Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷи хандаву гиря дар назди Маркази миллии тестӣ


Падару модар ва наздикон ҳангоми тамоши имтиҳонҳо дар Маркази миллии тестӣ.
Падару модар ва наздикон ҳангоми тамоши имтиҳонҳо дар Маркази миллии тестӣ.

Маркази милии тестии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, наздик ба 30 000 довталаб холҳои гузариши фанниро барои иштирок дар озмуни тақсимоти довталабон ба ихтисосҳои интихобкардаашон ба даст оварданд.

Натиҷаи имтиҳонотӣ тавассути тест, ки рӯзи ҷумъаи 1-уми август аз тариқи сомонаи маркази милии тестӣ ва телефонҳои боварии ин марказ эълон шуд, ҳазорон нафарро шод гардонд ва ҳазорони нафари дигарро андӯҳгин намуд.

Шаҳром Қурбонов, яке аз довталабони кластери 5, ки бо гирифтани 444 нумра ё балл акнун худро дар курсии донишҷӯи тасаввур мекунад, мегӯяд, омодагии дусолааш барои дохилшавӣ, ба донишгоҳ барбод нарафт. Ин ҳамсӯҳбати мо ки, эҳсоси хушҳолӣ мекард, афзуд, ки бали гузаришашро дар торнамои марказ дида ба чашми худ бовар накард ва ба Маркази миллии тестӣ омад: «Дар инҷо ҳам дидам, ки 444 бал, аз марказ гуфтанд, ки ту аллакай имкони бештари донишҷӯ шуданро пайдо кардӣ. Бовар доштам, ки агар дониш ба назар гирифта шавад донишҷӯ мешавам. Ҳарчанд дар солҳои гузашта мегуфтанд, ки донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ шудан хеле душвор ва бепул намешавад он ҷо дохил шудаву таҳсил кунӣ. Лекин имрӯз ман гузаштам.»

Аммо онҳоеро ҳам дар пушти дари маркази милии тестӣ дидан мумкин буд, ки оби чашми худро дошта наметавонистанд ва мегуфтанд, аз имтиҳонҳои тестӣ нагузаштанд. Абдураҳмон, падари яке аз чунин довталабон буд, ки гуфт, духтараш аз фанни математика холи паст гирифт ва аз ҳаққи донишҷӯӣ маҳрум шуд. «Духтарам барои он гиря мекунад, ки аз имтиҳон нагузашт. Шаш моҳ омодагӣ дида буд. Худаш мегӯяд, ки вақти имтиҳонсупорӣ кам буд ва ӯ фурсати пурра кор кардани масъалаҳои математикиро дарёб накард. Ҳоло тасмим гирифтам, ки ба комиссия апеллятсионӣ ариза нависам,» -- афзуд Абдураҳмон.

Аммо миёни ин ҳама, хурсандиву гиряҳо, садҳо довталаби дигар ҳам буданд, ки мегуфтанд, умеди сад дар сад надоранд, ки нумраҳои гирифтаи онҳо барои таҳсил дар риштаҳои мавриди назарашон кофӣ бошад ва ҳадс мезананд, ки шояд бо ин нумраҳо онҳоро барои таҳсил дар факултаҳои дигари интихобкардаашон фиристанд.

Алиҷон Маҳмудов аз довталабҳоест, ки баҳои кофӣ гирифтааст. Ӯ мегӯяд: «Имрӯз маълум шуд, ки мо имтиҳонҳоро гузаштем. Лекин дақиқ нест, ки ҳоло ман дар кадом ихтисос таҳсил мекунам. 15 август ба ҳуҷраи инфиродии худ ворид мешавам ва мебинам, ки ба кадом гуруҳ, буҷавӣ ва шартномавӣ ва ҳам кадом ихтисос шомили донишгоҳ шудам. Вале муҳим аз ҳама ин буд, ки ман бали гузаришро гузаштам. Ба ҳар ҳол як умеде дорам ки донишҷӯ хоҳам шуд».

Ҷараёни имтиҳонҳо
Ҷараёни имтиҳонҳо

Масъулони маркази миллии тестӣ мегӯянд, ба ин ё он ихтисос гузаштани довталаб, дар баробари балҳои гузариш, инчунин аз теъдоди умумии довталабони дар ихтисос сабтиномшуда вобастааст. Абдувосит Юлдошев ёвари раҳбари маркази миллии тестӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати аз миқдори ҷойҳои нақшавии ихтисос зиёд будани довталабон, тибқи тартиб дар асоси озмун дар навбати аввал довталабони дорои балли зиёдтар ба ихтисосҳои интихобкардаашон гузаронида мешаванд.

Юлдошев афзуд: «Тақсимоти довталабон аз рӯи нақша 15 август, яъне пас аз давраи апеллятсия пешбинӣ гардида, рӯйхатти довталабони тақсимшуда вобаста ба ихтисосу муассисаҳои таҳсили олии касбӣ аз тарафи марказ омода ва нашр мешавад».

Ин масъули Маркази милии тестӣ ҳамчунин гуфт дар сурати норозӣ будан аз холҳои гузошташуда, довталаб ҳақ дорад, ки дар давоми 48 соат (2 рӯз) пас аз эълони натиҷаҳо аризаи хаттии худро ба комиссияи апеллятсионии марказ пешниҳод кунад.

Зимнан дар марҳилаи бақайдгирӣ ва барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар маркази тестӣ ки довталабон аввалин бор тавассути он курсии донишҷӯиро соҳиб хоҳанд шуд, 52 ҳазору 626 нафар довлатабон сабти ном шуданд. Аммо имтиҳонҳои тестиро танҳо 45 ҳазору 909 довталаб гузаштанд, ки аз ин теъдод 29 597 нафарашон сазовори холҳои гузариш гардида, 16 ҳазору 312 нафари дигар аз ин ҳақ маҳрум шуданд.

Довталабҳо дар ҳоле барои шомил шудан ба донишгоҳҳои олӣ талош мекунанд, ки даҳҳо ҳазор хатмкардаи донишгоҳҳои Тоҷикистон ҷойи кор надоранд ва бархе аз онҳо маҷбур мешаванд на аз рӯи ихтисос, балки имконият шуғле ба даст оранд.

XS
SM
MD
LG