Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

13 соли зиндон барои то мурдан кӯфтани донишҷӯи соли якум


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

​Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе як донишҷӯи мактаби олии Кумитаи амниятро бо ҷурми бадрафторӣ нисбат ба донишҷӯён, ки сабаби марги якеи онҳо шудааст, ба 13 соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе Ниёзов Зоир Қурбонович, донишҷӯи соли сеюми мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро бо ҷурми бадрафторӣ нисбат ба дастикам ду донишҷӯи соли аввали ин мактаб, ки дар натиҷа якеи онҳо бар асари латту кӯб ҳалок шудааст, ба 13 соли зиндон маҳкум кард.

Як намояндаи додгоҳи низомии гарнизони Душанбе рӯзи 8 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи ин парванда таҳти раёсати додраси ин додгоҳ Шараф Нусрат Нарзуллозода анҷом дода шуд ва Зоир Ниёзов бар асоси банди “в”-и қисми сеюми моддаи 110-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ нисбат ба шахси баръало ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ баръало ба гунаҳкор аён аст) ба 5 соли зиндон ва барои ба ҳалокат расондани донишҷӯи дигари ҳамин мактаб ба 12 соли зиндон маҳкум шуд ва додгоҳ дар умум барои ӯ ҳамчун ҳукм 13 соли зиндони низомаш шадидро муқаррар кард. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, ҳукми додгоҳ дар поёни моҳи май содир шуда буд.

Додгоҳ ҳамин тавр, омӯзгори фанни тайёрии ҳарбии ҷисмонии мактаби Кумитаи амният Уктамҷон Сидиқбоевро дар чорчӯби ин парванда дар хунукназарӣ айбдор дониста, бар асоси моддаи 392-юми Кодекси ҷиноӣ (муносибати хунукназарона нисбат ба хидмат) нисбат ба ӯ “ҷазои маҳдуд кардани дар хидмати ҳарбӣ ба мӯҳлати 1 (як) сол бо нигоҳ доштани 15% аз таъминоти пулиаш ба фоидаи давлат”-ро таъин кардааст.

Ба гуфтаи додрас, Зоир Ниёзов рӯзи сеюми ноябри соли 2014 бо истифода аз набудани омӯзгор Сидиқбоев ҳангоми сафороии донишҷӯёни соли аввал, “бар хилофи талаботи моддаҳои 9, 13, 14 ва 23 Оинномаи хизмати дохилӣ ва моддаҳои 6, 7 ва 9-и Оинномаи интизомии Қувваҳои муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда”, ду донишҷӯи соли аввал – Домуллоев Парвиз Абдуалиевич ва Азизов Исмоил Фатҳуллоевичро пайи ҳам аз саф берун мекашад ва амр мекунад, ки “упор лёжа” биистанд. Вақте онҳо рӯи ду даст дар замин дароз кашидаанд, Зоир Ниёзов ба узвҳои ҳаётан муҳими бадани онҳо, яъне ба шикам ва қафаси синаашон чанд зарба задааст. Дар натиҷа, “ба саломатии Домуллоев П.А. зарари ҷисмонӣ расонда шудааст.”

Аммо агар Парвиз Домуллоев бо “зарари ҷисмонӣ” аз чанги Зоир Ниёзов халос хӯрда бошад, ба гуфтаи додрас Шараф Нарзуллозода, вақте “қаторӣ Азизов И. Ф. дастонашро дар замин гузошта, пойҳояшро дароз карда, "упор лёжа" истодааст, қаторӣ Ниёзов З. Қ. Бо нӯги пояш аз поён якчанд зарба ба узвҳои барои ҳаётан муҳими инсон, қисмати қафаси сина ва шиками ӯ задааст, ки дар натиҷа ба саломатии Азизов И. Ф. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонда шуда, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”

Ин қазия дар ҳоле ба дасти додгоҳ расиду бо ҳукми тӯлонии зиндони донишҷӯи соли сеюми мактаби Кумитаи амният анҷом ёфт, ки дар бораи бадрафториҳои сарбозони собиқадор нисбат ба навхидматон дар қисмҳои низомии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайваста гузоришҳо ба нашр мерасанд. Аммо ин яке аз нахустин мавридҳои ошкор шудани бадрафторӣ нисбат ба донишҷӯёни соли аввал аз сӯи як донишҷӯи синнаш болотар дар як мактаби амниятии ин кишвар аст.

Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои ниҳодҳои амниятии ин кишвар афсар омода мекунад.

XS
SM
MD
LG