаи вай, то кунун ҳудуди 3 ҳазору 300 маҳбус аз зиндонҳо ва муассисаҳои маҳалли сукунат озод шуданд.

Хонум Тайгуншоева афзуд, қарор аст бар асоси Қонуни афви ахир ҳудуди 3 ҳазору 500 маҳбус аз зиндонҳо раҳо шаванд, ки беш аз 220 нафарашонро занон ва 140 тани дигарро ноболиғон ташкил медиҳад.

Ин масъули Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии ваазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ки бо поён ёфтани раванди раҳоии аз зиндонҳо, марҳалаи коҳиш ёфтани мӯҳлати ҷазо барои маҳбусони дар зиндон буда бар асоси Қонуни афв оғоз мегардид. Ҳарчанд ба гуфтаи Гулзора Тайгуншоева, ин раванд бо таҳияи санаду баррасии парвандаҳои маҳбусон аллакай шурӯъ гардидааст. Ба ин тартиб, ба таъкиди хонум Тайгуншоева, бар асоси Қонуни афв мӯҳлати адои ҷазои беш аз 2 ҳазор маҳбус кам хоҳад шуд.

Нахустин гурӯҳи зиндониён рӯзи 3 ноябр аз маҳбасҳои Тоҷикистон озод шуданд. Дар зиндонҳои Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 13 000 маҳбус адои ҳукм мекунанд. Парлумони Тоҷикистон рӯзи 29 октябр ба муносибати 20-солагии тасвиби Қонуни асосии кишвар қонуни афвро қабул кард, ки аз маҳбасҳо ва ҳамчунин аз таҳти тафтишу таъқиби ҷиноӣ раҳо кардани то 10 000 нафарро дар назар дорад. Ҳангоми муаррифии тарҳи ин афв дар порлумон гуфта шуд, ки ин 16-умин афв дар 23 соли истиқлоли Тоҷикистон буда, бар асоси 15 афви қаблӣ 100 000 нафар ба озодӣ расидаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG