Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми зиндони 13 афсари милиса барои шиканҷа ва ришва


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи Узбакистон дар поёни соли гузашта 13 афсари милисаи шаҳри Қаршии вилояти Қашқадарёро бо иттиҳомоте, чун ришвахорӣ, шиканҷа ва ҳабсҳои беасос маҳкум ба зиндон кард.

Додгоҳи ноҳияи Мубораки вилояти Қашқадарёи Узбакистон рӯзи 25 декабр ҳукми 13 афсари милисаи раёсатҳои умури дохилаи шаҳри Қарширо эълон кард. Додгоҳ раҳбари шӯъбаи кофтукоби ҷиноии милисаи Қаршӣ Акмал Қултаевро ба 11 соли зиндон, кормандони фаврӣ Ҷапсур Алимардонов ва Ҷаҳонгир Назаровро ба 10 солу 3 моҳ ва 5 афсари дигари милисаро 6-солӣ равонаи зиндон кард. 5 корманди дигари шӯъбаи кофтукоби ҷиноӣ сесолӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Додгоҳ ҳамин тавр, ду нафари мулкиро, ки ба кормандони пулис дар ҷиноятҳояшон кумак кардаанд, дувунимсолӣ ҳукми зиндон дод.

Мурофиаи ин парвандаи пурсарусадо пушти дарҳои баста гузашт, вале бино ба иттилои бадастовардаи бахши узбакии Радиои Озодӣ, афсарони дар гузашта баландпоя ва пурнуфузи милисаи Қаршӣ бар асоси 11 банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла ба маҷбур кардани афрод ба додани баёноти бардурӯғ, сӯиистифода аз мақом, тақаллуби аснод бо сӯиистифода аз ваколати хидматӣ, ришвахорӣ, ришвадиҳӣ, боздоштҳои беасос ва ташкили гурӯҳи ҷиноӣ айбдор дониста шудаанд.

Вакилони яке аз милисаҳои маҳкумшуда ба шарти набурдани номаш ба Озодӣ гуфт: “Дар моҳи сентябр як сокини ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё дар як бонки Қаршӣ аз писараш, ки дар Русия кор мекунад, 400 доллар пул гирифт. Як марде бо лақаби “Олус”, ки қаблан 4 маротиба зиндонӣ шудааст, пулгирии ин одамро дида, ӯро дар чойхонаи “Умеда” метарсонад ва пулашро кашида мегирад. Баъди шикояти ин мард маъмурони милиса “Олус”-ро дастгир карданд. Ӯ ба гуноҳаш эътироф кард, вале баъди латукӯб шуданаш аз сӯи милисаҳо, ки ба маъқади ӯ ҳатто калтаки резиниро андохтаанд.”

Ин вакил мегӯяд, дар ҷараёни мурофиа гуноҳи ҳамаи афсарони боздоштшуда, ба истиснои танҳо Ҷасур Алимардонов собит шуд. Ба гуфтаи манбаи Озодӣ, дар додгоҳ ба зидди Алимардонов ягон шоҳид баёнот надод ва касе ҳузури ӯ дар ҷараёни шиканҷаву латукӯби боздоштшудаҳоро низ тасдиқ накард, вале боз ҳам ин афсари ҳамакнун собиқро ба 10 соли 3 моҳи зиндон маҳкум карданд.

Ӯ мегӯяд, додгоҳ пурра таҳти назорати вазорати умури дохила ва додситонии кулли Узбакистон гузашт: “То ҷое мо медонем, ба ҷавобгарӣ кашондани афсарони милисаи Қаршӣ талаби Хадамоти амнияти миллии Узбакистон буд. Дар асл мавридҳои шиканҷа дар кишвари мо ба таври шаффоф тафтиш намешаванд. Хусусан ки дар ин парванда ҷабрдида як нафари алакай чор маротиба зиндонишуда буд.”

Созмонҳои байналмилалӣ ҳар сол дар гузоришҳои худ Узбакистонро дар радифи кишварҳое ном мебаранд, ки шиканҷа дар онҷо ба таври мунтазам мушоҳида мешавад. Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар соли 2007 қарореро қабул карда буд, ки дар бораи истифодаи фаровон аз шиканҷа ва бархӯрди ғайриинсонӣ нисбат ба маҳбусон дар зиндонҳои Узбакистон изҳори нигаронӣ мекард.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, шиканҷа ва бадрафторӣ дар Тоҷикистон низ ба таври фаровон мушоҳида мешавад. Ду сол пеш бо тақозои созмонҳои байналмилалӣ ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди махсуси шиканҷа низ ворид карда шуд. Вале то имрӯз бо ҷурми шиканҷа дар ин кишвар танҳо як нафар - нозири минтақавии милиса аз ноҳияи Ёвон Машраф Алиев - маҳкум ба зиндон шудааст. Дар боқии мавридҳо додгоҳҳо дар қиболи маъмурони мақомоти интизомӣ маъмулан банди берун рафтан аз ҳадди ваколатҳои хидматиро истифода мебаранд, ки ҳукмаш нисбат ба шиканҷа хеле сабуктар аст ва мавриди афв низ қарор мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG